Абдурозиқ, ҳангоми овозхонӣ дар бозор

Аз овозхонӣ дар бозор то саҳнаи бузург: “кӯдак”-е, ки ситора шуд - 3 видео

1565
(Таҷдидшуда 13:03 21.10.2019)
Абдурозиқ, “кӯдак”-е, ки як навори кӯтоҳи овозхонияш чанд соли қабл дар интернет сертамошобин шуду баъдан аз назарҳо дур монд, феълан бо наворҳои ҷадид ба ситораи Ютуб табдил ёфтааст, ки миллионҳо тамошобин дорад

ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Абдурозиқ, зодаи деҳаи Ғиждарваи шаҳри Панҷакент буда, орзу дорад, овозхони машҳур шавад. Абдурозиқ, ки зоҳиран кӯдаки 4-5-соларо мемонад, аз ҷониби Барон, репсаро ва блогери тоҷик ба Душанбе оварда шуд, то орзуи роҳёбӣ ба саҳнаҳои бузургро амалӣ кунад.

Навори суҳбату сурудҳоеро, ки Барон бо Абдурозиқ дар интернет нашр мекунад, тайи моҳҳои охир аз ҷумлаи сертамошобинҳо мебошанд.

Ӯ нақл мекунад, ки чун хонааш дар канори деҳаи Ғиждарва асту роҳаш дур, дар синфи якумӣ ба ӯ китобро надоданд ва шарҳ доданд, ки бардошта наметавонад. Вай афзуд, ки аз синфи 5 ба хондани Алифбо оғоз кард ва то он вақт бисёри ҳарфҳоро намешинохт.

“Гову хар назанад гуфта, муаллимҳо маро дар хона дарс медоданд”, - изҳор дошт Абдурозиқ.

Ахиран Барон ва Абдурозиқ суруд ва намоҳанги “Ватан-Модар”-ро пешниҳоди омма карданд, ки тайи ҳамагӣ чанд рӯз онро беш аз 1,6 миллион бор дидаанд.

Суруд дар бораи Ватану Эмомалӣ Раҳмон сертамошобин шуд

Абдурозиқ дар ин намоҳанг баробари тавсифи модар, ватан ва фарзандони Ватан  аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон низ васф карда, бо шеваи рэп месарояд: “Ман набера, бобом қаҳрамон, қаҳрамони зинда, Эмомалӣ Раҳмон, ҳамеша ғамғори мо ҷавонон, аз шумо миннатдор, аз замин то осмон”.

Наздикони Абдурозиқ, ки феълан 16 сол дорад, зоҳиран ба кӯдаки 4-сола монанд буданашро ба бемории рахит рабт медиҳанд, ки Абдурозиқ ба он дар хурдсолӣ мубтало шуду волидон шароити табобаташро надоштанд.

Аммо Абдурозиқ хеле закӣ, чаққон ва ҳозирҷавоб ба воя расида, ният дорад, баъди хатми мактаби миёна ба Донишкадаи санъати Тоҷикистон дохил шавад.

1565
Барчаспҳо:
ситораҳо, санъат, овозхон, Тоҷикистон
Нигина Амонкулова

"Гуфтиву накардӣ" : нашри суруди ҷадиди Нигина Амонқулова - видео

1202
(Таҷдидшуда 20:12 18.10.2020)
Нигина Амонқулова сарояндаи шинохтаи саҳнаи тоҷик, суруди ҷадиди худро таҳти унвони "Гуфтиву накардӣ" нашр кард

ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Нигина Амонқулова овозхони шинохтаи Тоҷикистон, дар саҳифаи Qiam Entertainment дар Ютуб, суруд ва намоҳанги нави худро пешкаши мухлисонаш гардонидааст.

Навори суруд дирӯз, 17 октябр дар шабакаи Youtube нашр шудааст. Дар давоми як рӯз ин сурудро беш аз 84 ҳазор кас тамошо карда ва зиёда аз 2 ҳазор корбар писандидааст.

Ногуфта намонад, ки ин суруди Нигина Амонқулова низ дар доираи тарҳи нави сароянда бо ширкати Qiam Entertainment сабт шудааст.

Маллифи суханони суруд Орзу Исоев буда, оҳангашро Даврони Раҳматзод эҷод кардааст. Ин суруд дар бораи ошиқест, ки маъшуқаашро қадр намекунад. 

