Ёдгориҳои фарҳангии тоҷикон дар осорхонаи Шарқ дар шаҳри Маскав навор

78
(Таҷдидшуда 12:59 12.09.2019)
Осорхонаи давлатии Шарқ бо осорхонаҳои миллии кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон аз рӯи шумораи ёдгориҳо метавонад рақобатпазир бошад

Яке аз толорҳои осорхонаи Шарқ ба пуррагӣ ба ёдгориҳои фарҳангии кишварҳои Осиёи Марказӣ бахшида шудааст. Қариб ҳамаи ёдгориҳо аз рӯи сарҳадҳои ҷуғрофӣ ва хусусиятҳои миллӣ ҷудо шудаанд.

Аммо дар бисёр ҳолатҳо намояндагони як миллат метавонанд як чизро бо ҳам хело наздик, вале бо хусусиятҳои хос офаранд.

Ҳамин тариқ дар фарҳанги тоҷикон чунин хусусиятҳо мақоми хос доранд ва дар ин ҳол ба осонӣ тафовуташонро пай бурдан мумкин аст.

Анъанаҳои гулдӯзии тоҷикӣ

Экспонаты в Музее востока в Москве
© Sputnik
Экспонаты в Музее востока в Москве

Анъанаҳои гулдӯзии тоҷикӣ диққати меҳмонони осорхонаро ҳамеша ба худ ҷалб мекунад.

Якум аз рамзҳои мураккаби гулдӯзиҳо бинанда дар ҳайрат мемонад, чунки ягон дастгоҳи дӯзандагӣ қудрати тайёр кардани чунин гулкориҳоро надорад. Ҳатто дӯзандаҳо дар ҳайрат мемонанд, ки чигуна ин гулкориҳо тайёр шудаанд.

Дуюм инки зебогии гулкориҳо дар матоъҳо бинандаро дар ҳайрат мегузоранд. Масалан, яке аз чунин ёдгориҳои беназир рӯйсарӣ барои арӯсон ва ё рӯйбанд дар рӯзи тӯяшон мебошад. Гулҳои ин дӯхтаҳо рамзҳои анъанаҳои славяниро ба ёд меоваранд ва бисёриҳо бовар намекунанд, ки ин зебогиҳо аз Помири Тоҷикистон ба ин ҷо оварда шудаанд. Ин аз наздик будани ҷомеаҳои ҳиндуаврупоӣ шаҳодат медиҳад.

Албатта духту дӯзӣ тоҷикиро бе ёдоварӣ аз куртаҳои занона ба мисли чакану атлас ва рамзи Осиёи Миёна – тоқиҳои гуногун наметавон ифода кард. Онҳо низ вобаста ба маҳал аз ҳам тафовут доранд ва дар Осорхонаи Шарқ дар шаҳри Маскав якчанд намунаи тоқиҳои тоҷикӣ ҷой дода шудаанд.

Кулолгарӣ

Экспонаты в Музее востока в Москве
© Sputnik
Экспонаты в Музее востока в Москве

Рамзи ғайрирасмии ҳар як халқу миллати дорои фарҳанги қадим албатта ин кулолгарӣ дар шаклҳои гуногун ба шумор меравад. Дар ҳақиқат боқимондаҳои лавозимоти рӯзгору асбобҳои аз лойи пухта сохташуда, аз рушду нумуи фарҳангу тамаддуни ҳар як миллат шаҳодат медиҳад.

Агар ба боқимондаи ёдгориҳои кулолгарони чирадасти миллати тоҷик нигарем, онҳо ҳаёти асрисангиро ба ёд меоваранд. Ин ёдгориҳо на дар асри санг балки як ё ду аср пеш сохта шудаанд, аммо танҳо техникаи сохтани онҳо ба мисли даврони асри санг ба роҳ монда шуда буд.

Кулолгарони тоҷик тавонистаанд воситаҳои кулолгарии даврони қадимро то замони муосир нигоҳ доранд. Барои сохтани ҳар гуна лавозимоти лойӣ, ягон дастгоҳи махсус ба кор намебурданд, танҳо ғалтакча (валик) ба кор бурда мешуду ба воситаи оташ лойро пухта омода мекарданд.

Дар ҳама давру замон воситаҳои рӯзгор ва воситаҳои омодасозии онҳо барои одамон махсусиятҳои худро доштанд. Худи зарфҳои омодашуда аз лой инъикосгари шакли зиндагии ҳар қавм дар ҳар давру замон мебошанд.

Бозичаҳо

Кулолгарҳо ба воситаи лойи пухта на танҳо зарфҳои рӯзгор, балки бозичаҳо низ омода мекарданд. Масалан, дар осорхонаи Шарқ маҷмуъи бозичаҳои сафолиро дидан мумкин, ки ба косиби бомаҳорат Ғафур Халилов тааллуқ доранд.

Экспонаты в Музее востока в Москве
© Sputnik
Экспонаты в Музее востока в Москве

Вай бозичаҳои сафолиро дар сурати ҳар гуна ҷонварон омода намудааст, масалан, шер, асп, аждаҳор ва ғайраҳо. Миёни бозичаҳои сафолини офаридаи ӯ "бинидароз"-е низ ҷой дорад, ки ба ягон ҷонвар монанд нест.

“Бозичаҳои сафолин бештар барои инъикоси расму русум ва барои зебогӣ омода шудаанд, на барои бозӣ”, - ба Sputnik Тоҷикистон тавзеҳ дод роҳбари шуъбаи санъати халқҳои Қафқоз, Осиёи Миёна, Сибир ва Шимоли дур Екатерина Ермакова.

Экспонаты в Музее востока в Москве
© Sputnik
Экспонаты в Музее востока в Москве

Ба гуфтаи ӯ бо чунин бозичаҳо хонаҳоро дар рӯзҳои ид ва дигар ҷашнвораҳо зебо мекарданд, масалан дар ҷашни Наврӯз.

Заргарӣ

Ҷавоҳироти заргарӣ низ дар ҳар маҳал бо хусусиятҳои хоси худ аз ҳам фарқ доштанд. Ҷавоҳироти аҳолии шаҳрнишини Бухоро ва Самарқанд аз рӯи ҷаззобат ва бо ороиши зарҳалҳои боло ва сангҳояшон аз дигар минтақаҳо фарқ доштанд.

Экспонаты в Музее востока в Москве
© Sputnik
Экспонаты в Музее востока в Москве

Дар Тоҷикистон бештар ҷавоҳироти аз нуқраи сафед омодашуда маҳбубият доштанд. Масалан занон чунин ҷавоҳиротро ба таври ҳамешагӣ ба бар мекарданд.

Ба гуфтаи санъатшинос, Екатерина Ермакова, занҳо ҳатто ҳангоми омода намудани хӯрок аз ҷавоҳирот ба бар мекарданд, дар ангуштонашон ангуштарин меандохтанд. Дасти беангуштарин ҳангоми тайёр намудани хӯрок макрӯ ҳисобида мешудааст. Новобаста аз аҷобат ин ақида то ҷое метавонад, ҳақиқати худро дошта бошад, чунки нуқра хусусияти тамизсозӣ - дезинфексияро дорад.

Ҷамъовариии ёдгориҳои мондагор

Ёдгориҳо марҳила ба марҳила  аз оғози ба истифодадиҳии осорхона – соли 1918 ҷамъоварӣ шуда истодаанд. Ҳамаи онҳо дар асоси пешниҳоди (экспедитсия) олимони Шӯравӣ ва рус дар ин ҷо ҷой дода шудаанд. Инчунин баъзеи ёдгориҳо аз тарафи ашхоси алоҳида ва ё ҳайатҳо аз Африқову Осиё пешкаш шудаанд.

Ба гуфтаи кормандони Осорхонаи Шарқ дар Маскав аз ҳамаи ёдгориҳои беназир то замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ вориди ин бино гардидаанд, махсусан дар солҳои 30-ум.

Солҳои охир ба осорхонаи Шарқ ёдгориҳои мондагор хело кам фиристода мешаванд. Ба гуфтаи Ермакова ҳамкории якҷояи бостоншиносони тоҷику рус метавонад сабаби ба осорхона ворид намудани ёдгориҳои нав ба нав гардад.

78
Барчаспҳо:
ёдгориҳо, Осорхона, Русия, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Таърихи Тоҷикистон дар харитаи Маскав (22)