Вечер персидской поэзии

Баргузории шаби шеъри форсӣ дар кохи китоби Маскав

83
Бо ташаббуси Ройзании фарҳангии Эрон ва Ассотсиатсияи фарҳангӣ-адабии “Хайём” дар шаҳри Маскав шабнишинии шеъри форсӣ баргузор гардид, ки дар он ба ҷуз намояндагони 3 кишвари ҳамзабон дигарон ҳам ширкат варзиданд  

ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Дирӯз, 16 октябр бо кӯшишу эҳтимоми Ройзании фарҳангии Эрон ва Ассотсиатсияи фарҳангӣ-адабии “Хайём” дар Маскав шаби шеъри форсӣ бо иштироки шоирон ва мухлисону ҳаводорони шеъру сухан баргузор гардид.

Ин барномаи фарҳанги дар ошёнаи дуюми кохи китоби Маскав бо номи “Библио-Глобус” барои ҳаводорон омода гардида буд, ки бисёр рамзӣ менамуд.

Дар чорабинии шаби шеъри форсӣ ба ҷуз намояндагон ва мухслисони ашъори форсӣ аз Тоҷикисктону Афғонистону Эрон ихлосмандони адаб аз миёни дигар миллатҳо, аз ҷумла аҳли шарқшиносони рус ширкат дошатнд.

Қаҳрамон Сулаймонӣ, роҳбари Ройзании фарҳангии Эрон дар Маскав ба маҳфили фарҳангӣ ҳусни оғоз бахшида суханро ба шоирону ҳунармандони савту наво доданд.

Дар ин чорабинӣ шаҳрвандони Тоҷикистон кам набуданд, ки ин шаҳодат аз ихлосмандии миллати тоҷик ба шеъру адаб аст.

Ба таври расмӣ Тоҷикистонро дар ин барномаи фарҳангӣ шоири муосир Шамсуддини Муқим намояндагӣ мекард.

Агентии иттилоотии Sputnik Тоҷикистон дар фарҷоми шаби фарҳангӣ  бо ӯ мусоҳиба анҷом дод.

“Дар муддати 30 соли охир шеъри форсӣ-тоҷикӣ дар миёни мардум ҳамин хел муарифӣ нашуда буд. Хушбахтона бо ташаббуси Ройзании фарҳангии Эрон дар Маскав ин шабнишинӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ шеърхони намуда, атрофи шеъри форсӣ сухангӯи карданд, ки ба даъватшудагон хеле писанд омад”- гуфт Шамсуддини Муқим.

Дар давоми суҳбат шоири тоҷик қайд намуд, ки дар дунё нест забоне, ки дар он вожае аз забони форсӣ истифода нашавад ва ба ақидаи ӯ дар забонҳои славянӣ қариб 6 ҳазор калимаву ибораи форсӣ дар истифода қарор доранд.

“Махсусан дар забонҳои славянӣ ба хусус рӯсӣ то 6 ҳазор вожаю ибораи форсӣ-тоҷикӣ мавҷуд аст, ки мавриди истифода қарор доранд”, - иброз дошт шоири тоҷик.

Ба гуфтаи ӯ даҳсолаҳои охир сатҳи шеъри форсӣ аз инкишофу навовариҳо боз мондааст.

“Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ  сатҳи навиштори шеър дар ҳар сабк дар Тоҷикистон ва умуман дар Афғонистону Эрон ҳам рӯ ба пасти овард, чунки мактаби Шӯравӣ яке аз такондиҳандагон дар ҷараёни шеър буд. Ҳозир ҳамон мактаб нест, ки ин боиси таассуф аст. Дар баъзе мавридҳо мебинем, ки намояндагони ин се кишвари ҳамзабон дар ҷодаи шеър пайдо мешаванд, як шуъла пайдо мекунанду боз хомӯш мешаванд, ки сабабаш бароям маълум нест”, - қайд кард Шамсуддини Шоҳин.

Ӯ дар охири суҳбат ба ташкилкунандагони шаби шеъри форсӣ минатдоргии худро изҳор намуд.  

83
Барчаспҳо:
шоир, шеър, Афғонистон, Эрон, Тоҷикистон