Ҷоизаи ба номи Борбад дар Тоҷикистон насиби кӣ шуд?

© Sputnik / Амир Исаев Министерство культуры РТ. Архивное фото
Министерство культуры РТ. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон ҷоизадорони ба номи Борбад дар риштаи мусиқӣ муайян шуданд/ Ин ҷоиза дар ду сол боре барои беҳтарин асари симфонӣ, академӣ ё камеравӣ супорида мешавад

ДУШАНБЕ, 12 авг - Sputnik. Иттифоқи композиторони Тоҷикистон барои иҷрои Фармони Президенти Тоҷикистон "Дар бораи ҷоизаҳои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Иттифоқи композиторони Тоҷикистон" моҳи июни соли ҷорӣ Озмунро барои дарёфти Ҷоизаи ба номи Борбад дар соҳаи мусиқӣ эълон намуда буд.

Бино ба гузориши Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, тибқи хулосаи Комиссияи Озмун ва қарори Раёсати Иттифоқи композиторони Тоҷикистон барандагони Ҷоиза композитор, Арбоби ҳунари Тоҷикистон, профессор Ҷўрахон Обидпур ва мусиқишинос, доктори илмҳои санъатшиносӣ Фирўз Ӯлмасов дониста шуданд.

Бояд тазаккур дод, ки Ҷоизаи Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ба номи Борбад дар соҳаи мусиқӣ соли 2004 тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷоизаҳои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Иттифоқи композиторони Тоҷикистон" бо мақсади рушди минбаъдаи санъати мусиқӣ ва ҳавасмандгардонии композиторону мусиқишиносон дар роҳи офаридани асарҳои баландғояи муосир, инъикоси арзишҳои миллӣ таъсис ёфтааст.

Эълони озмуни ҷумҳуриявӣ барои таҳияи рамзи 5500-солагии Саразм

Ҷоизаи мазкур ба композиторону мусиқишиносон барои беҳтарин асарҳои академӣ, симфонӣ, камеравӣ, пажӯҳиши масоили таърихию назариявии санъати миллӣ, такомули методологии санъати касбии миллӣ, ки дар ду соли охир эҷод гардидаанд, дода мешавад.

Лентаи хабарҳо
0