Неделя моды в Душанбе. архивное фото

Фарзонаи Хуршед навори намозгузории духтарашро нашр кард - видео

905
Сарояндаи маъруфи тоҷик Фарзонаи Хуршед дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори намозгузории духтарашро нашр кардааст

ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Фарзонаи Хуршед овозхони саршиноси тоҷик духтари примаддонаи саҳнаи тоҷик Сурайё Қосимова дар саҳифааш дар Instagram навори намозгузории духтараш - Закияро нашр кардааст.

Фарзона аз ин амали духтарчааш бисёр шод шудааст.

Аз навор дида мешавад, чигуна Закия намоз мегузорад. Ӯ дар сар рӯймоли калон ва дар рӯи ҷойнамоз калимаҳоеро талаффуз мекунад.

"Алҳамдулиллоҳ. Ба ҳар калимаи Аллоҳ гуфтани фарзандам баданам меларзад. Алҳамдулиллоҳ, ки Аллоҳ ин рӯзҳоро насиби ман кардааст", - навиштааст Фарзона.

Аксари ҳамвандони сарояндаи тоҷик аз ин амали духтараш истиқбол карда, ӯро васф намудаанд. 

"Мошоаллоҳ, Офарин",- навиштааст корбаре.

Дигаре гуфтааст "Худо Закияҷонро ба роҳи рост ҳидоят кунад", - таманно кардааст дигаре.

Оббозӣ ва рақси Фарзонаю Шабнам дар "Порис" - и Тоҷикистон - аксу видео

 

Ёдрас мешавем, ки пештар Фарзонаи Хуршед ва Шабнами Сурайё овозхонони саршиноси тоҷик гашту гузорашонро дар "Порис" - и шаҳри Кӯлоб дар саҳифаашон нашр карда буданд.

905
Барчаспҳо:
намоз, навор, Фарзонаи Хуршед