Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон

Ҳамдардии Шамсиддин Орумбекзода бо Далер Назаров

711
(Таҷдидшуда 16:34 10.09.2019)
Фарҳангиёни тоҷик бо Далер Назаров ва наздикону аҳли хонаводааш изҳори ҳамдардӣ карданд

ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо хонаводаи ҳунарманди номдори тоҷик Далер Назаров барои даргузашти модараш, изҳори таслият кардааст.

"Роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳли фарҳангу ҳунар ба ҳунарпешаи машҳури Тоҷикистон Далер Назаров нисбати даргузашти модараш изҳори ҳамдарии амиқ намуда, аз даргоҳи Худованд ба пайвандони марҳум сабри ҷамил хоҳонанд", - омадааст дар номаи таслияти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.

Ёдрас мешавем, ки модари ду ситораи фарҳанги Тоҷикистон – овозхону оҳангсоз, Далер Назаров ва коргардони шинохта, Давлат Худоназар рӯзи 8 сентябр дунёро падруд гуфт.

Нодирамоҳ Қадамшоева, дар шаҳри Душанбе як ҳафта қабл аз солгарди навбатии зодрӯзаш даргузашт.

Умр агар вафо мекард, Нодирамоҳ Қадамшоева 15-уми сентябри соли равон 97-сола мешуд.

Марҳум Қадамшоева, ҳамсари Меҳрубон Назаров, собиқ вазири фарҳанги Тоҷикистони шӯравӣ мебошад, ки ду ситораи рахшони санъат – Далер Назар ва Давлат Худоназарро ба воя расондааст. Ӯ дар рӯзе дунёро падруд гуфт, ки 60 сол қабл дар ин рӯз Далер Назаровро ба дунё оварда буд.

Аз Фейзов то вакили парлумон: пешниҳодҳо ба Ҳукумат дар арафаи 60-солагии Далер Назаров

Ҷасади марҳум дар оромгоҳи Сари Осиё ба хок супурда шуд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ афроди зиёд аз даргузашти модари Далер ва Давлат изҳори ҳамдардӣ карда, ба хонавода сабри ҷамил хостаанд.

Ҳимояти Далер Назаров аз вазир: ӯ гуфт худаш чӣ мехоҳаду чиро не

711
Барчаспҳо:
изҳори ҳамдардӣ, Шамсиддин Орумбекзода, Далер Назаров, Душанбе, Тоҷикистон