Рейтинги овозхонҳо: Далер Назаров маҳбубтарин овозхон дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад

© Facebook / Daler Nazarov studioДалер Назаров, архивное фото
Далер Назаров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тибқи як назарсанҷие, ки ҳафтаномаи "Ҷавонони Тоҷикистон" ба анҷом расонд, маълум гардид, ки маҳбубтарин овозхон миёни шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамоно Далер Назаров боқӣ мемонад

ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik.  Ҳафтаномаи "Тоҷикистон", назарсанҷияшро дар мавриди рейтинги 10 овозхони шинохтаи тоҷик, ки синни соли онҳо аз 40 боло мебошад, ҷамъбаст намуд.

Шабнами Сурайё - таджикская эстрадная певица, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
"Рейтинги ситора"-ҳо: аз пешсафии Шабнам то мақоми охири Валиҷон

Бар тибқи натиҷаи ин назарсанҷӣ, овозхони маъруфи кишвар Далер Назаров бо касби 61 хол садрнишини ҷадват аст.

Сарояндаи лаҳистонӣ бо иҷрои суруди Далер Назаров мардумро ба ваҷд овард

Ба даҳгонаи беҳтарин овозхонҳои миёнасоли Тоҷикистон Афзалшоҳ Шодиев, Сурайё Қосимова, Давлатманд Холов, Зафар Аюбӣ, Чидахон Холов, Сангалӣ Мирзоев, Саидқул Билолов ва Парда Қосим шомил гардиданд.

Бояд гуфт, ки овозхони саршиноси Тоҷикистон Афзалшоҳ Шодиев бо касби 51 хол дар мақоми саввум, аммо ҳунарманди дигари Тоҷикистон Парда Қосим дар феҳрасти охирини ҷадват қарор гирифт.

Муъҷиза: Чоршанбе Аловатов бо суруди Далер Назаров доваронро шигифтзада кард - видео

Ёдовар мешавем, ки ҳафтаи гузашта тибқи назарсанҷии ҳафтаномаи мазкур, беҳтарин овозхонҳои ҷавон муайян гардиданд, ки Шабнами Сурайё бо гирифтани холи бештар ҳамаро гол зада, садрнишини ҷадвал шуд.

Овоздиҳӣ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ сурат мегирад ва як овоз бар ҷонибдории ин ё он санъаткор як хол ҳисоб карда мешавад.

Лентаи хабарҳо
0