Министр культуры РТ Шамсиддин Орумбекзода

Орумбекзода: мавқеъи Тоҷикистон дар арсаи сиёсати байналмилалӣ мустаҳкамтар шуд

126
(Таҷдидшуда 18:13 09.09.2019)
Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон дар номаи табрикотиаш а мардуми Тоҷикистон таъкид доштааст, ки имрӯзҳо дар кишвар сулҳи пойдор, суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва фазои озоди бунёдкориву созандагӣ муҳайё гардида

ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон мардуми Тоҷикистонро ба муносибати 28-умин солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон самимона шодбош гуфт.

Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати фарҳанг хабар додааст.

Праздничный концерт в Худжанде
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Тавре Шамсиддин Орумбекзода дар номаи табрикотиаш қайд намудааст, даврони соҳибистиқлолии кишвар марҳилаи камолоту инкишофи Тоҷикистон ба шумор меравад.

“Дар ин давра марҳилаи рушду инкишофи кишвар мушоҳида шуда, дар Ватани азизамон Ваҳдати миллӣ, сулҳи пойдору суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва фазои озоди бунёдкориву созандагӣ муҳайё гардида, дар баробари боло рафтани тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, обрӯву эътибор ва мавқеи Тоҷикистон дар арсаи сиёсати байналмилалӣ боз ҳам мустаҳкамтар гардид”, таъкид доштааст вазири фарҳанг.

Вай зикр намудааст, ки боиси ифтихору сарфарозист, ки Истиқлолияти кишвар сол ба сол таҳким меёбад.

“Дар ин рўзи, ба тамоми мардуми кишвар тансиҳативу хотирҷамъӣ, нусрати илоҳиву сарбаландӣ, иқболи баланду толеи нек ва сарбаландию комрониҳо таманно менамоям” – қайд намуд вай.

Ҳамзамон Шамсиддин Орумбекзода мавриди истифода қарор гирифтани чархаи дуюми иншооти нерӯгоҳи барқи обии Роғунро ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистони сшодбош гуфт.

126
Барчаспҳо:
номаи шодбошӣ, Роғун, табрикот, истиқлолият, Шамсиддин Орумбекзода, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
9 сентябр - рӯзи Истиқлол: 28 соли мустақилияти Тоҷикистон (49)
Казы Бишкека, муфтий Садриддин Маджитов

Даргузашти қозии зодаи Тоҷикистон дар Бишкек дар синни 48-солагӣ

977
(Таҷдидшуда 10:32 11.07.2020)
Садриддин Маҷидов, қозии шаҳри Бишкек ва яке аз руҳониёни шинохтаи Қирғизистон, ки зодаи ноҳияи Ёвони Тоҷикистон буд, даргузашт

ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Раёсати мусалмонони Қирғизистон аз даргузашти Садриддин Маҷидов, қозии шаҳри Бишкек хабар дода, муфтии кишвар Мақсад Токтомушев ба наздиконаш таслият гуфтааст.

Ба иттилои раёсати мусалмонҳои Қирғизистон, Маҷидов 22 июни соли 1972 дар деҳаи Қирғизободи ноҳияи Ёвони Тоҷикистон таваллуд шудааст.

“Ӯ хеле инсони бомасъулият, донишманд ва меҳрубон буд. Дар паҳнсозии арзишҳои аслии Ислом саҳми бузург гузошта, шогирдони зиёд тарбия кард”, - омадааст дар таслиятнома.

Манбаъ зикр кард, ки марҳум бемории қанд дошт, аммо дақиқ сабаби марг гуфта нашудааст.

Дар назар аст, ки Маҷидовро 11 июл дар ноҳияи Қадамҷой, деҳаи Орукзар ба хок супоранд.

977
Барчаспҳо:
даргузашт, беморӣ, Қирғизистон
Давлат Худоназаров советский, таджикский кинодокументалист, политик и общественный деятель. Народный артист Таджикской ССР (1989)

Худоназаров филми офаридаи Далер Имомалиро арзёбӣ кард

364
(Таҷдидшуда 23:38 08.07.2020)
Сиёсатмадор, фаъоли ҷамъиятӣ ва коргардони барҷастаи тоҷик Давлат Худоназаров ширкати филми коргардон Далер Имомалиро дар Ҷашнвораи синамои мусалмонон дар Қазон арзёбӣ кард

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Филми нави ҳуҷҷатии коргардони ҷавони тоҷик Далер Имомалӣ "Кӯчаи умед - 612" ба 16-умин Ҷашнвораи байналмилалии синамои мусалмонӣ дар Қазон, даъват шуд.

