Ид дар Хуҷанд, акс аз бойгонӣ

Тақдими 3 то 8 ҳазор сомонӣ ба занони ҳунарманд дар Хуҷанд

64
(Таҷдидшуда 20:52 27.09.2019)
Шаҳрдории Хуҷанд бо мақсади дастгирии занони ҳунарманд ба 40 бонуи ҳунарманду эҷодкор гранти раиси шаҳр тақдим кардааст

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии шаҳрдори Хуҷанд, бо мақсади дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор ҳамасола грантҳои раиси шаҳр барои бонувони ҳунарманди шаҳр ироа мешавад.

“Соли ҷорӣ 40 нафар занони соҳибкор, ҳунарманд ва эҷодкор тибқи хулоса ва қарори ҳайати комиссияи грантӣ соҳиби гранти раиси шаҳр шудаанд”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, аз чумла 5 нафар дар ҳаҷми 8 ҳазор сомонӣ, 10 нафар дар ҳаҷми 5000 сомонӣ ва 25 нафар дар ҳаҷми 3000 сомонӣ грант гирифтанд.

Зимни супоридани грантҳо таъкид шудааст, ки ба хотири вусъат бахшидан ба эҳёи ҳунарҳои миллӣ соҳибкорони хушзавқи вилоят ва шаҳр аввалин шуда, ба ҷорӣ намудани қолинбофии хонагӣ, эҳёи ҳунарҳои миллии сӯзанидӯзиву адрасбофӣ иқдом намуданд.

Ҷӯрабек Муродов аз хонаи Садриддин Айнӣ мардуми тоҷикро бо Рӯзи истиқлол табрик гуфт

Дафтари матбуоти ҳукумати Суғд илова намуд, ки бо ташаббус ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва касбӣ низ эҳё ва рушди ҳунарҳои миллӣ, курсҳои махсуси ҳунаромӯзӣ, бахусус барои духтарон ба роҳ монда шудааст.

64
Барчаспҳо:
грант, соҳибкор, занон, ҳунарманд, Суғд, Тоҷикистон
На территории больницы Истиклол

Муҳаммадҷон Шодӣ аз бемористон мураххас шуд

398
(Таҷдидшуда 12:44 15.09.2020)
Муҳаммадҷон Шодӣ, ҳунарманди шинохтаи синамо ва театри тоҷик, ки ахиран бо гумони гирифторӣ бо вируси корона бистарӣ шуд, шифо ёфтааст

ДУШАНБЕ, 15 сен - Sputnik. Наздикони Муҳаммадҷон Шодӣ хабар доданд, ки ҳунарманд шифо ёфта, аз бемористон мураххас шудааст.

Ӯ ба ҳамаи мухлисон ва онҳое, ки дар рӯзҳои беморӣ дуогӯяш буданду шифои комил хостаанд, изҳори миннатдорӣ намудааст. Шодиеви 66-сола аз нимаи солҳои 80-уми асри гузашта то ҳол дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Лоҳутӣ кор мекунад.

Дар ҳамин ҳол Вазорати тандурустии Тоҷикистон, 14 сентябр хабар дод, ки тайи як шабонарӯз дар ҷумҳурӣ 39 ҳолати нави сироят ба COVID-19 ба қайд гирифта шуд.

Ин ниҳод таъкид карда буд, ки дар як шабонарӯзи охир 112 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 37 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ дар Тоҷикистон расман 9088  нафар арзёбӣ мешавад, ки 7853 нафар ё худ 86,4%-ашон шифо ёфтаанд.

398
Барчаспҳо:
театр, фарҳанг, Тоҷикистон
Книга, архивное фото

Китоби шоири тоҷик дар Эрон нашр шуд

221
(Таҷдидшуда 17:36 14.09.2020)
Интишороти Хирадгон дар Теҳрон китоби Абдуҷаббори Суруш, шоири муосири тоҷикро мунташир кард

ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Ба нақл аз сомонаи Тоҷикистон Таймз, Сафар Абдуллоҳ, донишманди тоҷики муқими Қазоқистон ва узви Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ гуфтааст, ки ин дувумин китоби ашъори Абдуҷаббори Шоҳаҳмад- мутахаллис ба Суруш мебошад, ки дар Эрон мунташир мешавад.

Қаблан маҷуъаи ашъори ин шоири тоҷик бо унвони Дарахт, Сапеда ва Ойина дар Эрон мунташир шуда буд.

Дар Тоҷикистон низ китобҳои Фарёди силсилаи хомӯшӣ, Ҷазираи танҳоӣ, Шабнами нафас, Фарёди ёдҳо, Салиби сафед ва Бишунав аз най аз ин шоири тоҷик мунташир шудааст.

Абдуҷаббори Суруш ҳамчунин китоби тафсири фарҳанги ашъори Камоли Хуҷандиро, ки шомили 17 ҳазор вожа мешавад мунташир кардааст.

Вай мегӯяд, ки барои таҳқиқи ашъори Камоли Хуҷандӣ ва интишори ин китоб 20 сол заҳмат кашидааст.

221
Барчаспҳо:
Эрон, нашр, китоб, шоир, Тоҷикистон
Детская игрушка возле дороги

Боз садама дар шоҳроҳи "Душанбе-Хуҷанд": кӯдаки худрдсол ҳалок шуд

0
(Таҷдидшуда 12:39 18.09.2020)
Бино бар иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ронанда аз ӯҳдаи идораи худрав набаромадааст, ки дар натиҷа як нафар ҳалок шудааст

ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Тавре манбаъ менависад, ҳодиса дирӯз, 17 сентябр рух додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, тақрибан соатҳои 13:30 ронандаи "Мерседе-Бенс" Бобоев Шоҳрухи 25-сола, сокини Истаравшан ангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди "Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ" дар ҳудуди деҳаи Лакати шаҳри мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадаст.

ВКД меафзояд, дар натиҷа худрави Бобоев пиёдагарди худрсоли Юсуфҷони 10-соларо, ки сокини деҳоти Зарҳалоли Истаравшан будааст, пахш намудааст.

Дар натиҷа, пиёдагарди хурдсол Ҳоҷиев Ю.Б. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат мерасад.

Аз рӯи ҳодисаҳои мазкур таҳқиқот идома дорад.

Садамаи мудҳиш дар роҳи "Душанбе-Хуҷанд": мард бо чор фарзанд ва занаш ба ҷарӣ чаппа шуд

 

0