Зиёфат дар чойхонаи "Роҳат": Рӯзи куҳансолон дар Душанбе чигуна таҷлил шуд - видео

© Sputnik / StringerЧайхана "Рохат", архивное фото
Чайхана Рохат, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ҳамоиш барои фаъолияти пурсамар дар самти кор бо куҳансолон як зумра кормандони сохторҳои мақомоти шаҳри Душанбе бо мукофоту  туҳфаҳои хотиравӣ қадр гардиданд

ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Имрӯз бо ташаббуси мақомоти шаҳри Душанбе  дар Театри давлатии академӣ – драмавии ба номи А. Лоҳутӣ бахшида ба  Рӯзи байналмилалии куҳансолон  таҳти унвони "Дар ҷавонӣ  хидмати модар- падар кун!"  маҳфили  фарҳангӣ баргузор гардидааст.

Тавре АМИТ "Ховар" хабар медиҳад,  маҳфили  мазкурро  муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ифтитоҳ намуда, ба иштирокдорони он номаи шодбошии раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро расондааст.

© © Sputnik / Амир ИсаевНоиби Рустами на летнем фестивале в Душанбе 17.08.2019
Зиёфат дар чойхонаи Роҳат: Рӯзи куҳансолон дар Душанбе чигуна таҷлил шуд - видео - Sputnik Тоҷикистон
Ноиби Рустами на летнем фестивале в Душанбе 17.08.2019

Муинӣ  зикр кардааст, ки  мояи  ифтихор аст, ки Ҳукумати  мамлакат  ва махсусан, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вазъи зиндагии пиронсолону барҷомондагон, нафақахӯрон ва дигар қишрҳои ниёзманди ҷомеа таваҷҷуҳи хос зоҳир менамоянд. Дар ин робита дар кишвар даҳҳо фармону қарор ва амру дастурҳои дахлдор  оид ба беҳгардонии шароити зисти ин қишри ҷомеа ба тасвиб расидаанд.

"Ҳамасола дар ҷумҳурӣ ва бахусус пойтахти  мамлакат — шаҳри Душанбе Рӯзи куҳансолон  ва дигар санаҳои ифтихории марбут ба ин табақаи соҳибэҳтироми ҷомеа ба таври васеъ таҷлил мегарданд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе низ нисбат ба ин табақаи ҷомеа эҳтироми хосса зоҳир намуда, дар таъмини ҳуқуқу озодиҳои онҳо корҳои шоиста анҷом медиҳад. Бо ибтикори роҳбарияти  мақомоти шаҳр  дар пойтахт  Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанбе ташкил карда шудааст, ки дар он шахсони бесаробону барҷомонда,  ниёзманд таҳти ҳимояти давлат ба нигоҳубин ва хизматрасониҳои алоҳида фаро гирифта шудаанд",- таъкид намудааст муовини раиси шаҳр.

Бознишастаҳо дар пахтазори Ҳисор кор мекунанд

Дар  ҷамъомад ҳамчунин гуфта шудааст, ки дар ин рӯз бо мақсади ҳифз ва пуштибонӣ аз ҳуқуқу озодиҳои шахсони  пиронсол дар шаҳри Душанбе аз ҷониби ташкилоту идораҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ конференсияву вохӯрӣ, ҷамъомаду суҳбатҳои гуногун бахшида ба нақш ва саҳми табақаи номбурда дар пешбурди ҷомеа баргузор  карда  мешаванд.

Дар ҳамоиш барои фаъолияти пурсамар дар самти кор бо куҳансолон як зумра кормандони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мукофоту  туҳфаҳои хотиравӣ қадр гардиданд.

Сипас  бахшида ба ҳаёт ва фаъолияти ибратомӯзи ин табақаи ҷомеа намоиши театрӣ  пешниҳод гардидааст.

Инчунин барномаи фароғатӣ — дастагули мусиқӣ иборат аз созу навои устодони санъат ва эҷодкорони ҷавони шаҳри Душанбе   пешниҳоди иштирокдорон гардонида шудааст.

Дар Чойхонаи машҳури пойтахт — "Роҳат" барои иштирокдорони  ин ҳамоиш дастурхони идона ороста шудааст.

Лентаи хабарҳо
0