Парк в Исламабаде

Ҳунармандони тоҷик ба Покистон мераванд

104
Ин масъаларо вазири фарҳанги Тоҷикистон бо сафири тозатаъини Покистон баррасӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, имрӯз сафири фавқулодда ва мухтори  Покистон дар Тоҷикистон ҷаноби Имрон Ҳайдарро, ки ба наздикӣ таъин гардидааст, ба ҳузур пазируфт.

Бино ба гузориши Вазорати фарҳанг, зимни мулоқот ҷонибҳо дар бораи тавсеаи муносибатҳои фархангӣ дар соҳаи илм, фарҳанг, санъат ва ҳунарҳои мардумӣ сӯҳбат намудаанд.

Ҷаноби Имрон Ҳайдар иброз доштааст, ки онҳо ният доранд, дар ду соли навбатӣ барои муаррифии фарҳанги тоҷик барои мардуми Покистон ва муаррифии фарҳанги Покистон барои шаҳрвандони Тоҷикистон чорабиниҳои гуногунро ташкил намоянд.

Аз ҷумла, баргузории рӯзҳои фарҳангӣ, намоишгоҳҳои осори санъат, хӯрок ва либоси миллӣ, намоиши филмҳо тариқи шабакаҳои телевизионӣ, ба роҳ мондани таҳқиқоти илмӣ барои омӯзиши шабоҳати фарҳангу санъати ду кишвар, ташкили конфронсу анҷуманҳои муштарак намунаи чунин чорабиниҳо мебошанд.

Шамсиддин Орумбекзода гуфтааст, ки алҳол тамоми имкониятҳо барои таҳкими робитаҳои дуҷонибаи фарҳангӣ вуҷуд доранд.

"Сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлати мо сиёсати дарҳои кушод аст"- гуфтааст вазир.

Ӯ пешниҳод намудааст, ки минбаъд инчунин дар соҳаи илм, табодули таҷриба байни ҳунарпешаҳои соҳаи театр, нашри китобҳои муштарак, табъу нашр низ лоиҳаҳо пеш бурда шуда, ҷонибҳо дар чорабиниҳои байналмилалӣ, ки дар ҳам дар Тоҷикистон ва дар Покистон сурат мегиранд, фаъолона иштирок намоянд.

Манбаъ афзуда, ки мулоқот дар фазои хуши дӯстона ба вуқуъ пайвастааст.

104
Барчаспҳо:
рӯзҳои фарҳангӣ, фарҳанг, вазир, Шасиддин Орумбекзода, Покистон, Тоҷикистон
Праздник в Согдийской области

Мардуми Тоҷикистон дар Наврӯз 6 рӯз истироҳат мекунанд

1994
(Таҷдидшуда 12:27 26.02.2021)
Дар робита ба таҷлили ҷашни Иди модарон ва Наврӯз тоҷикистониён қариб нисфи моҳи мартро бо истироҳат мегузаронанд

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, сокинони кишвар моҳи март 13 рӯз истироҳат хоҳанд кард.

Ба иттилои манбаъ, санаи таҷлили Рӯзи модар, ки ҳамасола 8 март таҷлил карда мешавад соли гузашта ба рӯзи якшанбе рост омада буд ва имсол бошад ба рӯзи душанбе рост омадааст, ки истироҳат эълон шудааст.

"Сокинони кишвар дар арафаи Рӯзи модар рӯзҳои 6,7 ва 8-ум истироҳат мекунанд",- гуфт манбаъ.

Манбаъ гуфт, таҷлили Иди Наврӯз дар кишвар расман аз 21 то 24 март таҷлил мегардад, аммо имсол, ки санаи 21-уми март ба рӯзи истироҳатӣ рост меояд, 25-уми март низ дар Тоҷикистон рӯзи истироҳат аст.

“Мутобиқи меъёрҳои қонуни Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид", агар иди расмӣ бо рӯзи истироҳат – рӯзҳои шанбе ё якшанбе рост ояд, рӯзи кории дигар низ истироҳат эълон мешавад”, - гуфтанд аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон.

Бо назардошти рӯзҳои иду истироҳат шаҳрвандони кишвар имсол дар моҳи март рӯзҳои 6, 7, 8, 13, 14, 20, 21, 22, 23, 24, 25, 27 ва 28  март, дар умум 13 рӯз истироҳат мекунанд.

Ҷойҳои ҷашни Наврӯз дар Душанбе 

Ёдовар мешавем имсол дар Тоҷикистон Иди Наврӯз чун солҳои пеш бошукуҳ таҷлил намешавад. Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус танҳо таҷлили расму оин ва бозиҳои варзиширо иҷозат додааст.

1994
Абдукахор Косим избран академиком Международной академии русской литературы

Тоҷикистонӣ академики Академияи байналмилалии адабиёти Русия интихоб шуд

261
(Таҷдидшуда 13:04 25.02.2021)
Абдуқаҳҳори Қосим ният дорад, барои ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва ҳамчунин 110 - солагии солрӯзи Мирзо Турсунзода ашъори нав эъҷод кунад

ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Абдуқаҳҳори Қосим академики Академияи байналмилалии адабиёти Русия интихоб шуд, хабар медиҳад Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, Қосим бо қарори Президиуми академияи байналмилалии адабиёти Рус, ба ҳайси академики ин ташкилоти ададбӣ иетихоб гардидааст.