Чунин таваҷҷӯҳ ба филми Далер Имомалӣ хабари хушоянд аст, гуфт сиёсатмадор, фаъоли ҷамъиятӣ ва коргардони барҷастаи тоҷик Давлат Худоназаров.

Ӯ ёдоварӣ кард, ки соли гузашта коргардони тоҷик аллакай як филми худро дар ин ҷашнвора ба намоиш гузошта буд.

Ба фикри Давлат Худоназаров филми Далери Имомалӣ бисёр унвони зебо ва ғайриоддӣ дорад - "Кӯчаи умед - 612". 

"Қаҳрамони филм Саъдулло Раҳимов - шахсияти илмӣ, намояндаи бузурги фарҳанги тоҷик. Ӯ фаъолияти касбияшро дар шӯъбаи философияи Академияи илмҳои Тоҷикистон оғоз карда буд. Баъдтар киношинос ва мунаққид шуд. Ҳамаи даҳсолаҳо ӯ дар мавқеъи худ устувор буд. Ба муносибати шахсӣ бо он ё ин коргардон нигоҳ намекарда, ӯ доим рост ва он чиро, ки эҳсос мекард, мегуфт ", - афзуд Худоназаров дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Ӯ қайд кард, ки корҳои Раҳимов ба беҳтар шудани сифати синамои "Тоҷикфилм" таъсири мусбат кард.

Худоназаров ҳамчунин баргузории 16-умин ҷашнвораи Қазонро воқеъаи хушоянд арзёбӣ карда, гуфт аз як тараф ин ҷашнвора ҳамаи синамогарони мусалмонро якҷо ҷамъ меорад ва аз сӯи дигар барои ҳамагон кушода аст.

Дар баробари ин Худоназаров ба ин аст, ки ҷашнвора метавонад миқёси худр бо филмҳои минтақавии Русия васеътар кунад.

Ба гуфти ӯ, филмҳо аз ҳар минтақа бозгукунандаи симои ҳар минтақа шуда барои ошноӣ бо онҳо заминаи хубе хоҳанд буд.

364
Барчаспҳо:
ҷашнвораи кино, Қазон
Пожилой мужчина в кепке

Шифо ёфтани пирамарди 109 сола дар Эрон аз коронавирус

0
Пирамарди 109 - сола, ки давоми як ҳафта дар шӯъбаи эҳёгарӣ дар ҳолати вазнин қарор дошт, ахиран шифо ёфт ва аз бемористон мураххас шуд

ДУШАНБЕ, 11 июл – Sputnik. Дар Эрон пирамарди 109 солаи мубтало ба коронавирус тавонист бемориро шикаст диҳад ва беҳбуд ёбад, хабар медиҳад ИРНА.

Ба иттилои манбаъ, бемори 109 - сола ба муддати як ҳафта дар бахши муроқибатҳои вижаи бемористони Гулистони шаҳри Кирмоншоҳ бистарӣ буд ва рӯзи ҷумъа пас аз беҳбудии комил аз бемористон ҷавоб шуд.

Шавҳар кардан мехоҳем: эътирози арӯсшавандаҳо барои манъи баргузории маросими тӯй

То кунун даҳҳо бемори мубтало ба коронавирус дар Эрон бо беш аз 90 сол син бо иродаи қавӣ тавонистаанд аз ин беморӣ беҳбуд ёбанд.  

Қайд мегардад, ки то рӯзи шанбе 11 июл шумори беморони коронавирус дар Эрон ба 255 ҳазору 117 нафар расида, ки 217 ҳазору 666 нафар аз онон беҳбуд ёфта  аз бемористонҳо рухсат ёфтаанд.

0
Барчаспҳо:
сиҳатӣ, пирамард, Эрон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон