Китобхона, акс аз бойгонӣ

Муаррифии китоби “Сангнавиштаҳои олимони Самарқанд” дар Душанбе

73
(Таҷдидшуда 09:04 15.09.2019)
Дар Осорхонаи миллии бостонии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифии китоби “Сангнавиштаҳои олимони Самарқанд, асрҳои X-XIV” баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Муаллифони китоби мазкур Лола Додхудоева аз Тоҷикистон, А.Муминов аз Қазоқистон, Б.М Бобоҷонов аз Узбакистон ва У.Рудолф аз Швейтсария мебошанд, хабар додааст “Ховар”.

Манбаъ афзуд, ки узви вобаста, ноиби президенти АИ ҶТ  Абдураҳмон Муҳаммад баён дошт, ки “муаррифии ин китоб воқеан як ҳамкории хеле муҳим дар соҳаи таърих ва миёни олимони тоҷик бо дигар давлатҳо мебошад. Ман умед дорам, ки сангнавиштаҳои олимони тоҷик ҳам шояд замоне ҳамин гуна китоб шаванду ифтихори тамоми олимону муҳаққиқон ва Тоҷикистону ҷаҳон  гарданд”.

Китоби мазкур бо дастгирии Ташкилоти байналмилалии ИРСИКА рӯйи чоп омадааст, ки  ки ташкилоти мазкур на танҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, балки дар тамоми дунё дар робита ба муаррифӣ намудани тамаддуни исломӣ  нақши муҳим мегузорад.

Холит Эрен, мудири кулли Маркази байналмилалии омӯзиши таърих, санъат ва фарҳанги исломӣ дар назди Созмони ҳамкории исломӣ  миннатдории худро ба тамоми ташкилкунандагони ин ҳамоиш баён дошта, таъкид намуд, ки ин гуна ҷамъомадҳо муносибат ва робитаҳои олимон ва муҳаққиқони давлатҳоро  мустаҳкам менамоянд.

Ин гуна ҳамоишҳо агар имрӯз натавонанд, фардо, албатта, натиҷаи худро дар зиндагии мардум мегузоранд, изҳзори боварӣ намуд Холит Эрен.

73
Барчаспҳо:
Академияи улуми Тоҷикистон, муаррифӣ, китоб, Самарқанд, Тоҷикистон
Народний артист Таджикистана Афзалшо Шодиев

Мақоми нави Афзалшоҳ Шодиев баъди барканорӣ аз раҳбарии Филармония ва муддате истироҳат

2830
(Таҷдидшуда 16:43 06.08.2020)
Ҳунарманди шинохтаи тоҷик, пас аз барканорияш аз раҳбарии Филармонияи давлатӣ тӯли шаш моҳ дар истироҳат буд. Қаблан гуфта буд , ки вақти холигияшро мехоҳад сарфи эҷод кунад.

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Афзалшоҳ Шодиев, ҳунарманди шинохтаи тоҷик, ки моҳи феврали соли ҷорӣ аз вазифаи раҳбарии Филармонияи давлатӣ барканор шуда буд, мақоми нав гирифт, дар ин бора бародари ӯ Набиҷон Шодиев дар сафҳаи фейсбукияш хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, ҳунарманди шинохта роҳбарии Муассисаи давлатии "Ансамбли тарона ва рақси "Сомон" таъйин шудааст.

Таъйини раиси нав дар Филармонияи давлатӣ: Афзалшоҳ Шодиев барканор шуд

Гуфта мешавад таъйини Афзалшоҳ Шодиев ба ин мақом бо фармони вазири фарханг Зулфия Давлатзода  ва пешниҳоди президент Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтааст. 

Ӯ қаблан тӯли панҷ сол Филармонияи давлатиро роҳбарӣ кард ва замони барканорияш зимни суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, рафтанаш аз ин вазифа бо розигии худаш сурат гирифтаст ва аз фаъолияташ дар ин макон хурсанд аст ва мехоҳад каме ба эҷод машғул шавад.