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш сароянда тарҳи нави худ -  "Legends live forever" оғоз кард, ки дар доираи он сурудҳои машҳури ситораҳои номдори шарқро бозхонӣ мекунад. Ба гуфти Нигина ин тарҳро ба ӯ ширкати  Qiam Entertainment, ки сароянда аз оғози соли 2020 бо он ҳамкорӣ дорад, пешниҳод кардааст.

То ҳол Нигина сурудҳои сарояндаҳои шодравон  - Аҳмад Зоҳир, Муқаддас Набиева, Зафар Нозим, Муҳаммадрафеъ ва Аминҷон Сабуриро, ки ба гуфти худаш аз ҳама бештар писандаш ҳастанд, иҷро кардааст.

Нигина Амонқулова суруди Муқаддас Набиеваро бозхонӣ кард

Нигина Амонқулова дар доираи ин тарҳи ҷадид, нахустин бор ба забони ҳиндӣ сароид. Ҳамчунин дар баробари зинда кардани ёди ҳунармандони қадимӣ, Нигина дар доираи ин тарҳ, се суруди ҷадиди худро низ месарояд.

1202
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, нав, ҷадид, нашр, Нигина Амонқулова
Младенец, архивное фото

Машҳуртарин номҳои кӯдакона дар Ӯзбекистон маълум шуд

528
(Таҷдидшуда 09:25 18.10.2020)
Соли 2020 Муҳаммадалӣ ва Солиҳа номҳои маъмулӣ шуданд. Соли гузашта низ ба онҳо шумораи бештари волидон бартарӣ додаанд

ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Агентии хизматрасонии давлатии назди Вазорати адлия маълумотро дар бораи номҳои маъмул дар Ӯзбекистон, ки волидон барои кӯдакони навзод интихоб кардаанд, нашр кард.

Изабелла, Сензора, Имран: Кумитаи забон 217 номи нав илова ва 223 номи аҷнабиро рад кард

Тибқи маълумоти ин ниҳоди давлатӣ, дар соли 2020 маъмултарин номҳо Муҳаммадалӣ ва Солиҳа буданд: 1582 писар ва 1601 духтар ба ин ном гузошта шудаанд.

Тибқи омори соли гузашта, ин номҳо инчунин мавқеи аввалро ишғол мекарданд.

Ҳабибҳо бисёр шуданд: Ҳукумат гуфт, навзодҳоро зиёд Ҳабиб ном мегузоранд

Дар соли гузашта, 12 461 шаҳрванд ба фарзандони худ Солиҳа ва 11 305 шаҳрванди Ӯзбекистон ба фарзандонашон Муҳаммадалӣ ном гузоштанд.

528
(1:15 / 8.75Mb / просмотров видео: 126)

Боздошти зодаи Осиёи Марказӣ: дар Маскав теракт омода мекард - видео

0
ФСБ навори боздошти зодаи Осиёи Марказиро, ки қасд доштааст дар Маскав теракт омода кунад, нашр кард

Ҷавон аз осиёи Марказӣ, ки "дар яке аз биноҳои ҳукумати Маскав қасди амалӣ кардани ҳамлаи террористиро доштааст", рӯзи 22 октябр дастгир шуд.

Бино бар хабари расмӣ, гумонбаршаванда бо фарони ҷангҷӯён нақша доштааст, бо гузоштани бомб яке аз биноҳио ҳукуматиро тарконад.

Таркиши минаи сарироҳӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон 4 кушта барҷой гузошт

Аз навор дида мешавад, ки ҷавон дар ҷангал боздошт шудааст. Дар махфигоҳи ӯ мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастгоҳҳои худсохти тарканда пайдо кардаанд.

Дар баробари ин гуфтугӯи ӯ бо ҷангҷӯён ва дастур барои омода кардани бомб ва навори савгандёдкунии гумонбар ба пешвои ҷангҷӯён дарёфт шудааст.

Қайд мешавад, ки ҷавон соли 1999 ба дунё омадааст. Пас аз таркиш дар Маскав ӯ нақша доштааст ба Ховари Миёна бозгардад ва дар сафи террористон биҷангад.

0
Барчаспҳо:
боздошт, Маскав