Музей-заповедник А.С.Пушкина Михайловское в Псковской области, архивное фото

Пайкараи Пушкин моҳи оянда дар Душанбе гузошта мешавад

182
(Таҷдидшуда 16:41 29.11.2019)
Пайкараи шоири маъруфи рус Александр Пушкин дар пеши бинои Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон гузошта мешавад

ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Рӯзи 2 - юми декабри соли равон дар бинои марказии Донишгоҳи славянии Тоҷикистону - Русия  ифтитоҳи ботантанаи муҷассамаи шоири маъруфи рус Александр Сергеевич Пушкин баргузор мешавад.

Бояд гуфт, ки дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ифтитоҳи муҷассамаи ходими намоёни адабиёт ва фарҳанги рус маротибаи нахуст сурат мегирад.

Ифтитоҳи пайкараи Александр Пушкин дар шаҳри душанбе бо ҳузури сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин - Фролов, роҳбари Россотрудничества дар Тоҷикистон Михаил Вождаев ва чандин намояндагони баландмақоми ҳар ду кишвар иштирок хоҳанд кард.

Азми Русия ва қарори Рустам Эмомалӣ: дар Душанбе муҷассамаи Пушкин гузошта мешавад

Ёдовар мешавем, ки шаҳрдори Душанбе чанде қабл қарор кард ,ки дар маркази пойтахт пайкараи шоири саршиноси рус Александр пушкин гузошта шавад.

Бояд гуфт, ки пайкара бо дастгирии Вазорати фарҳанги Русия омода шуда, ба Душанбе интиқол дода мешавад.

Ёдовар мешавем, ки масъалаи гузоштани пайкараи Александр Пушкинро моҳи марти соли равон, муовини вазири фарҳанги Русия Олга Ярилова  бо муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон Зевар Давлатзода баррасӣ карда буд.

182
Барчаспҳо:
Душанбе, рус, шоир, пайкара
Нигина Амонкулова

"Гуфтиву накардӣ" : нашри суруди ҷадиди Нигина Амонқулова - видео

1206
(Таҷдидшуда 20:12 18.10.2020)
Нигина Амонқулова сарояндаи шинохтаи саҳнаи тоҷик, суруди ҷадиди худро таҳти унвони "Гуфтиву накардӣ" нашр кард

ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Нигина Амонқулова овозхони шинохтаи Тоҷикистон, дар саҳифаи Qiam Entertainment дар Ютуб, суруд ва намоҳанги нави худро пешкаши мухлисонаш гардонидааст.

Навори суруд дирӯз, 17 октябр дар шабакаи Youtube нашр шудааст. Дар давоми як рӯз ин сурудро беш аз 84 ҳазор кас тамошо карда ва зиёда аз 2 ҳазор корбар писандидааст.

Ногуфта намонад, ки ин суруди Нигина Амонқулова низ дар доираи тарҳи нави сароянда бо ширкати Qiam Entertainment сабт шудааст.

Маллифи суханони суруд Орзу Исоев буда, оҳангашро Даврони Раҳматзод эҷод кардааст. Ин суруд дар бораи ошиқест, ки маъшуқаашро қадр намекунад. 

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш сароянда тарҳи нави худ -  "Legends live forever" оғоз кард, ки дар доираи он сурудҳои машҳури ситораҳои номдори шарқро бозхонӣ мекунад. Ба гуфти Нигина ин тарҳро ба ӯ ширкати  Qiam Entertainment, ки сароянда аз оғози соли 2020 бо он ҳамкорӣ дорад, пешниҳод кардааст.

То ҳол Нигина сурудҳои сарояндаҳои шодравон  - Аҳмад Зоҳир, Муқаддас Набиева, Зафар Нозим, Муҳаммадрафеъ ва Аминҷон Сабуриро, ки ба гуфти худаш аз ҳама бештар писандаш ҳастанд, иҷро кардааст.

Нигина Амонқулова суруди Муқаддас Набиеваро бозхонӣ кард

Нигина Амонқулова дар доираи ин тарҳи ҷадид, нахустин бор ба забони ҳиндӣ сароид. Ҳамчунин дар баробари зинда кардани ёди ҳунармандони қадимӣ, Нигина дар доираи ин тарҳ, се суруди ҷадиди худро низ месарояд.

