Юнон, акс аз бойгонӣ

Деметра - олиҳаи Юнони қадим дар Исфара

113
Бостоншиносони Суғд маълум карданд, ки як ҳайкалчаи ёфтшуда дар деҳаи Чилгазии ноҳияи Исфара мансуб ба Деметра, ҳамсари Зевс, худои асотирии юнониёни қадим мансуб будааст

ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Каримҷон Ҳамроев, раиси осорхонаи мактаби №36 – и деҳаи Чилгазӣ мегӯяд, ин ҳайкалча соли гузашта ҳангоми сохтмон аз ҳавлии сокини ин деҳа Ҷумъабой Рӯзиев ба даст омадааст.

Ба қавли ӯ, қадди он тахминан 30-35 сантиметр буда, дар ҳолати ба сутун такя задан сохта шудааст ва пойҳояш болои ҳам таҷассум ёфтаанд.

“Болои зонувонаш сабади пур аз меваҷот меистод. Баъди муоина маълум шуд, ки дар танаш аз матои ҳарир курта дораду симояш зебо ва дилкаш аст. Ҳайкал дар як қолаб аз омехтаҳои мармару гаҷ рехта шудааст. Пайвандҳои қолибҳо рушан ба назар мерасад. Мутаассифона, ҳар ду пойи ҳайкал аз минтақаи зону бо мурури замон шикастааст” – мегӯяд Каримҷон Ҳамроев.

Раҳмон аз осори Берунӣ мисол оварду қадимӣ будани ҷашни Меҳргонро исбот кард

Ин бозёфти нодир ба кафедраи бостоншиносӣ ва мардумшиносии Донишгоҳи давлатии Ҳуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров ва маҳз раҳбари он профессор Набиҷон Раҳимов барои омӯзиш пешниҳод мешавад.

“Хушбахтона, дирӯз ба воситаи телефон ба ман хабар доданд, ки он ҳайкали олиҳа Деметра, зани худои худоёни юнониёни қадим Зевс будааст. Ривоятҳо Деметраро олиҳаи сабзиш, ҳосил, ҳомии кӯдакони навзод ва табобати юнониёни қадим муаррифӣ мекунанд. Ин ҳайкалчаи ӯ, ки дар деҳаи Чилгазӣ пайдо шуд, ба асрҳои V-IV пеш аз милод тааллуқ доштааст. Тахмини олимон дар бораи пайдо шудани он дар Исфара ин аст, ки онро лашкариёни Искандари Мақдунӣ овардаанд”, - изҳор доштаст  Ҳамроев.

Осорхонаи мактаби №36 – и ноҳияи Исфара 45 сол ба ин сӯ фаъол аст. Ҳафт маротиба дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ширкат намуда, як бор дар сатҳи Иттиҳоди Шӯравӣ дар шаҳри Владивосток сазовори ҷойи дуюм шудааст ва 3000 нигора дорад.

Каримҷон Ҳамроев мегӯяд, ҳоли ин осорхонаи мактабӣ имрӯз басо хароб аст. Вай изҳори умедворӣ кард, ки масъулон ба он таваҷҷӯҳ ва барои обод карданаш кӯмак мекунанд, дар акси ҳол нигоҳубини нигораҳои бо заҳмати зиёд гирд овардашуда ғайриимкон мешавад.

113
Барчаспҳо:
Тоҷикистон-Юнон, Исфара