Зрительный зал в кинотеатре. архивное фото

“Лолаи тилоӣ” - аввалин Ҷоизаи миллии синамои Тоҷикистон

90
(Таҷдидшуда 14:53 26.11.2019)
Аввалин ҷашнвораи Ҷоизаи миллии синамои Тоҷикистон то 1 декабр идома хоҳад ёфт, ин ҷашнвораро Фарҳангсарои “Бохтар” бо пуштибонии сафорати Фаронса дар Тоҷикистон ва ҳамкории киностудияи давлатии “Тоҷикфилм” баргузор мекунад

ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Искандар Усмонов, коргардони тоҷик ва мудири барномаҳои Фарҳангсарои “Бохтар” ба “Sputnik” гуфт, дар ин ҷашнвора 16 филм ба сабқат шурӯъ карданд ва ҳайати доварон барандагонро дар чаҳор бахш интихоб мекунанд: “Беҳтарин филми тамомқад (пурраметраж)”, “Беҳтарин филми мустанад”, “Беҳтарин филми кӯтоҳ” ва Ҷоиза барои саҳми барҷаста дар тавсеа синамои тоҷик.

“Ҳадаф аз ин Ҷоиза ҳимоят аз синамои дохилӣ, ҳифзи ҳувияти фарҳангӣ ва асосҳои тавлиду тавзеъи филми миллӣ, муаррифии беҳтарин асарҳои синамоии тоҷик ва таблиғи онҳо дар байни мардуми Тоҷикистон ва дигар кишварҳо аст. Ҳайати доварони ин ҷоиза аз продюсерон, синамошиносон, филмноманависон ва коргардонони Фаронса, Қирғизистон ва Тоҷикистон ташкил шудааст”, - гуфт Искандар Усмонов.

Ҷашнвора аз намоишҳои рақобатӣ ва бахши понорама (ҷамъ 27 филм) иборат аст, ки аз 25 ноябр шурӯ шуда, бо эътои тандисҳо ва дипломҳо ба барандагон дар таърихи 1 декабри 2019 ба поён мерасад. Намоишҳо дар синамои “Ватан” ва синамостудияи “Тоҷикилм” баргузор мешаванд. Даромад ба ҳама намоишҳо ройгон аст.

“Дар ҳоли ҳозир баргузоркунандагони ин озмун аввалин асарҳои филмсозони Тоҷикистонро қабул кардаанд, ки дар солҳои 2018-2019 интишор ёфтаанд”, - афзуд Усмонов.

Дар чорчӯби ҷашнвора ва Ҷоизаи миллии “Лолаи тилоӣ”, баргузоркунандагон бо пуштибонии ЮНЕСКО, Институти Гёте дар Қазоқистон ва меҳмонхонаи “Серена”-и Душанбе 29 ноябр Мизи гирди байнулмилалӣтаҳти унвони “Санъати филми Осиёи Миёна” баргузор мекунанд, ки дар он беш аз 35 филмшинос, коргардон ва продюсерони Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Покистон ва Фаронса ширкат мекунанд.

Ҳамчунин 30 ноябр, баргузории питчингҳо (ироаи тарҳҳои ҷадиди филмҳо) - и филмсозони Тоҷикистон барномарезӣ шудааст. Дар ҷаласоти питчинг филмсозони Тоҷикистон метавонанд тарҳҳои филми ҷадиди худро ба продюсерони хориҷӣ барои тавлиди муштараки филмҳо дар Тоҷикистон ва хориҷ аз он ироа диҳанд.

Мастер – класс ё дарсҳои хоси коршиноси аршад дар бораи сармоягузории тарҳҳо ва ҳамкорӣ дар соҳаи синамо низ бо ҳузури продюсерони аврупоӣ ва синамошиносон баргузор хоҳанд шуд.

“Муқаррарот ва шарти ҳузури номзадҳо дар Ҷоизаи “Лолаи тилоӣ” ва питчинги тарҳҳои нави филмҳои синамогарони маҳаллӣ дар сомонаи “Тоҷикфилм”, шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудаанд, ҳамчунин ба куллия созмонҳои алоқаманд, студияҳои мустақил, муаллифони фардӣ, ки бо тавлиди синамои ватанӣ машғуланд, ирсол мешавад”, - мегӯяд Искандар Усмонов.

90
Барчаспҳо:
Лола, Тоҷикфилм, ҳамкорӣ, Фаронса, Бохтар, ҷашнвора, синамо, Тоҷикистон