Съемки фильма, архивное фото

Ҳам воқеӣ ҳам арзон: “Газ-52”-ро ба ҷарӣ чаппа карданд - видео

749
(Таҷдидшуда 18:39 27.11.2019)
Ҳайати эҷодии киностудияи “Суғдсинамо” барои сабти порае аз филми “Наставник” як мошини тамғаи “Газ-52”- ро дар ағбаи водии Зарафшон ба ҷарӣ чаппа кардаанд.

ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Ин кор назар ба сохтани ин лаҳзаи филм тавассути компутер воқеӣ ва ҳам барои филмсозон арзон уфтодааст. Зайниддин Орифӣ, котиби матбуоти муассисаи “Суғдсинамо” дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон аз сабти филми ҷадид бо номи “Наставник” – (Мураббӣ) иттилоъ дод.

Ӯ гуфт дар ҷараёни сабти ин филм, барои ҳайати эҷодии “Наставник” лозим омадааст, ки як мошини тамғаи Газ-52 ро баъди таъмир ба ҷарӣ чаппа кунанд, зеро дар ин ҳолат сабти филм воқеӣ ва ҳам барои онҳо камхарҷтар ҳисоб шудааст.

“Мо мошини тамғаи Газ-52 и замони шӯравиро дарёфт карда, онро таъмир ва аз сари нав рангубор кардем. Ин мошин мутобиқи филмнома бояд, ки дар роҳи ағба ба садама дучор шуда ба ҷаррӣ фурӯ равад. Ин лаҳзаро мешуд, ки аз тариқи компютер сохт, вале назар ба кору заҳмати компютер, ташкили ин кор барои мо арзонтар ва ҳам сабти саҳна воқеӣ ба навор гирифта шуд”,- афзуд Орифӣ.

 Мошине, ки дар филми “Наставник” ба садама дучор шуда ва ҷарӣ фуру меравад, воқеаи солҳои 70-уми замони Шӯравиро инъикос мекунад.

Дар пайи ин ҳодиса Раҷаб Давлатов, падари қаҳрамони марказии филм Саидмурод Давлатов, ки дар он солҳо ба сифати ронанда-экпедитор мол мекашон ба ҳалокат мерасад.

Ин воқеа дар соли 1978 дар деҳаи Дарғи ноҳияи Айнӣ рух додааст ва филмсозони “Суғдсинамо” баъди 28 сол аз замони фурупошии Шӯравӣ, тавассути саҳнаороӣ он замонро барқарор намуда ва дар ҷои ҳодиса саҳнаро ба таври воқеӣ ба навор гирифтаанд.

Масъулини “Суғдсинамо” мегуянд, филми “Наставник” (Мураббӣ) шарҳиҳолӣ буда, аз рӯзгори Саидмурод Давлатов, бунёдгузори ширкати байналмилалии рушди инсон “САМО”, қисса мекунад, ки барои бисёре аз тоҷирон намунаи ибрат мебошад.

Мазмуни филми мазкур ҳамин гуна аст, ки як ҷавон аз як деҳаи дурдасттарини Тоҷикистон алайҳи ҳама мушкилоти зиндагӣ мубориза бурда, комёб ва шуҳратёр мегардад. То расидан ба зинаи шӯҳрат айёми кӯдакии ин ҷавони рустоӣ дар як оилаи серфарзанд бо мушкилоти фаровон ба паси сар мешавад. Пас аз ҳалок шудани падар дар як сонеҳаи нақлиётӣ дар соли 1978, саробонии қаҳрамони филм ва дигар аъзои хонавода ҳамагӣ дар ихтиёри модар меуфтад.

Қаҳрамони филм барои дарёфти рӯзӣ ба муҳоҷират меравад ва дар кишварҳои ғайр низ ба зиёд мушкилот дучор омада, баъди тай намудани ин ҳама сахтиёҳои айёми ҷавонӣ билофосила ба комёбиҳои молиявӣ ноил мегардад.

Дар тасвир намудани рӯзгори қаҳрамон дар шароити муҳоҷират, филмсозон ба шаҳрҳои Маскави Русия ва кишвари Қазоқистону Қирғизистон барои сабти саҳнаҳо сафар анҷом додаанд. Барои нақшофарӣ як қатор ҳунармандони касбии соҳаи театр ва синамои Русия аз ҷумла Александр Песков, Михаил Горевой, Людмила Фирсова тими “Суғдсинамо” ро ҳамроҳӣ кардаанд.

Илнур Гафатуллин, маркази продюсерии “Футура магнум” и Русия ба наворгирии саҳнаҳои пуртазоди филмро, барои тамошобин ҷолиб ва таваҷҷӯҳбарнгез маънидод кардааст.

Масъулони “Суғдсинамо” мегуянд дар умум барои саҳнаороӣ ин филм дар умум 3 ҳазору 750 адад либосу пойафзол ба ҳисоби як мошин дар саҳнаҳои гуногун лозим шудааст.

Дар филми “Наставник” ба ҳисоби ситораҳои театр ва синамои русу, қазоқу қирғиз, аз ҷумла ҳунармандони шинохтаи кишвар Лутфулло Давлатов, Тағойимурод Розиқов, Фируза Раҳмонова, Мавлона Наҷмиддинова, Парвиз Пулодӣ иштирок мекунанд. Дар назар аст, ки филми ҳунарии "Наставник" (Мураббӣ) баҳори соли 2020 ба намоиш гузошта шавад.

749
Барчаспҳо:
мошин чаппа шудааст, мошин, "Суғдсинамо", Зарафшон, Тоҷикистон