Концерт певицы  Наргиз в Ереване

Шароб, ҳақорат ва бесарусомонӣ: Наргиз бо ин шеваи консертдиҳӣ мухлисонашро дилсард кард

439
Тамошобинон ва мухлисони Наргиз Закирова то анҷоми барномаи консертии ӯ интизор нашуда, қаблан толорро тарк карданд. Онҳо мегӯянд, Наргиз маст буд, ва сурудҳое мехонд, ки алфози қабеҳ доштанд

ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik.  Шаби гузашта расонаҳо хабар доданд, ки тамошобинони консерти Наргиз Закирова бо сабаби маст будани ӯ, толорро тарк  кардаанд.

Наргиз, ки дар Уссурийский барномаи консертӣ дод, дар рафти баромади худ пайваста шароб менушид ва бо суханони қабеҳ ҳарф мегуфт. Ин аҳволи сароянда боиси дилсардии мухлисони ӯ гардида, онҳо толори консертиро қабл аз анҷоми барнома тарк карданд.

"Суханони қабеҳи пур аз ҳақорат. Дар ҳоле, ки дар толор аксари мухлисонаш бо оилаҳои худ омада буданд. Наргиз пайваста виски менӯшид. Нисфи дар толор нишастаҳо то анҷоми барнома наистоданд", - изҳор намудаст як сокини маҳаллӣ ба "Московский комсомолес,  ки ҳамроҳи ҳамсари худ ба консерти Наргиз омада буд.

Даниел Рустамов бо овозаш Тимати, Фадеев ва Брежневаро шигифтзада кард

Бештари тамошобинон аз он изҳори нигаронӣ намуданд, ки Наргиз аз саҳна дар бораи мушкилоти худ шикоят мекард ва ба ҷойи хитҳояш, сурудҳои бо алфози қабеҳ месароид.

Аммо Владимир Корсунов продюсери Наргиз тамоми ин иттиҳомотро рад карда гуфтааст, ки Наргиз чун ҳамеша бо санъати волои худ суруд хонд ва барномаи ӯ дар сатҳи олӣ ҷамъбаст шуд.

Ёдовар мешавем, ки чанде қабл дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабаре пайдо шуд, ки Максим Фадеев продюсери қаблии Наргиз пас аз моҷаро бо ӯ гирифтори сактаи қалб шуда буд.

Фадеев бо сабабҳои то ҳол номаълум қарордоди ҳамкорӣ бо Наргиз Закироваро қатъ намуд ва ҳамчунин сарояндаро аз хондани сурудҳои муштари онҳо маҳрум кард.

439
Барчаспҳо:
мухлисон, сароянда, консерт