ЮНЕСКО

Сипосномаи ЮНЕСКО аз Зевар Давлатзода

149
(Таҷдидшуда 15:11 12.10.2019)
Дафтари минтақавии ЮНЕСКО дар Алмато ба номи муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон Зевар Давлатзода, барои нақши бориз доштанаш дар ҳамкории ЮНЕСКО ва Тоҷикистон номаи сипос равон кардааст

ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати фарҳанги Тоҷикистон, ахиран хонум Криста Пиккат, роҳбари Дафтари минтақавии ЮНЕСКО дар Алмато,   ба номи муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон Зевар Давлатзода номаи сипос равон карда шудааст.

Дар матни Криста Пиккат аз муовини вазири фарҳанг Зевар Давлатзода барои нақши бориз дар ҳамкории ЮНЕСКО ва Тоҷикистон, хусусан дар доираи лоиҳаи муштараки ЮНЕСКО ва Иттиҳоди Аврупо “Долонҳои мероси Роҳи абрешим дар Афғонистон, Осиёи Марказӣ ва Эрон”, инчунин барои дастгирии доимии барномаҳои ЮНЕСКО доирд ба фарҳанг дар Тоҷикистон изҳори сипос намудааст.

Инчунин намояндаи ЮНЕСКО аз сатҳи баланди ташкилӣ ва мазмуну мундариҷаи семинари миллӣ дар мавзӯи “Коркард ва пуррасозии нақшаи идоракунии ёдгориҳои ба Феҳристи Мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО воридшуда ва ёдгориҳои таърихию фарҳангии ба Рӯйхати қаблӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда”, ки аз 1 то 4 октябри соли 2019 дар вилояти Суғд баргузор гардида буд, қайд намудааст.

“Ба шарофати дастгирӣ ва иштироки шахсии Шумо ба мо муяссар гардид, ки намояндагони ҳукуматҳои маҳаллӣ ва мутахассисони соҳаи бостоншиносӣ ва таърихро ҷамъ карда, ба онҳо малакаи омода намудани нақшаи идоракунии ёдгориҳо ва таҳияи ҳуҷҷатҳо барои пешниҳод ба Феҳристи Мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО-ро омӯзонем” – таъкид намудааст Криста Пиккат, роҳбари Дафтари минтақавии ЮНЕСКО дар Алмато.

149
Барчаспҳо:
сипоснома, нома, Зевар Давлатзода, ЮНЕСКО, Тоҷикистон