Дни культуры Кувейта в Таджикистане

Бонувони араб мардуми Норакро бо ҳунарашон тасхир карданд - акс

260
(Таҷдидшуда 13:16 18.10.2019)
Барномаи консертии ҷолиб, ки дар он гурӯҳи бонувони сароянда ва мутрибони қувайтӣ ҳунарнамоӣ карданд, аз ҷониби мардуми Норак хеле хуш пазируфта шудааст. Тамошобинон зери суруду мусиқии қувайтӣ рақсиданд ва хурсандӣ карданд

ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Рӯзи 17 октябри соли 2019 ҳайати Рӯзҳои фарҳанги Давлати Қувайт дар Тоҷикистон бо роҳбарии муовини дабири кулли Шӯрои миллии фарҳанг, адабиёт ва санъати давлати Қувайт Бадр ал-Дувайш ба шаҳри Норак сафар намуданд.

Меҳмононро дар ин сафар сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қувайт Зубайдулло Зубайд ҳамроҳӣ кардааст.

Бино ба гузориши Вазорати фарҳанг, меҳмононро дар маркази шаҳр назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ таҳти садои карнаю сурнай муовини раиси шаҳри Норак Шаҳло Ҳасанзода ва аҳолии шаҳри Норак бо нону асал пешвоз гирифтаанд.

Ҳайати кувайтӣ аз намоиши маҳсулоти ҳунарҳои мардуми шаҳри Норак шинос гардиданд.

"Дар намоиш осори тасвирии мактаббачагону мусаввиррони касбӣ, маҳсулоти гулдӯзӣ, зардӯзӣ, кулолгарӣ, чӯбтарошӣ, асбобҳои мусиқӣ, либосу кулоҳи миллӣ, гулпарварӣ, инчунин меваву хушкмева ба маъраз гузошта шуда буданд. Кулли меҳмонон зимни тамошои намоиш ба ҳунару маҳорат ва зебоиофарии мардуми шаҳр офарин хонданд", - омадааст дар хабарнома.

Баъд дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Норак барномаи консертии ҳунарпешаҳои қувайтӣ баргузор гардидааст.

Дар оғоз муовини раиси шаҳри Норак Шаҳло Ҳасанзода меҳмононро хушомадед гуфта, гуфтааст, ки баргузории Рӯзҳои фарҳанг далели муносибатҳои таҳкимёбандаи фарҳангӣ мебошанд.

“Мо хеле хурсандем, ки санъаткорони қувайтӣ ба шаҳри мо ташриф оварданд. Ин имкон медиҳад, ки мо ба меҳмонон фарҳангу ҳунари хешро муаррифӣ намоем ва аҳли шаҳр низ бо санъати Қувайт аз наздик шинос шаванд”, -иброз доштааст Шаҳло Ҳасанзода.

Сипас дар вазъи тантанавӣ ва зери кафкӯбиҳои аҳли толор муовини раиси шаҳри Норак ба муовини дабири кулли Шӯрои миллии фарҳанг, адабиёт ва санъати давлати Қувайт Бадр ал-Дувайш аз номи аҳолии шаҳр мусаввараи кундалро туҳфа намудааст.

Роҳбари ҳайати Рӯзҳо Бадр ал-Дувайш низ ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи шаҳри Норак муҷассамаи Шӯрои миллии фарҳанги Давлати Қувайт ва чанд нусха китобҳо оид ба таърих ва фарҳанги Давлати Қувайтро тӯҳфа намудааст.

Манбаъ афзуда, ки барномаи консертии ҷолиб, ки дар он гурӯҳи бонувони сароянда ва мутрибони қувайтӣ ҳунарнамоӣ карданд, аз ҷониби тамошобинон хеле хуш пазируфта шуд ва тамошобинон зери суруду мусиқии қувайтӣ рақсиданд ва хурсандӣ карданд.

Дни культуры Кувейта в Таджикистане
Дни культуры Кувейта в Таджикистане

Баъди анҷоми барномаи консертӣ меҳмонон аз обанбор ва Нерӯгоҳи барқии обии шаҳри Норак дидан намудаанд.

Рӯзҳои фарҳанги Қувайт дар Тоҷикистон 14 октябр оғоз ёфта,то 18 октябр идома меёбанд.

260