Раскопки Саразма в пригороде Пенджикента

Раҳмон рамзи ҷашни 5500 солагии шаҳри Саразмро тасдиқ намуд

270
(Таҷдидшуда 16:34 11.10.2019)
Рамзи 5500-солагии Саразми бостонӣ доирашакл мебошад ва дар он нишонаҳои кишоварзӣ, ҳунармандӣ, шаҳрдорӣ ва шаҳрсозӣ будани Саразм ишора шуда, дар ду тарафи он номи "Саразм" бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ ҷой гардида, дар поёни он «5500» бо рақам нишон дода шудааст

ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Дар асоси пешниҳоди  Қоҳир Расулзода Раиси кумитаи тадорукот оид ба ҷашни 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ, раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рамзи ҷашнии ин чорабиниро интихоб карданд.

Символа празднования 5500-летия древнего города Саразм
Символа празднования 5500-летия древнего города Саразм

Бар хабари котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон, рамзи мазкур аз ҷониби иттифоқҳои рассомон ва дизайнерон омода гардида, бо иштироки мутахассисони Академияи илмҳо ва Вазорати фарҳанг дар бахши ёрдамчии раисҷумҳури Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Мулоқоти Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон бо Одри Азуле, мудири кулли ЮНЕСКО дар Ню-Йорк
сомонаи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон

Рамзи 5500-солагии Саразми бостонӣ доирашакл мебошад ва дар он нишонаҳои кишоварзӣ, ҳунармандӣ, шаҳрдорӣ ва шаҳрсозӣ будани Саразм ишора шуда, дар ду тарафи он номи "Саразм" бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ ҷой гардида, дар поёни он "5500" бо рақам нишон дода шудааст.

Бозёфти тиллоии дувоздаҳгӯша, ки маҳсули ҷустуҷӯҳои охир дар Саразм мебошад, дар маркази рамз қарор дорад. Дар миёнаи ин бозёфти дувоздаҳбурҷа деворҳои қадимаи Саразм, ки аз гил сохта шудаанд, насб гардидааст.

Пас аз дастури Раҳмон: Аҳмадзода Суғдро барои таҷлили 5500-солагии Саразм омода мекунад

Худи ин бозёфти тиллоии дувоздаҳбурҷа, рамзи Хуршед, Офтоб ва Меҳрро ифода менамояд. Ҳалқаи гирди сабз ишора ба осмони кабуду беғубор буда, фазои осоиштаву сулҳу суботро таҷассум месозад.

Дувоздаҳ бурҷи ин бозёфт агар таъкид ба дувоздаҳ бурҷи фалак ва ё дувоздаҳ моҳи сол бошад, ба шакли секунҷа овардани он рамзи нурҳои хуршеди ҳаётбахш аст.

Тадқиқоти бардавоми бостоншиносони ҷаҳон дар ёдгории Саразм собит сохтааст, ки яке аз оинҳои ориёиён, аз ҷумла аҳли Саразм эътиқод ба Хуршед-Офтоб-Меҳр будааст.

Ишора ва аломатҳои дигари ин рамз баёнгари  бостонию таърихӣ будани Саразм буда, аз шуҳрати Тоҷикистони соҳибистиқлол дарак медиҳад.

270
Барчаспҳо:
рамз, Эмомалӣ Раҳмон, Саразм