Первый московский музыкальный фестиваль “Станция Душанбинская”

Ширкати дипломатҳои хориҷӣ дар “Фестивали байналмилалии рақсу суруди миллӣ” дар Душанбе

66
(Таҷдидшуда 15:33 17.09.2019)
Дар пойтахти кишвар дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев “Фестивали байналмилалии рақсу суруди миллӣ” баргузор мегардад

ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Бахшида ба 28-умин солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон бо ташаббуси Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон 20 сентябри соли равон, дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев “Фестивали байналмилалии рақсу суруди миллӣ” баргузор мегардад.

Тавре  Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар медиҳад, дар Фестивали байналмилалӣ дастаҳои ҳунарии Тоҷикистон, намояндагиҳои дипломатии хориҷии муқими Душанбе ва доираи санъаткорону ҳунармандони як зумра кишварҳои хориҷӣ рақсу суруди миллии хешро манзур менамоянд.

Манбаъ қайд намудааст, ки ҳадаф аз баргузории фестивал – шинос намудани меҳмонони дохилию хориҷӣ бо фарҳангу маданияти миллии кишварҳо ва вусъати муносибатҳои дӯстона миёни кормандони намояндагиҳои дипломатӣ, инчунин ривоҷу равнақ бахшидан ба ҳамкории судманд миёни давлатҳои дӯсту бародар мебошад.

66
Барчаспҳо:
вазорати хориҷаи ҶТ, байналмилалӣ, дипломатҳо, ҷашнвора, фестивал, Тоҷикистон
Зрители в кинотеатре

Филми "Парвонаҳо" дар Қазон ҷоиза гирифт - видео

51
(Таҷдидшуда 18:37 02.03.2021)
Филми "Парвонаҳо"-и коргардони тоҷик дар Русия сазовори ҷоизаи Кинофестивали байналмилалии "Зилант" шуд

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Филми "Парвонаҳо" ("Мотыльки") - и коргардони ҷавон Дилшод Авазов дар шаҳри Қазони Русия сазовори ҷоизаи Кинофестивали байналмилалии "Зилант" шуд, иттилоъ додааст сомонаи расмии Кинофестивали байналмилалӣ.

Филм дар бораи духтаре қисса мекунад, ки дигарон барояш роҳу равиши зиндагиро таъйин мекунанд ва ин ба сарнавишти ӯ бетаъсир намемонад. 

Наворбардори ин филм Пайрав Шарифов будаааст.

Филми мазкур дар шаҳри Санкт-Петербург бо забони русӣ ба навор гирифта шудааст. Аммо воқеаи филм дар Тоҷикистон мегузарад.

Дар нақши асосӣ Усмон Тӯраев аз Тоҷикистон ва Анна Гуляева аз Русия бозӣ кардаанд. Кинофестивал дар шаҳри Қазон "Зиланд" ҳар сол баргузор мегардад ва аз шаҳру ноҳияҳои зиёди худи Русия иштирок мекунанд.

Ва зиёда аз 20 давлатҳои дигари дунё иштирок доштанд. Ба гуфтаи Дилшод Авазов, филмро худаш маблағгузорӣ кардааст. Филмро дар хонаи як дӯсташ ба навор гирифтааст.

51
Барчаспҳо:
КИНО, Қазон, ҷоиза, коргардон, Тоҷикистон
Книга, архивное фото

"Қонуни тиб"- и Абуалӣ ибни Сино дар Душанбе бознашр шуд

82
(Таҷдидшуда 17:12 02.03.2021)
Кормандони маркази синошиносии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии Тоҷикистон “Қонуни тиб” (китоби 5) - ро тарҷума ва бознашр намуданд, ки ҷилди 16 - уми Осори Абуалӣ ибни Синоро ташкил медиҳад

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Суннатулло Ҷонбобоев, роҳбари марказ, иттилоъ додааст, ки ҷилд бахшеро дар бар мегирад, ки дар илми тиб бо номи "Карободин" (фармакопия) машҳур аст.

"Китоб аз 3 қисм иборат мебошад. Дар қисми аввал оид ба доруҳои мураккаб сухан меравад. Дар қисми дуюм доруҳои мураккаб аз рӯи навъашон тақсим шуда, таркиб, тарзи ба вуҷуд овардан ва истифодаи дурусти онҳо нишон дода шудааст. Қисми сеюм, доруҳои мураккаби санҷидашударо фаро мегирад", -  таъкид доштааст Суннатулло Ҷонбобоев. 