Гиряи кормандон барои раис: Афзалшоҳ Шодиев дар бораи барканорӣ ва нақшаҳои баъдӣ

Ӯ ҳунарманди мардумии Тоҷикистон аст ва дар моҳи феврали соли 2013 дар Русия ҷоизаи "Хиради Миллат"-ро дарёфт кардааст.

 

2830
Кинопленка, архивное фото

Филми коргардони тоҷик дар ҷашнвораи Англия намоиш дода мешавад

84
(Таҷдидшуда 14:30 06.08.2020)
Барои аввалин бор филми яке аз коргардонҳои тоҷик Комил Каримов дар ҷашнвораи филми Англия намоиш дода мешавад

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Филми кӯтоҳи "Шахсият", ки моли коргардони тоҷик Комил Каримов мебоша, ба марҳалаи ниҳоии ҷашнвораи филми Англия роҳ ёфт, хабар медиҳад Авеста.

Ромфурди Англия мизбони дуввумин ҷашнвораи филми Авросиё дар соли 2020 аст.

Кумитаи баргузоркунандаи ҷашнвораи филм умедвор аст, ки дар оянда ширкаткунандагони бештаре аз Тоҷикистонро бо корҳои фохир дар ин ҷашнвора бибинанд.

Филми "Дӯғоб"-и коргардони тоҷик дар ҷашнвораи Бишкек намоиш дода мешавад

Дар ин ҷашнвора 60 филм ба забони англисӣ дар бахшҳои филмҳои баланд, кӯтоҳ ва мусиқии филм ширкат карданд.

Илова бар ширкат кунандагони тоҷикистонӣ , намояндагони кишварҳои Қазоқистон , Италия, Финландия , Иёлоти Муттаҳида  , Белорус , Суид , Олмон, Эрон, Украина, Арманистон, Русия ва Ӯзбекистон ҳам осори худро ба ин ҷашнвора ирсол карданд.

Маросими эҳдои ҷавоиз низ 18 август дар шаҳри Ромфурд баргузор мешавад.

84
Барчаспҳо:
тоҷик, коргардон, филм, Англия
Садамаи маргборе, ки дар пайи он Баҳром Ғафурӣ ба ҳалокат расид

КҲФ низ садамаи Баҳром Ғафуриро шарҳ дод ва чанд акс аз ҷои ҳодиса нашр кард

0
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода менависад, ки агар ҳодиса соати 4:00 рух дода бошад, соати 4:18 дастаи наҷоти КҲФ ба ҷои ҳодиса сафарбар шуданд. Аммо мутаассифона ҳунармандро натавонистанд аз марг наҷот диҳанд

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. КҲФ низ садамаи мудҳишеро, ки дар пайи он овозхони номӣ Баҳром Ғафурӣ ҳалок шуд шарҳ додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, 04:16 дақиқа ба навбатдори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисон дар шаҳри Душанбе хабар расид, ки дар кўчаи  Рудакӣ  106 ноҳияи И.Сомонӣ, садамаи нақлиёти рўх додааст.

Соати 04:18 дақиқа Дастаи зудамали наҷоти Раёсат ба ҷои ҳодиса сафарбар шуд, афзудааст манбаъ.

Садамаи маргбори Баҳром Ғафурӣ
Дафтари матбуоти КҲФ
Садамаи маргбори Баҳром Ғафурӣ

Гуфта мешавад, дар натиҷа муаян карда шуд, ки ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Ланкурузер» (200)  рақами давлатиаш 1991 КК 01ТҶ, аз ўҳдаи идораи мошин набаромада, ба автомашинаи партовкаши тамғаи «Камаз»  бармехӯрад.

Бар асари ин бархурди мудҳиш як нафар мусофири он сарояндаи хушхону маъруф Баҳром Ғафурӣ ба ҳалокат расидааст. Дар ин садама ду нафари дигар: Зарипов Баҳодур ва Анварзода Ислом бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба беморхонаи Қарияи Боло интиқол дода шудаанд.

Сабаби ҳодисаи мазкур аз ҷониби кормандони шуъбаи ВКД ва БДА-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ муаяйн карда мешавад.

0