Акс бо Гугуш: Меҳринигор мегӯяд як орзуи худ ва модарашро амалӣ намуд - навор ва акс

© © Sputnik / Амир ИсаевНеделя моды в Душанбе. архивное фото
Неделя моды в Душанбе. архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сарояндаи ҷавони Тоҷикистон Меҳринигори Рустам, пас аз акс бардоштан бо сарояндаи маҳбуби эронӣ Гугуш, бо изҳори хурсандӣ афзудаст, ки як орзуи худ ва модарашро амалӣ намудаст

ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Қаблан Меҳринигори Рустам дар сафҳаи Инстаграми худ навореро аз ҷараёни барномаи консертии Гугуш дар шаҳри Ню-Йорк нашр намуда буд.

Зимнан овозхони тоҷик дар сафҳаи худ акси муштарак бо Гугушро гузошта меҳру муҳаббати самимии худро нисбат ба ӯ баён кардааст.

"Имрӯз бо модарам ба консерти мӯҳташами ин бонуи ҳунар роҳ ёфтем. Ин орзуи модарам буд ва шукр, ки модарамро ба орзуяш расондам. Пушти саҳна гуфтугӯҳову оғӯшҳову ашкҳову самимиятҳое доштем бо хонум Гугуши азиз. Шуморо дӯст медорам, Гугуш”,-навиштааст Меҳрнигори Рустам.

Ҳамзамон, овозхон барои таклиф ба барномаи консертӣ аз Шаҳром Норз, продюсери Гугуш миннатдор аст.

Ёдовар мешавем, ки Меҳрнигори Рустам пас аз бурди корти сабзи Амрико бо модараш дар хориҷ аз кишвар қарор дорад ва корҳои эҷодии худро низ ҳамон ҷо идома дода истодааст.

Лентаи хабарҳо
0