Юлдуз Усманова, архивное фото

Юлдуз Усмонова дар Маскав консерт баргузор мекунад

112
(Таҷдидшуда 19:24 29.08.2019)
Интизор меравад, примадоннаи Узбакистон Юлдуз Усмонова дар шаҳри Маскав консерти ҷашнӣ баргузор намояд

ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Сарояндаи маъруфи Ҷумҳурии Узбакистон Юлдуз Усмонова рӯзи 13-уми ноябри соли ҷорӣ дар Русия бо консерти калони ҷашнӣ рӯи саҳнаи маросими Crocus City Hall ҳунарнамоӣ хоҳад кард.

Дар ин бора дар дар саҳифаи чорабинӣ дар шабакаи Facebook иттилоъ дода мешавад.

Шабнами Сурайё ва Юлдуз Усмонова шоу-консерти муштарак баргузор мекунанд

Гуфта мешавад, Юлдуз дар ин рӯз барномаи "Men seni sevaman"-ро намоиш медиҳад. 

Дар репертуари Юлдуз Усмонова, ки дар Узбакистон ӯро "Примадоннаи эстрадаи узбак" меноманд, зиёда аз 600 тарона бо забонҳои ӯзбекӣ, русӣ, туркӣ, тоҷикӣ, қирғизӣ, ӯйғурӣ, қазоқӣ, тоторӣ, форсӣ ва дигар забонҳо дохил мебошанд.

Юлдуз Гулнора Каримоваро дузд гуфт: 1 миллиарди мардум дар хориҷа

Беҳтаринҳои онҳо дар консерти оянда дар шаҳри Маскави Русия садо хоҳад дод.

Маврид ба зикр аст, ки Юлдуз Усмонова чанде қабл бо овозхони шинохтаи Тоҷикистон Шабнами Сурайё дар шаҳри Хуҷанд шоу- консерти муштарак баргузор намуданд.

Қаблан Шабнами Сурайё хабар дода буд, ки ба зудӣ суруди "Дугонагӣ", ки бо ҳамроҳии устоди санъат Юлдуз Усмонова сабт шудааст, пешниҳоди мухлисон мегардад. Ин сурудро дар соатҳои аввали нашраш дар саҳифаи Шабнами Сурайё беш аз 15 ҳазор нафар гӯш карданд.

112
Барчаспҳо:
Юлдуз Усмонова, консерт, Маскав
Жители Таджикистана встретили праздник Ид аль-Фитр или Иди Рамазон

Дар Тоҷикистон Иди Рамазон таҷлил мешавад

557
(Таҷдидшуда 13:59 24.05.2020)
Имсол ба далели паҳншавии коронавируси навъи COVID - 19 дар Тоҷикистон таҷлили оммавии Иди Рамазон манъ шуд

ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Мусулмонони Тоҷикистон имрӯз, Иди Фитр поёни моҳи мубораки Рамазонро ҷашн мегиранд.

Иди Фитр, пас аз 30 рӯзи рӯзадорӣ дар поёни моҳи мубораки Рамазон қайд карда мешавад.

Иди Фитр дар сиюмин рӯзи моҳи мубораки Рамазон пас аз ғуруби офтоб дар оғози моҳи Шаввол таҷлил мешавад.

Чун дигар идҳои мусалмонӣ Иди Рамазон рӯзи дақиқ надорад ва вобаста ба тақвими мусалмонӣ муайян карда мешавад.

Маъмулан Иди Фитр дар Тоҷикистон бо гузоштани намози ид оғоз шуда, бо идгардаки кӯдакон ва хабаргирии пайвандону дуохонӣ дар ҳақци гузаштагон идома мекунад.

Имсол ба далели паҳншавии коронавируси навъи COVID - 19 дар Тоҷикистон таҷлили оммавии Иди Рамазон манъ шуд. Ба хотири ҳифзи саломатии мардум намози ид дар хонаҳо гузошта шуд ва дари масҷид баста гардид.

Омӯзгорон муваззаф шуданд дар рӯзи ид рафтори шогирдонашонро зери назорат гиранд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишварро ба муносибати ин ҷашн табрик карда, гуфт имсол Иди Рамазон дар авҷи паҳншавии коронавирус дар Тоҷикистон рост омад ва ба хешу пайвандону хонаводаҳое, ки наздикони худро аз даст додаанд, изҳори ҳамдардӣ кард.

Бино ба додаҳои Вазорати тандурустии Тоҷикистон, то соати 18:30 дақиқаи 23 май дар Тоҷикистон 2738 нафар гирифторони коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 1223 нафар шифо ёфта, 44 кас ҷон бохтааст.

557
Барчаспҳо:
таҷлил, Иди Рамазон, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Юбилейный показ дизайнера Хуршеда Сатторова

Аз Шабнам то Нигинаю Мадина: аксияи хайриявии ситораҳои шоу-бизнес - видео

929
(Таҷдидшуда 13:33 24.05.2020)
Ситораҳои эстрадаи тоҷик дар давраи ҳамагирии коронавируси навъи COVID - 19 ва арафаи Иди Рамазон дар Тоҷикистон аксияи хайриявӣ роҳандозӣ карданд

ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Дар Тоҷикистон дар остонаи Иди Фитр нахустин аксияи хайриявии аҳли санъату фарҳанг роҳандозӣ шуда, ба 50 хонаводаи ниёзманд маводи ғизоӣ кумак расонида шуд.

