Джурабек Муродов, архивное фото

Ҷӯрабек Муродов аз хонаи Садриддин Айнӣ мардуми тоҷикро бо Рӯзи истиқлол табрик гуфт

514
(Таҷдидшуда 21:01 09.09.2019)
Ҷӯрабек Муродов Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ мардуми Тоҷикистонро ба муносибати 28-умил солгарди истиқлоли давлатӣ табрик гуфт

ДУШАНБЕ, 9 сен - Sputnik. Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ овозхони номии Тоҷикистон Ҷӯрабек Муродов мардуми Тоҷикистонро аз хонаи нависандаи барҷастаи тоҷик Садриддин Айнӣ дар Самарқанд бо рӯзи истиқлол муборакбод гуфт.

"Ассалому алейкум ҳамватанони азиз! Ман тамоми тоҷикони дунёро бо рӯзи иистиқлолият муборакбод мегӯям. Имрӯз ман дар Самарқанд ҳастам ва музей-хонаи Абдулазиз ва ҳамакнун Садриддин айниро зиёрат кардам. Агар Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ шиносномаи классики халқи тоҷик дар дунё бошад, дар замони муосир Садриддин Айнӣ шиносномаи халқи тоҷик аст", - мегӯяд ҳунарманд.

Ӯро ҳеҷ гоҳ дар Тоҷикистон фаромӯш намекунанд: набераи Айнӣ дар бораи адиб

Дар охир ду устоди ҳунар ду мисрае ҳам сароида мегӯяд "ҷои бузургон ҷаннат бошад".

Суханронии Устод Садриддин Айнӣ дар соли 1953 — сабти овозӣ

Ёдрас мешавем, ки имсол аз 28 -умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон таҷлил мекунанд.

Қарор ва изҳорот "Дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" санаи 9 сентябри соли 1991 дар иҷлосияи Шӯрои олии ҷумҳурӣ қабул шуда буд.

Пештар хабар дода будем, ки чорабиниҳои асосӣ дар Душанбе бахшида ба ҷашн шоми 9 сентябр дар маҷмааи "Наврӯзгоҳ" доир мегардад, ба сокинону меҳмонони пойтахт бо иштироки ҳунармандони шинохтаи кишвар намоиши театришуда пешкаш мешавад.

514
Барчаспҳо:
Ҷурабек Муродов, Садриддин Айнӣ, Самарқанд, Узбакистон, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
9 сентябр - рӯзи Истиқлол: 28 соли мустақилияти Тоҷикистон (49)
Казы Бишкека, муфтий Садриддин Маджитов

Даргузашти қозии зодаи Тоҷикистон дар Бишкек дар синни 48-солагӣ

987
(Таҷдидшуда 10:32 11.07.2020)
Садриддин Маҷидов, қозии шаҳри Бишкек ва яке аз руҳониёни шинохтаи Қирғизистон, ки зодаи ноҳияи Ёвони Тоҷикистон буд, даргузашт

ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Раёсати мусалмонони Қирғизистон аз даргузашти Садриддин Маҷидов, қозии шаҳри Бишкек хабар дода, муфтии кишвар Мақсад Токтомушев ба наздиконаш таслият гуфтааст.

Ба иттилои раёсати мусалмонҳои Қирғизистон, Маҷидов 22 июни соли 1972 дар деҳаи Қирғизободи ноҳияи Ёвони Тоҷикистон таваллуд шудааст.

“Ӯ хеле инсони бомасъулият, донишманд ва меҳрубон буд. Дар паҳнсозии арзишҳои аслии Ислом саҳми бузург гузошта, шогирдони зиёд тарбия кард”, - омадааст дар таслиятнома.

Манбаъ зикр кард, ки марҳум бемории қанд дошт, аммо дақиқ сабаби марг гуфта нашудааст.

Дар назар аст, ки Маҷидовро 11 июл дар ноҳияи Қадамҷой, деҳаи Орукзар ба хок супоранд.