1206
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, нав, ҷадид, нашр, Нигина Амонқулова
Младенец, архивное фото

Машҳуртарин номҳои кӯдакона дар Ӯзбекистон маълум шуд

528
(Таҷдидшуда 09:25 18.10.2020)
Соли 2020 Муҳаммадалӣ ва Солиҳа номҳои маъмулӣ шуданд. Соли гузашта низ ба онҳо шумораи бештари волидон бартарӣ додаанд

ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Агентии хизматрасонии давлатии назди Вазорати адлия маълумотро дар бораи номҳои маъмул дар Ӯзбекистон, ки волидон барои кӯдакони навзод интихоб кардаанд, нашр кард.

Изабелла, Сензора, Имран: Кумитаи забон 217 номи нав илова ва 223 номи аҷнабиро рад кард

Тибқи маълумоти ин ниҳоди давлатӣ, дар соли 2020 маъмултарин номҳо Муҳаммадалӣ ва Солиҳа буданд: 1582 писар ва 1601 духтар ба ин ном гузошта шудаанд.

Тибқи омори соли гузашта, ин номҳо инчунин мавқеи аввалро ишғол мекарданд.

Ҳабибҳо бисёр шуданд: Ҳукумат гуфт, навзодҳоро зиёд Ҳабиб ном мегузоранд

Дар соли гузашта, 12 461 шаҳрванд ба фарзандони худ Солиҳа ва 11 305 шаҳрванди Ӯзбекистон ба фарзандонашон Муҳаммадалӣ ном гузоштанд.

528
Джо Байден

Дар шикасти Байден намешавад русҳоро гунаҳкор кард

0
(Таҷдидшуда 18:41 22.10.2020)
Интихобот дар Амрико ба лаҳзаҳои ниҳоӣ расид: имрӯз Доналд Трамп ва Ҷо Байден бори охир дар рафти дебат дидор хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 22 окт – Sputnik. Мумкин аст, ҳамин дидор охирин бошад, чун вазъияти ИМА имрӯз чунон шадид аст, ки ин ду нафарро намешавад якҷо тасаввур кард.

Агар ҳам муъҷизае рух диҳаду Байден дар интихобот пирӯз шавад - Трамп метавонад натиҷаи интихоботро эътироф накунад ё ками камаш ҳамаи анъанаҳоро поймол карда, ба маросими савгандёдкунӣ ҳозир нашавад.

Ва Байден ҳам ба ҳеҷ ваҷҳ ба маросими инаугуратсияи Трамп нахоҳад омад - ба ҳамин минвол рӯзи панҷшанбе барояшон рӯзе хоҳад буд, ки онҳо метавонанд бигӯянд, чӣ мехоҳанд. Ва онҳо аз ин имконият ба пуррагӣ истифода хоҳанд кард.

Трамп Байденро раҳбари гурӯҳи ҷинояткорон меномад ва талаб мекунад, ки ӯро ҳамроҳи писараш Хантер равонаи зиндон кунанд. Ҷо дар зиндон намешинад, вале вақте ӯ интихоботро бой медиҳад, расонаҳо мегӯянд, ки ӯро "сюрпризи октябрӣ" аз пой зад - яъне маводе, ки чанд рӯз қабл аз компютери Хантер дарёфт шуд, ки собиқ ноиби президентро дар фасод муттаҳам мекунад. Вале Байден бидуни ин маводҳо ҳам мағлуб мешуд, чун Трамп ба пирӯзӣ маҳкум шудааст.

Вале чигуна мешавад: назарпурсиҳо тамомии бартарияти Байденро нишон медиҳад? Набояд онҳо сохта бошанд?

Метавонанд. Чун онҳое, ки муқобили Трамп бозӣ мекунанд, метавонанд аз ҳар дурӯғе кор бигиранд.

