Рақс, акс аз бойгонӣ

Вазири фарҳанги Узбакистон бо 50 нафар вориди Тоҷикистон мешавад

87
Бахтиёр Сайфуллоев, вазири фарҳанги Узбакистон бо ҳайати 50-нафарӣ барои иштирок дар Рӯзҳои фарҳанги кишварашон, ки аз 11 то 15 ноябр баргузор мешаванд, ба Тоҷикистон меоянд

ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Ба ҳайати ҳунарии Рӯзҳои фарҳангӣ ҳунармандони халқии Узбакистон Ғуломҷон Ёқубов ва Маҳмуд Намозов, ҳунарпешаҳои шоиста ва маъруфи Узбакистон, ансамбли “Мақом” ва ансамбли рақсии “Тошкент зеболарӣ” шомил мебошанд, хабар додаст “Ховар”.

Манбаъ афзуд, дар назар аст, ки 12 ноябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон вохӯрии вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо ҳамтои узбакистонияш Бахтиёр Сайфуллоев баргузор гардад.

“Инчунин шоми он рӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ифтитоҳи ботантанаи Рӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон дар Тоҷикистон сурат мегирад”, - омадааст дар иттилоия.

Ҳамчунин 13 ноябр ҳайати ҳунарӣ ва расмии Рӯзҳои фарҳангӣ ба ноҳияи Данғара сафар карда, дар Қасри фарҳанги ин ноҳия  ба сокинон ва меҳмонон барномаи ҷолиби консертӣ пешниҳод мекунад.

Меҳмонон  14 ноябр аз мавзеъҳои таърихӣ ва фарҳангии шаҳри Душанбе — Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Боғи Куруши Кабир ва боғи Ирам дидан менамоянд. Шоми он рӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба муносибати анҷоми Рӯзҳои фарҳангӣ барномаи консерти муштарак бо иштироки ҳунарпешагони тоҷику узбак баргузор мегардад.

87
Барчаспҳо:
Душанбе, вазир, фарҳанг, Тоҷикистон-Узбакистон
Мадина Акназарова

Аз кулчапазӣ то нашри нахустин суруд ба забони шуғнонӣ: Мадина дар замони COVID - 19

1921
(Таҷдидшуда 18:24 01.06.2020)
Мадина Ақназарова ахиран суруди ҷадиди худро ба забони шуғнонӣ зери унвони "Рози дил" пешкаши мухлисонаш кард

ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik, Нилуфар Некқадам. Мадина Ақназарова сарояндаи ҷавон ва машҳури эстрадаи тоҷик, дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон дар бораи нашри суруди нахустинаш ба забони шуғнонӣ ва ҳамагирии COVID - 19 нақл кард.

Ба гуфти Мадина вақте рӯзҳои аввал дар бораи COVID - 19 сухан мекарданд, дар Душанбе ҳамаро тарсу ваҳм фаро гирифта буд, вале пас аз чанде ҳамаҷо ором шуд.

"Наздик ба якуним моҳ мешавад, ки мо дар хона нишастаем. Худро эҳтиёт мекунем. Шукри Худо ҳамаи аҳли хонаводаамон дурусту бардаманд", - гуфт Мадина.

Сарояндаи ҷавон дар даврони ҳамагирӣ нахустин суруди худро ба забони шуғнонӣ (пештар ӯ суруде бо номи "Ҷону дилам" нашр карда буд, ки танҳо қисме аз суруд ба забони шуғнонӣ сароида шуд) таҳти унвони "Рози дил" нашр ва пешкаши мухлисонаш кард.

Суҳбати Мадина: аз ишқ дар маршировка то муҳоҷирату пулёбӣ ва ҷарроҳии пластикии ситораҳо

Дар бораи нашри ин суруд Мадина мегӯяд аз дер боз мақсад дошт, суруде ба забони модариаш - шуғнонӣ бисарояд, вале суруди мувофиқи дилашро пайдо накарда буд.

"Вақте ман навори қадимиеро тамошо кардам, ки дар он се духтари ҷавон ҳамин суруди "Рози дил"-ро иҷро мекарданд, ман дарҳол онро писандидам ва ба худ гуфтам, ки ман албатта ин сурудро месароям", - нақл кард Мадина ва афзуд, ки аслан ӯ сурудеро интихоб мекунад, ки ба дилаш наздик бошад.

Ӯ гуфт чун матни суруд  бештар мувофиқи сарояндагон - мардон аст, тасмим гирифт матни онро каме тағйир диҳад.