Дар аксия Шабнами Сурайё, Нигина Амонқулова, Мадина Ақназарова, Хуҷастаи Мирзовалӣ, Зайнура Пулодова, Шабнами Собирӣ, ровӣ ва рӯзноманигор Мубориз Усмонов, Сабринаи Назрӣ ва ғайраҳо ширкат кардаанд.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

Аввалин челлендж (аксияи хайрияви) миёни ахли санъату фархангу сухан рохандози намудем. Ташаккур ба ташкилкунандагон : @madinaaknazarova_ @rajahmadofficial @delay_dobro_tajikistan Ин навори таргиби (реклама) ва хайп нест, танхо ба хотири водор намудани Шумо азизон дар рохи анчом додани амалхои хайр аст. Мо дар якчояги кудратмандем, ки дасти чандин маъюбону ниёзмандону беморонро бигирем. Пеш аз хама миннатдории худро ба хамаи шахсоне, ки челленчи моро дастгири карданд баён менамоем. Бо кумаку дастгирии Шумо мо тавонистем ки ба 50 оила кумак (озукавори) расонем. Ин танхо огози кори мост. Дар челленчхои оянда мо шахсонеро даъват менамоем, ки имконияти моли доранд , мувофики имконият 1, 5 ,10 сомони ба оилахое, ки дар ин давраи вазнин мухточи дастгириянд, ёрдам намоем. Биёед якдигарро дар ин рузхои сахт дастгири кунем. @nurov_a_i @rajahmadofficial @nigina_amonqulova @khujasta.m @mubor1z @zulaykhoofficial @rafaelgulov @shabnamsurayoofficial @shabnami_sobiri @sabrinai_nazri_official @umedjoni_burhon @_rukhshonakarimova_ @safinajon___8 @fatim.9595 @bonu_shop_tj @zaynura_pulodova @showshotime @pulatovagulasal @shahnozirustam.official @soffi_1111_official @delay_dobro_tajikistan

Публикация от Madina Aknazarova (@madinaaknazarova_)

"Ин навори тарғибӣ ва хайп нест, танхо ба хотири водор намудани Шумо азизон дар роҳи анҷом додани амалҳои хайр аст. Мо дар якҷоягӣ қудратмандем, ки дасти чандин маъюбону ниёзмандону беморонро бигирем. Пеш аз ҳама миннатдории худро ба ҳамаи шахсоне, ки челленҷи моро дастгирӣ карданд баён менамоем. Бо кумаку дастгирии Шумо мо тавонистем ки ба 50 оила кумак (озукавори) расонем", - гуфтаанд дар шарҳи аксия сарояндагон ва афзудаанд, ки ин оғози кор буда дар аксияҳои оянда ба ин кори хайр ашхоси доро ҷалб мешаванд.

Кумаки як миллионӣ: ба муҳоҷирони ниёзманди Маскав 37 тонна маводи ғизоӣ доданд

Аз навор дида мешавад, чӣ гуна мардуми ниёзманд аз дастгирии ситораҳо изҳори шодмонӣ мекунанд ва дар ҳаққи онҳо дасти дуо мебардоранд.

Вазорат омори нави гирифторон, шифоёфтагон ва фавтидагон аз COVID-19 -ро гуфт

Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, то соати 18:30 дақиқаи 23 май дар Тоҷикистон 2738 нафар гирифторони коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 1223 нафар шифо ёфта, 44 кас ҷон бохтааст.

929
Барчаспҳо:
кумак, кори хайр, ситораҳо, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров

Лавров дар бораи танишҳо дар марзи Тоҷикистону Қиғизистон: Русия омодаи кӯмак аст

0
(Таҷдидшуда 19:58 26.05.2020)
Вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров аз Тоҷикистону Қирғизистон даъват кардааст, ки дар марз аз истифодаи нерӯ худдорӣ кунанд

ДУШАНБЕ, 26 мая — Sputnik. Ҷониби Русия аз Тоҷикистон ва Қирғизистон даъват меорад, ки дар марз аз истифодаи силоҳ даст кашанд ва омода аст, ки ҳамчун миёнрав хизмат кунад. Дар ин боравазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров баъди нишасти вазирони умумири хориҷа дар ҷаласаи СПАД гуфтааст.

 "Ин вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, мутаассифона бори аввал нест. Мо аз шариконамон даъват меорем, ки онҳо роҳи маслиҳатомезро пеш гиранд ва ҳарчи тавонанд аз истифодаи қувва худдорӣ кунанд. Мо омодаем ҳамчун миёнрав хизмат кунем. Ҳарчи зудтар вазъият ба эътидол ояд, ҳарчи беҳтар аст. Дар ин бора имрӯз ба дӯстонамон ҳам гуфем", - таъкид кардааст Лавров.

Ёдрас мешавем, 24 май бар марзи Тоҷикистону Қирғизистон таниши навбатӣ ба миён омад. Марбонони ҳарду кишвар тир кушоданд.

Марзбонии ду давлат ҳодисаро гуногун тавзеҳ доданд.

Фаврӣ: тирандозӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар рӯзи ид

Қирғизистон сокинони Ворухро дар гузаштан ба минтақаи қирғизҳо барои чарронидани чорво муттаҳам кард, аммо ба иттилои КДАМ Тоҷикистон баръакс, чӯпонҳои қирғиз дар ҳудуди деҳаи Пули Офтобрӯяи ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара, ки бо деҳаи қирғизнишини Мойнок ҳамсарҳад мебошад, вориди қаламрави Тоҷикистон гардида, ба муноқишаи навбатӣ бо сокинони наздимарзии ҶТ даст заданд.

0