Праздничный концерт к 28-летию Дня независимости в Душанбе

Ҳама ба базм: дар Душанбе Ҷашнвораи "Ҷилваи рангҳо" баргузор мешавад

87
(Таҷдидшуда 15:05 28.09.2019)
Имрӯз сокинони Душанберо Ҷашнвораи бузурги "Ҷилваи рангҳо" интизор аст. Дар Ҷашнвора намоиши либоси миллӣ барномаҳои фарҳангӣ ва "Корвони шодӣ" баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Имрӯз, 28 сентябри соли 2019 соати 16:00 дар майдони назди Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Ҷашнвораи ҷумҳуриявии “Ҷилваи рангҳо” баргузор мегардад.

Ҷашнвораи сол дар Душанбе чӣ гуна гузашт: беҳтарин лаҳзаҳо дар гузориши аксӣ

Бино ба гузориши манбаъ чорабинӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумат гузаронида шуда, мақсад аз баргузории он баланд бардоштани нақшу мақоми либосҳои миллӣ ва муосири кўдакон, наврасон, ҷавонон, духтарон, занон, бонувон, мардон ва риояи тарзи пўшидани онҳо дар мамлакат мебошад.

Ҷашнвораи беҳтарин либос барои хона, кор, фароғат, кӯдакон ва солхӯрдаҳо

Дар доираи ҷашнвора намоиши либосҳои миллӣ ва муосир, баргузории барномаҳои гуногун ва “Корвони шодӣ” дар назар аст.

Ҷашнвораи сол бо қарори Эмомалӣ: аз даъвати овозхон Мансур то парвози кураҳо ва нархl

Мақсад аз баргузории ҷашнвораи мазкур тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, рушди соҳаи саноати сабук, тақвияту густариш бахшидан ба истеҳсолу истифодаи анвои гуногуни либосу матоъҳои миллӣ мебошад.

87
Барчаспҳо:
суруд, рақс, Душанбе, Тоҷикистон, фестивал