"Ростӣ иҷро кардани суруди бадахшонӣ кори осоне нест. Бояд баландии овоз нота ва ҳамааш мувофиқ бошад. Вале ин суруд ба ман бо тамоми нозукиҳояш мувофиқ омад. Танҳо матнашро ҷой ҷое барои овози духтар мувофиқ кардем", - гуфт Мадина ва афзуд, ки муаллифи ин сурудро пайдо накард, чун яке аз сурудҳои қадимии мардуми Бадахшон ҳаст ва онро суруди халқӣ унвон кард.

Ба ҷавонон муаррифӣ кардани суруди пешинро Мадина аз далели дигари интихоби сурудаш гуфт.

Суруди нави Мадина рӯзи 30 май дар саҳифааш дар шабакаи Youtube нашр шуд. То имрӯз ин сурудро беш аз 39 ҳазор кас шунида ва зиёда аз якуним ҳазор нафар писандидааст.

Аз ҳамагирии коронавирус ёдоварӣ карда, Мадина мегӯяд вақти мувофиқест барои пухту паз барои аҳли хонавода ва сабти наворҳои шӯхиомез.

Дар саҳифаи Мадина дар инстаграм наворе нашр шудааст, ки ӯ дар он тари омода намудани кулчаро аз аввали кор то охир намоиш додааст. Аз навор бар меояд, ки Мадина кадбонуи хубе ҳаст.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

Таёри ба Сухур 🌹 Сараф во бамаза ширчой 😜

Публикация от Madina Aknazarova (@madinaaknazarova_)

Ҳамчунин дар баробари наворҳои пухтупаз Мадина видеоҳои шӯхиомезро низ нашр кардааст, ки писанди ҳаводорони ҳунараш шудааст.

Умуман Мадина Ақназарова аз фаъолтарин ҳунармандони тоҷик дар Instagram ба шумор меравад. Ӯ сирри шӯҳрати худро дар истеъдод ва истифодаи фаъолонаи шабакаҳои иҷтимоӣ медонад.

Бар хилофи аксари сарояндагони тоҷик, ки шӯҳратро бо сарфи маблағи ҳангуфт тавъам медиҳанд, Мадина бовар дорад, ки барои инсони боистеъдод ва меҳнаткаш барои дарёфти мақоми худ дар шоу-бизнеси тоҷик, монеа вуҷуд надорад.

"Дар асри 21 машҳур шудан бисёр осон аст. Агра инсон истеъдод ва ҷаззобият дошта бошад, албатта метавонад дар санъати тоҷик мақоми худро пайдо кунад. Ман ин чизро дар мисоли худам тасдиқ мекунам. Шояд солҳои пеш мушкилтар буд, вале имрӯзҳо бо кумаки интернет ин кор осон шудааст”, - гуфт Мадина дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Мадина Ақназарова соли 2018 дар санъати эстрадии тоҷик зуҳур кард. Ӯ бо сабки сурудхонӣ, интихоби матни суруд, овози боқувват ва ҷасорату фаъолнокӣ дар Instagram зуд дар дилу дидаи мақомдорони умури фарҳанг ва мардум ҷой ёфт.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

Dustoni aziz, surudi halqii ” ”Rozi dil”bo zaboni Badakhshoni ( Shugnoni) alakai dar Youtube dar kanali man sado medihad 🙏🏻 Marhamat, gush kuned . 🎉 #girlfrombadakhshan🌹

Публикация от Madina Aknazarova (@madinaaknazarova_)

Нахустин намоҳангашро таҳти унвони "Ай ёр, ёр" соли 2017 сабт ва пешкаши мухлисон карда буд, ки аз ҷониби тамошобинон бисёр хуш пазируфта шуд. Мадина дар чандин консертҳои хайриявӣ низ ҳунарнамоӣ карду ӯро дигар дар чорабиниҳои сатҳи давлатӣ низ даъват мекарданд. 

Мадина мусиқии тоҷикро дар Ӯзбекистон ва Ҷопон ва дигар кишварҳо муаррифӣ кардааст.

Мадина Ақназарова 15 феврали соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Пас аз чанде хонаводаи Мадина ба пойтахти шимолии Русия шаҳри Санкт-Петербург мекӯчад.

Мадина то синфи 9-ум дар мактаби рақами 596 ин шаҳр таҳсил кардааст. Пас аз хатми синфи 9 хонаводаи Мадина ба шаҳри Душанбе бозгашт.

Мадина ҳуҷҷатҳояшро ба мактаби мусиқии ба номи Аҳмад Бобоқулов бо маслиҳати бобояш ба шуъбаи академӣ (опера) супорид ва онро бо хубӣ хатм кард. Пасон Мадина таҳсилашро дар Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода идома дод.

Феълан Мадина Ақназарова донишҷӯи соли сеюми Донишкадаи ҳунарҳои зебо мебошад.

То имрӯз Мадина Ақназарова консертҳояшро дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Маскав ва Санкт-Пебербург баргузор кардааст.

1921
Барчаспҳо:
Забони модарӣ, Мадина Ақназарова, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Министр культуры РТ Шамсиддин Орумбекзода

Мусибат дар хонаводаи Орумбекзода: ҳамдардӣ бо оилаи собиқ вазир

8452
(Таҷдидшуда 19:48 30.05.2020)
Раҳбарияти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон бо хонаводаи вазири собиқи ин ниҳод Шамсиддин Орумбекзода изҳори таслият кардааст

ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Дар хонадони вазири пешини фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода мусибат рух додааст - модари вазири собиқ даргузашт.

Дар ин робита раҳбарияти Вазорат бо хонаводаи Шамсиддин Орумбекзода изҳори таслият кардааст.

"Роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳли фарҳангу ҳунар ба собиқ вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода нисбати даргузашти модарашон ҳамдардии амиқ баён менамоянд", - омадааст дар номаи ҳамдардӣ.

Ёдрас мешавем, ки Шамсиддин Орумбекзода то соли 2020 вазири фарҳанги Тоҷикистон буд ва соли 2019 Орумбекзодаро мардуми Тоҷикистон "вазири дастрас" унвон карданд.

Ҳамин тавр, моҳи январи соли 2020, тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Орумбекзода Шамсиддин Шодибек аз вазифаи Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби ба нафақа баромаданаш озод карда шуда Давлатзода Зулфия Давлат ҷойгузини ӯ гардид.

8452
Барчаспҳо:
Вазорати тандурустӣ, изҳори ҳамдардӣ, Тоҷикистон
Ребенок в воде на закате, архивное фото

Ҷасади писари 9-сола, ки бо падараш дар дарёи Хумбов сарозер шуд, пайдо гашт

0
(Таҷдидшуда 03:08 03.06.2020)
Ҷасади писари 9-сола, ки ҳамроҳ бо падараш дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ ба дарёи Хумбов сарозер шуда буд, пас аз ду рӯз тақрибан 300 метр поёнтар аз ҷои ҳодиса, дар соҳили дарё пайдо шуд

ДУШАНБЕ, 3 июн - Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, ҷасади Худоиев Умари 9-сола, ки рӯзи 31-ми майи сол равон ҳамроҳ бо падараш дар як садамаи нақлиётӣ дар дарёи Хумбов сарозер шуда буд, ахиран тақрибан 300 метр поёнтар аз ҷойи ҳодиса, дар соҳили дарё пайдо шуд.

Худоиев Умар писари Худоиев Аслншоҳ, сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳия Ванҷ будааст.

Манбаъ таъкид доштааст, ки кормандони шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дар ноҳияи Ванҷ ҷасади Умари хурдсолро ба пайвандонаш супурданд.

Ёдрас мешавем, ки садамаи нақлиётие, ки дар он падари писар ба ҳалокат расиданд, санаи 31-уми майи соли равон дар километри 109 шоҳроҳи Душанбе-Дарвоз-Хоруғ, дар мавзеъи Шоҳидони ҷамоати деҳоти Қалъаи Хумб сурат гирифт.

Худрави тамғаи “Опел Астра”, ки аз ҷониби сокини 51-солаи деҳаи Рохарви ҷамоати деҳоти М.Абдуллоеви ноҳияи Ванҷ Озод Қадамов идора мешуд, дучори садама шуд.

КҲФ қайд намудааст, ки ин мошин аз ноҳияи Сангвор ба самти ноҳияи Дарвоз дар ҳоли ҳаракат буд ва сабаби садама то ҳол маълум нест.

Аммо ба гуфтаи шоҳидон худрав ба умқи тақрибан 80 метр ба дарёи Хумбов сарозер мешавад.

Бар асари ин садамаи мудҳиш ду нафар (падару писар) ба ҳалокат расида, ду нафари дигар бо ҷароҳатҳои вазнин дар бемористони ноҳияи Дарвоз бистарӣ шуданд.

0
Барчаспҳо:
пайдо, ҳодиса, дарё, писар, падар, ҷасад, Тоҷикистон