Шабнами Сурайё - таджикская эстрадная певица, архивное фото

"Рейтинги ситора"-ҳо: аз пешсафии Шабнам то мақоми охири Валиҷон

1561
(Таҷдидшуда 17:44 05.10.2019)
Ҳафтаномаи "Ҷавонони Тоҷикистон", ки ҳар ҳафта рейтинги 10 нафар аз беҳтаринҳои касбу кори гуногунро муайян мекунад, ин навбат интихоб болои сарояндаҳои муваффақи Тоҷикистон афтод

ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Тибқи натоиҷи ҷамъбасти рейтинги 10 сарояндаи маҳбуби Тоҷикистон дар ҳафтаи ҷорӣ, сарояндаи маҳбуби тоҷик Шабнами Сурайё садрнишини ҷадвал гардид.

Ин ҳунарманди машҳури кишвар бо касби 80 хол дар садри ҷадвал қарор гирифт. Мақоми дувумро Нигина Амонқулова сарояндаи дигари маҳбуб бо гирифтани 75 хол аз они худ кард.

Суруд баъди сафирӣ: намоҳанги нави насиҳатомези Шабнами Сурайё - навор

Ба даҳгонаи беҳтарин сарояндагони ҷавони то 40 - солаи кишвар ба ҷузъ ин ду сарояндаи номӣ, ҳамчунин Садриддини Наҷмиддин, Зулайхо Маҳмадшоева, Меҳринигори Рустам, Зиёвиддин Нурзод, Фарзонаи Хуршед, Фаридуни Хуршед, Муҳаммадрафии Кароматулло ва Валиҷони Азиз шомил гардиданд.

Мақоми фахрии саввумро овозхони маъруф Садриддин Наҷмиддин бо касби 73 хол соҳиб шуд.

Шоу-консерти хайриявии Шабнами Сурайё дар Душанбе - акс

Дар феҳрасти рӯихати рейтинги овозхонҳои ҷавон, Валиҷони Азиз бо касби холи камтар (43 хол) дар мақоми охирон қарор гирифт.

Гуфта мешавад, аҳли эҷоди ҳафтаномаи "Ҷавонони Тоҷикистон" тасмим гирифтаанд, ки ҳафтаи оянда 10 нафар сарояндаи миёнсол (аз 40 боло)-ро тариқӣ овоздиҳӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ муайян намоянд.

1561
Барчаспҳо:
сароянда, рейтинг, Тоҷикистон
Министр культуры РТ Шамсиддин Орумбекзода

Мусибат дар хонаводаи Орумбекзода: ҳамдардӣ бо оилаи собиқ вазир

6162
(Таҷдидшуда 19:48 30.05.2020)
Раҳбарияти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон бо хонаводаи вазири собиқи ин ниҳод Шамсиддин Орумбекзода изҳори таслият кардааст

ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Дар хонадони вазири пешини фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода мусибат рух додааст - модари вазири собиқ даргузашт.

Дар ин робита раҳбарияти Вазорат бо хонаводаи Шамсиддин Орумбекзода изҳори таслият кардааст.

"Роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳли фарҳангу ҳунар ба собиқ вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода нисбати даргузашти модарашон ҳамдардии амиқ баён менамоянд", - омадааст дар номаи ҳамдардӣ.

Ёдрас мешавем, ки Шамсиддин Орумбекзода то соли 2020 вазири фарҳанги Тоҷикистон буд ва соли 2019 Орумбекзодаро мардуми Тоҷикистон "вазири дастрас" унвон карданд.

Ҳамин тавр, моҳи январи соли 2020, тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Орумбекзода Шамсиддин Шодибек аз вазифаи Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби ба нафақа баромаданаш озод карда шуда Давлатзода Зулфия Давлат ҷойгузини ӯ гардид.

6162
Барчаспҳо:
Вазорати тандурустӣ, изҳори ҳамдардӣ, Тоҷикистон
Парвин Юсуфи

"Ҳамааш мегузарад": Парвин Юсуфӣ ба хотири дастгирӣ аз мардум таронаи ҷадид хонд - навор

218
(Таҷдидшуда 19:09 29.05.2020)
Сарояндаи маъруфи Тоҷикистон Парвин Юсуфӣ ба хотири дастгирӣ намудани тоҷикистониён дар замони авҷи маризии коронавирус таронаи ҷадид нашр кард

ДУШАНБЕ, 29  май — Sputnik. Парвин Юсуфӣ сарояндаи маъруфи Тоҷикистон чанде пеш дар сафҳаи Фейсбукии худ таронаи навашро мунташир намуд. Ӯ ба кулли мардуми Тоҷикистон муроҷиат намуда, ҳамагонро ба сабурӣ даъват кард.

"Ҳамеша боварӣ дошта бошед ки ҳамааш мегузарад! Худованди Бузург ҳамеша нигаҳбони Шумо бошад, ва даст ба ДУО бардорем ки ин бемории марговарро Худованд нест кунад аз рӯйи замин", - навиштааст Юсуфӣ зери навори таронаи наваш.

Сарояндаи саршинос мегӯяд, дар ин лаҳзаҳои барои мардуми Тоҷикистон мушкил, тамоми ҳунармандони тоҷик бо замир ва ҳунари худ дар паҳлуи мардум мебошанд.

"Шукри Ватан! Шукри Тоҷикистон! Шукри Меҳру Муҳаббати Халки азизам! Шукри забон! Шукри зиндагӣ! Шукри Муҳаббати Худо!
218
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Афзоиши гирифторони коронавирус дар ҷаҳон: аз 6 миллион гузашт

0
(Таҷдидшуда 11:18 31.05.2020)
Теъдоди  умумии гирифторони маризии коронавирус дар ҷаҳон ба 6 миллиону 54 ҳазору 187 нафар арзёбӣ мекунад

ДУШАНБЕ, 31 мая — Sputnik. Ба гузориши охирини Донишгоҳи Ҷон Хопкинси Амрико сар аз оғози пандемия то кунан 368 711 нафар ҳалок ва 2 миллиону 562 ҳазору 191бемор шифо ёфтаанд.

Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, Амрико(1 805 745 нафар), Бразилия (498 440), Русия (396 575), Испания (239 228), Британияи Кабир (272 826), Италия (232 264), Олмон (183 234), Ҳиндустон (182 143) ва Туркия (163 103) Перу (155 671) дохил мешаванд.

Аз ҳама бештар беморон дар Амрико (390 404 нафар), Бразилия (200 892), Испания (150 376), Олмон(164 829), Русия (167 469), Италия (155 633), Туркия (126 984), Эрон (116 827), Чин (78 291) ва Ҳиндустон (86 984) шифо ёфтаанд.

Ба қатори давлатҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди ҳолатҳои фавт ба қайд гирифта шудааст, Амрико (105 59), Британияи Кабир (38 376), Италия (33 340), Фаронса (28 77), Испания (27 125), Бразилия (28 834), Белгия (9 453), Мексика (9 779), Олмон (8 600) ва Эрон (7 734) шомил мебошанд.

Вазорати тандурустӣ аз тадриҷан кам шудани коронавирус дар Тоҷикистон хабар дод

Дар Тоҷикистон аз бурузи маризии коронавирус ба таври расмӣ 30 - юми апрел хабар доданд.

Теъдоди гирифторон ба ин маризӣ дар кишвар ба 3807 нафар расида, 1865 нафар шифо ёфтаанд. Ҳамзамон бар асари ин маризӣ дар кишвар 47 нафар ҷон бохтанд.

0