Манбаъ меафзояд, феълан Абдуқаҳҳори Қосим дар шаҳри Турсунзода ба сар мебарад ва ният дорад бо ашъораш дар ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва ҳамчунин дар солрӯзи Мирзо Турсунзода саҳми арзанда гузорад.

Ёдовар мешавем, ки соли 2020 шеъри "Бешаи анбӯҳи андеша"-и шоири тоҷик Абдуқаҳҳори Қосим дар "Озмуни телевизионии шеъри рӯзномаҳои ҷаҳон", ки дар шаҳри Пекини Чин баргузор гардид, таҳти унвони "Ғолибони барҷаста" соҳиби Шоҳҷоизаи озмун гардид.

Бори нахуст дар Колумбия шеъри тоҷикӣ садо дод

Инчунин дар 30-юмин солгарди Фестивали адабии байналмилалии Меделин, ки ба таври онлайн дар шаҳри Меделини Колумбия баргузор гардид ва дар он 40-умин солгарди таъсиси мукофоти алтернативии Нобел низ ҷашн гирифта шуд, бори аввал аз Тоҷикистон шоири тоҷик, журналист ва мутарҷим Абдуқаҳори Қосим иштирок намуда, бо забони тоҷикӣ шеърҳои худро қироат намуд.

261
Линии электропередач в мороз, архивное фото

Тоҷикистон содироти барқро ба Афғонистон афзоиш медиҳад

0
(Таҷдидшуда 13:45 27.02.2021)
Мақомоти Тоҷикистон бо Афғонистон ва Ӯзбекистон дар бораи ҳаҷми интиқоли нерӯи барқ ​​барои соли ҷорӣ гуфтушунид кардаанд, аммо ҳаҷми дақиқи он аз ҷараёни об ба дарёи Вахш вобаста хоҳад буд

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Тоҷикистон ба нақша гирифтааст, ки содироти нерӯи барқ ​​ба Афғонистони ҳамсояро афзоиш диҳад, хабар медиҳад бахши энержии ҷумҳурӣ.

Мақомоти Тоҷикистон бо Афғонистон ва Ӯзбекистон дар бораи ҳаҷми интиқоли нерӯи барқ ​​барои соли ҷорӣ гуфтушунид кардаанд, аммо ҳаҷми дақиқи он аз ҷараёни об ба дарёи Вахш вобаста хоҳад буд.

Дар маҷмӯъ, Тоҷикистон ба нақша гирифтааст, ки дар соли 2021 ба кишварҳои ҳамсоя беш аз 3 миллиард кВт / соат нерӯи барқ ​​содир кунад.

Аммо ниҳод таъкид кардааст, ки ҳама чиз аз ҷараёни об дар дарёи Вахш, ки иншооти асосии тавлидкунандаи кишвар дар он ҷойгир аст, вобаста хоҳад буд.

"Агар захираҳои обӣ расанд, ба кишварҳои ҳамсоя содироти беш аз 3 миллиард кВт /соат нерӯи барқ ​​имконпазир аст. Қарор аст, ки дар мавсими тобистон миқдори зиёди нерӯи барқ ​​интиқол дода шавад", - омадааст дар иттилоия.

Қайд карда мешавад, ки содироти нерӯи барқ ​​ба Ӯзбекистон ба миқдори 1,5 миллиард кВт / соат пешбинӣ шудааст.

Инчунин, ҳаҷми таъминот барои Афғонистон афзоиш хоҳад ёфт.

Бахши энержӣ афзудааст, ки арзиши ҳар киловатт энержӣ барои Афғонистон дар соли гузашта 4,5 сент буд. Имсол ин нишондод 3 дар сад афзоиш хоҳад ёфт.

Қобили зикр аст, ки соли гузашта дар маҷмӯъ 1,53 миллиард кВт / соат нерӯи барқ ​​ба маблағи беш аз 55,4 миллион доллар содир карда шуд.

Вазир гуфт, барқи қимат аз бебарқӣ арзонтар меғалтад: қарори Ҳукумат дар бораи тарофаҳо

Ин рақам нисбат ба соли 2019 тақрибан 1,4 миллиард кВт / соат камтар аст. Ин вазъ аз он сабаб ба амал омадааст, ки дар Тоҷикистон тобистони соли гузашта сатҳи обанбори Норак якбора - 17 метр коҳиш ёфт. Ҳисобкуниҳо нишон доданд, ки захира беш аз 1,5 километри мукааб кам шудааст, яъне ҳафтяки ҳаҷми обанбор.

Аз ин сабаб, истеҳсоли нерӯи барқ ​​дар ҷумҳурӣ коҳиш ёфт ва барои қонеъ кардани талаботи дохилӣ, мақомот маҷбур буданд аз содирот ба кишварҳои ҳамсоя даст кашанд.

Қаблан, ширкати энержии Афғонистон аз Барқи Тоҷик дархост карда буд, ки дар чор моҳ нархи нерӯи барқро коҳиш диҳад.

Душанбе ва Кобул дар бораи интиқоли барқ ​​20 июни соли 2008 созишнома имзо карданд.

0