Дар китоб бемориҳо, сабаб ва зиёне, ки ба бадани инсон мерасонанд, шарҳи комил ёфтаанд, - гуфт Ҷонбобоев.

Дар асар мавриди бисёр бемориҳо андешаҳои илман асоснок ҷой шудаанд, ки то имрӯз аҳамияти худро гум накардаанд. 

Кормандони марказ, ҳамчунин, бори аввал рисолаҳои "Китоб - уш – шифо",  "Ҷадал", "Хитоба", "Суфастоӣ" ва "Фанни шеър" - и  Абуалӣ ибни Синоро аз арабӣ ба забони русӣ тарҷумаву нашр намуданд.

Тарҷумаи тоҷикии онҳо рӯзҳои наздик дастраси хонандагон мегардад.

82
Барчаспҳо:
китоб, қонун, Ибни Сино, Сино, Тоҷикистон
Уничтожение наркотических средств, архивное фото

Боздошти аъзои гурӯҳи Ҳоҷӣ Икром бо 102 кило маводи мухаддир: худаш дар пайгард

0
Раёсати кофтукови ҷиноии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз ошкорсозии як гурӯҳи ҷиноӣ хабар дод, ки дар ҳудуди кишвар ба интиқолу паҳнсозии маводи мухаддир даст мезадаанд

ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, Воҳидулло Валади Мирафғони 29-солаи шаҳрванди Афғонистон ҳангоми интиқоли маводи нашъаовар дар ҳаҷми махсусан калон боздошт шуд.

Манбаъ мегӯяд, ҳангоми кофтуков аз ӯ 79 килою 974 гарм ҳашиш, 20 килою 72 гарм афъюн ва 2 килою 410 грам метаамфитамин кристал, дар умум 102 килою 984 гарам воситаҳои нашъадор дарёфту мусодира гардид.

Худи Воҳидуллоҳ зимни бозпурсӣ гуфт, бо даъвати шариконаш аз Тоҷикистон ба ин кор ҳамроҳ шудааст.

"Ҳоҷифирадвс, ки маро гуфт биё мерем Тоҷикистон ба тоҷикӣ гап мезад. Гуфтанд ҳаминҷо маводи мухаддир аст, як мошини тоҷикӣ меод ва сад доллар медиҳаду бор мекунад. Мошини тоҷикӣ омад маводи мухаддирро бор кард ва ман низ савори мошин шудам, ки пулисо доштанд",-мегӯяд шаҳрванди Афғонистон.

Агентӣ гуфт дар як сол чӣ қадар маводи мухаддир мусодира шудааст

Гуфта мешавад дар пайи кофтуков саркадаи гуруҳи ҷонӣ ва шарикони ӯро низ ошкор шудаанд.

"Муаян шуд, ки роҳбари гуруҳ Каримов Икром бо тахаллуси Ҳоҷӣ Икроми 41-сола сокини ноҳияи Ёвон мебошад ва ин маводи мухаддир бо маслиҳати ӯ ба Тоҷикистон ворид шудааст", - мегӯяд ВКД.

Ба иттилои манбаъ, дигар нафарони паҳнкунанда Шарипов Шералии 56-солам сокини Панҷ, Абдуллозода Худшед бо тахаллуси Ҷамшед сокини Ёвон, Давлатов Саиди 36-сола сокини ноҳияи Ҳамадонӣ ва Яъқуби Абдулмаҷид шаҳрванди Афғонистон мебошад.

Ин ниҳод мегӯяд, дар ҳоли ҳозир ҷор нафар боздошт шуда, саркардаи гуруҳ Ҳоҷӣ Икром ва Яъқуби Абдулмаҷид дар пайгард қарор доранд.

Боздошти афсари нерӯҳои марзбонии КДАМ бо миқдори зиёди маводи мухаддир

ВУД мегӯяд ин гуруҳ талош доштанд маводи мухаддирро дар қаламрави Тоҷикистон ба фурӯш бароранд.

Нисбат ба ҳолати мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

 

 

0