987
Барчаспҳо:
даргузашт, беморӣ, Қирғизистон
Давлат Худоназаров советский, таджикский кинодокументалист, политик и общественный деятель. Народный артист Таджикской ССР (1989)

Худоназаров филми офаридаи Далер Имомалиро арзёбӣ кард

364
(Таҷдидшуда 23:38 08.07.2020)
Сиёсатмадор, фаъоли ҷамъиятӣ ва коргардони барҷастаи тоҷик Давлат Худоназаров ширкати филми коргардон Далер Имомалиро дар Ҷашнвораи синамои мусалмонон дар Қазон арзёбӣ кард

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Филми нави ҳуҷҷатии коргардони ҷавони тоҷик Далер Имомалӣ "Кӯчаи умед - 612" ба 16-умин Ҷашнвораи байналмилалии синамои мусалмонӣ дар Қазон, даъват шуд.

Чунин таваҷҷӯҳ ба филми Далер Имомалӣ хабари хушоянд аст, гуфт сиёсатмадор, фаъоли ҷамъиятӣ ва коргардони барҷастаи тоҷик Давлат Худоназаров.

Ӯ ёдоварӣ кард, ки соли гузашта коргардони тоҷик аллакай як филми худро дар ин ҷашнвора ба намоиш гузошта буд.

Ба фикри Давлат Худоназаров филми Далери Имомалӣ бисёр унвони зебо ва ғайриоддӣ дорад - "Кӯчаи умед - 612". 

"Қаҳрамони филм Саъдулло Раҳимов - шахсияти илмӣ, намояндаи бузурги фарҳанги тоҷик. Ӯ фаъолияти касбияшро дар шӯъбаи философияи Академияи илмҳои Тоҷикистон оғоз карда буд. Баъдтар киношинос ва мунаққид шуд. Ҳамаи даҳсолаҳо ӯ дар мавқеъи худ устувор буд. Ба муносибати шахсӣ бо он ё ин коргардон нигоҳ намекарда, ӯ доим рост ва он чиро, ки эҳсос мекард, мегуфт ", - афзуд Худоназаров дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Ӯ қайд кард, ки корҳои Раҳимов ба беҳтар шудани сифати синамои "Тоҷикфилм" таъсири мусбат кард.

Худоназаров ҳамчунин баргузории 16-умин ҷашнвораи Қазонро воқеъаи хушоянд арзёбӣ карда, гуфт аз як тараф ин ҷашнвора ҳамаи синамогарони мусалмонро якҷо ҷамъ меорад ва аз сӯи дигар барои ҳамагон кушода аст.

Дар баробари ин Худоназаров ба ин аст, ки ҷашнвора метавонад миқёси худр бо филмҳои минтақавии Русия васеътар кунад.

Ба гуфти ӯ, филмҳо аз ҳар минтақа бозгукунандаи симои ҳар минтақа шуда барои ошноӣ бо онҳо заминаи хубе хоҳанд буд.

364
Барчаспҳо:
ҷашнвораи кино, Қазон
Пожилой мужчина в кепке

Шифо ёфтани пирамарди 109 сола дар Эрон аз коронавирус

0
Пирамарди 109 - сола, ки давоми як ҳафта дар шӯъбаи эҳёгарӣ дар ҳолати вазнин қарор дошт, ахиран шифо ёфт ва аз бемористон мураххас шуд

ДУШАНБЕ, 11 июл – Sputnik. Дар Эрон пирамарди 109 солаи мубтало ба коронавирус тавонист бемориро шикаст диҳад ва беҳбуд ёбад, хабар медиҳад ИРНА.

Ба иттилои манбаъ, бемори 109 - сола ба муддати як ҳафта дар бахши муроқибатҳои вижаи бемористони Гулистони шаҳри Кирмоншоҳ бистарӣ буд ва рӯзи ҷумъа пас аз беҳбудии комил аз бемористон ҷавоб шуд.

Шавҳар кардан мехоҳем: эътирози арӯсшавандаҳо барои манъи баргузории маросими тӯй

То кунун даҳҳо бемори мубтало ба коронавирус дар Эрон бо беш аз 90 сол син бо иродаи қавӣ тавонистаанд аз ин беморӣ беҳбуд ёбанд.  

Қайд мегардад, ки то рӯзи шанбе 11 июл шумори беморони коронавирус дар Эрон ба 255 ҳазору 117 нафар расида, ки 217 ҳазору 666 нафар аз онон беҳбуд ёфта  аз бемористонҳо рухсат ёфтаанд.

0
Барчаспҳо:
сиҳатӣ, пирамард, Эрон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон