Министр культуры Таджикистана Шамсидди Орумбекзода

Орумбекзода дар Форуми Париж аз сиёсати пешгирифтаи Раҳмон ҳарф зад

323
(Таҷдидшуда 15:19 20.11.2019)
Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода дар Форуми вазирони фарҳанги кишварҳои дунё дар шаҳри Париж қарор дорад

ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Дар шаҳри Париж форуми вазирони фарҳанги кишварҳои ҷаҳон бо сарпарастии ЮНЕСКО ҷараён дорад, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.

Бар хабари манбаъ, дар форуми мазкур дар қатори 140 намояндаи кишварҳои ҷаҳон Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, сафири Тоҷикистон дар Фаронса Ҷамолиддин Убайдулло,Котиби Комисияи ЮНЕСКО дар Тоҷикистон Зулфия Бурҳон низ  ширкат меварзанд.

Вазири фарҳанги Узбакистон: "Мо як халқ ҳастем, ки бо ду забон сухан мекунем"

Гуфта мешавад, дар кори форум дурнамои фаъолият то соли 2030, инчунин, ҳамзистии фарҳанги маънавӣ дар шароити ҳозираи тамаддун, ҷаҳонишавӣ ва тағйироти иқлим, ҳифзи ёдгориҳои таърихии фарҳангӣ дар ҳолатҳои фавқулодда баррасӣ мегардад.

Зимнан, Шамсиддин Орумбеков дар суханронии худ таваҷҷӯҳи вазирони фарҳанги кишварҳои дунёро ба фарҳанги мантиқии миллати тоҷик ҷалб намуда, оид ба сиёсати дарҳои кушоди Эмомалӣ раҳмон ҳарф зад.

323
Барчаспҳо:
Эмомалӣ Раҳмон, сиёсат, Париж, форум, Шасиддин Орумбекзода
Зрители в кинотеатре

Филми "Парвонаҳо" дар Қазон ҷоиза гирифт - видео

50
(Таҷдидшуда 18:37 02.03.2021)
Филми "Парвонаҳо"-и коргардони тоҷик дар Русия сазовори ҷоизаи Кинофестивали байналмилалии "Зилант" шуд

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Филми "Парвонаҳо" ("Мотыльки") - и коргардони ҷавон Дилшод Авазов дар шаҳри Қазони Русия сазовори ҷоизаи Кинофестивали байналмилалии "Зилант" шуд, иттилоъ додааст сомонаи расмии Кинофестивали байналмилалӣ.

Филм дар бораи духтаре қисса мекунад, ки дигарон барояш роҳу равиши зиндагиро таъйин мекунанд ва ин ба сарнавишти ӯ бетаъсир намемонад. 

Наворбардори ин филм Пайрав Шарифов будаааст.

Филми мазкур дар шаҳри Санкт-Петербург бо забони русӣ ба навор гирифта шудааст. Аммо воқеаи филм дар Тоҷикистон мегузарад.

Дар нақши асосӣ Усмон Тӯраев аз Тоҷикистон ва Анна Гуляева аз Русия бозӣ кардаанд. Кинофестивал дар шаҳри Қазон "Зиланд" ҳар сол баргузор мегардад ва аз шаҳру ноҳияҳои зиёди худи Русия иштирок мекунанд.

Ва зиёда аз 20 давлатҳои дигари дунё иштирок доштанд. Ба гуфтаи Дилшод Авазов, филмро худаш маблағгузорӣ кардааст. Филмро дар хонаи як дӯсташ ба навор гирифтааст.

50
Барчаспҳо:
КИНО, Қазон, ҷоиза, коргардон, Тоҷикистон
Книга, архивное фото

"Қонуни тиб"- и Абуалӣ ибни Сино дар Душанбе бознашр шуд

81
(Таҷдидшуда 17:12 02.03.2021)
Кормандони маркази синошиносии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии Тоҷикистон “Қонуни тиб” (китоби 5) - ро тарҷума ва бознашр намуданд, ки ҷилди 16 - уми Осори Абуалӣ ибни Синоро ташкил медиҳад

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Суннатулло Ҷонбобоев, роҳбари марказ, иттилоъ додааст, ки ҷилд бахшеро дар бар мегирад, ки дар илми тиб бо номи "Карободин" (фармакопия) машҳур аст.

"Китоб аз 3 қисм иборат мебошад. Дар қисми аввал оид ба доруҳои мураккаб сухан меравад. Дар қисми дуюм доруҳои мураккаб аз рӯи навъашон тақсим шуда, таркиб, тарзи ба вуҷуд овардан ва истифодаи дурусти онҳо нишон дода шудааст. Қисми сеюм, доруҳои мураккаби санҷидашударо фаро мегирад", -  таъкид доштааст Суннатулло Ҷонбобоев. 

Дар китоб бемориҳо, сабаб ва зиёне, ки ба бадани инсон мерасонанд, шарҳи комил ёфтаанд, - гуфт Ҷонбобоев.

Дар асар мавриди бисёр бемориҳо андешаҳои илман асоснок ҷой шудаанд, ки то имрӯз аҳамияти худро гум накардаанд. 

Кормандони марказ, ҳамчунин, бори аввал рисолаҳои "Китоб - уш – шифо",  "Ҷадал", "Хитоба", "Суфастоӣ" ва "Фанни шеър" - и  Абуалӣ ибни Синоро аз арабӣ ба забони русӣ тарҷумаву нашр намуданд.

Тарҷумаи тоҷикии онҳо рӯзҳои наздик дастраси хонандагон мегардад.

81
Барчаспҳо:
китоб, қонун, Ибни Сино, Сино, Тоҷикистон
 Председатель Согдийской области Раджаббой Ахмадзода

Чаро раиси нави Бодканд ба Аҳмадзода занг зад

0
(Таҷдидшуда 10:04 07.03.2021)
Дар ҳамин ҳол, интизор меравад раисҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон равад

ДУШАНБЕ, 7 мар – Sputnik. Раиси тоза мансубшудаи вилояти Бодканд Омурбек Субҳоналиев бо раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода сӯҳбати телефонӣ анҷом додааст.

Тавре "Парс тудей" менависад, Субҳоналиев ҳамчунин бо раиси вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон сӯҳбат кардааст.

Гуфта мешавад, ӯ дар тамоси телефонӣ бо руасои вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Фарғонаи Ӯзбекистон авзо дар марзҳои муштараки ин се кишвари ҳамсояро баррасӣ кард.

"Омурбек Субҳоналиев дар тамоси телефонӣ бо Раҷаббой Аҳмадзода раиси вилояти Суғди Тоҷикистон ва Хайруллоҳ Бозоров раиси вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон дар бораи зарурати ҳифзи оромиш ва амният дар манотиқи марзӣ баҳсу табодули назар кард.", - менависад манбаъ.

Ҳамчунин мавзӯи густариши равобити иқтисодӣ ва тиҷорӣ, ҳамлу нақл ва транзит, об ва энергетика ва бозорчаҳои муштараки марзӣ аз дигар мавзӯоти ин тамоси телефонӣ буд. 

Раиси тоза мансуб шудаи вилояти Бодканд қаблан низ бар зарурати поён додани ба қочоқи сӯхт дар марз бо Тоҷикистон  таъкид карда буд  ва инак мақомоти Бишкек барои ҷилавгириӣ аз ин раванд ба минтақаи марзии Қирғизистон бо Тоҷикистон нерӯи низомӣ эъзом кардаанд, ки ин рӯйдод муҷиби афзоиши қиммат бензину гозоил дар Тоҷикистон шудааст. 

Аҳмадзода: оини ҳамсоядориро нигоҳ медорем, як ваҷаб заминро ноҳақ ба касе намедиҳем

Аз сӯи дигар Садир Ҷабборов раиси ҷумҳурии Қирғизистон ахиран эълон кардааст, ки барои дидор ва гуфтугӯ бо мақомоти Тоҷикистон дар бораи аломат гузории марзҳо ба Душанбе сафар хоҳад кард. 

0
Барчаспҳо:
марз, Ворух, Бодканд, Қирғизистон, Тоҷикистон