"Ман натанҳо муқобили Байден, балки зидди расонаҳо, ширкатҳои бузурги технологӣ ("Фейсбук", "Твиттер", "Гугл") ва "ботлоқи вашингтонӣ" номзад мешавам, гуфт Трамп. Бале - ва беҳтарин тасдиқи ин вокуниши деви сесара ба далелҳои айбдоркунандаи зидди оилаи Байден буд.

Мавод дар "Ню-Йорк пост" - ро кӯшиш карданд, блок кунанд. "Гугл" онро наметавонист бихонад ва "Фейсбук" - у "Твиттер" иҷоза надоданд, ки он мавод дар саҳифаҳояшон паҳн шавад. Ва расонаҳо ҳам кӯшиш карданд, маводи баҳсбарангезро нодида бигиранд ва аксарияти сиёсатмадорон чунон вонамуд мекарданд, ки коре нашудааст.

Дар баробари ин, ҳамон замон ба тарафи Русия айбдориҳо садо доданд, маълум ки ин Русия боз ба корҳои дохилии Амрико дахолат кард ва Байденро муттаҳам намуд.

Дар ин бора натанҳо конгрессменҳо гуфтанд, балки кормандони мақомот низ. Кормандони пешин - чун директори Хадамоти ҷосусии ИМА Ҷон Рэтклифф изҳор дошт, ки маълумот дар ноутбуки Байден "қисми ягон маъракаи русиягӣ нест". Вале кормандони собиқ номаи кушод навишта гуфтаанд,, ки "таҷрибаи пешин моро водор месозад, ки дасти ҳукумати Русияро дар ин бор эҳсос кунем".

"Пайдо шудани номаҳои электронӣ дар саҳнаҳои сиёсии Иёлоти Муттаҳида, ки гӯё ба писари ноиби президенти ИМА Байден Хантер тааллуқ доранд, ки аксари онҳо аз даврае, ки ӯ дар раҳбарии ширкати Burisma дар Украина кор кардааст, нишонаҳои классикии маъракаи иттилоотии Русияро дорад".

Яъне, Русияро ба сохтани далелҳои носозгор нисбати Байден айбдор намекунанд - ҳарчанд чунин овоазҳо ҳаст - не, Русия танҳо паҳн кард. Аммо чӣ гуна - мешавад агар, ба гуфтаи Руди Ҷулиана (адвокати Трамп ва шаҳрдори собиқи Ню-Йорк), муҳтавои диски компютерии Ҳантер Байден ҳафт моҳ пеш ба ФБР супурда шуда бошад?

Яъне Маскав ин маводҳоро баҷой нигоҳ медошт ва ба "сюрпризи октябрӣ" омода мешуд, ё дастгоҳи трамп ва мушовиронаш аз ҷумла Ҷулиана ин корро карданд? Бале, Ҷулиана зертобеи Путин аст...ва ин шӯхӣ нест: чуноне сенатор Крис Мерфи изҳор дошт, "ин бор русҳо қарор карданд, ки шаҳрвандони амрикоро чун ҷосусони худ созанд. Онҳо кӯшиш мекунанд, ки пропагандаи худро дар расонаҳо ҷой диҳанд. Ва онҳо комёб шуданд. Медонед, Руди Ҷулиана акнун ҷосуси Русия аст".

Бале, албата агар худи Трамп корманди Кремл бошад, дар бораи зертобиъинаш бояд чӣ гуфт. Ханда хандаю, вале худи ҳамин баҳогузории хатои воқеъият ва ҳодиса бо оилаи Байден аллакай нишонгари пирӯзии Трамп аст. Чун рақибони ӯ дар ҷаҳони хаёлӣ ба сар мебаранд - дар ҷаҳоне, ки дар он русҳо ба рафти интихоботи ИМА дахолат мекунад.

Вале, дар воқеъ мо чизи тамоман дигарро мебинем: роҳпаймоии ҷонибдорони Трамп дар сар тосари кишвар ва вохӯрии камёби Байден бо ҷонибдорони камаш. Трампро ҳатто мусулмонон ва дигар қавмҳои аққалият низ дастгирӣ мекунанд. Набуди пурраи далелҳо оиди алоқаи русҳо бо Трамп ва фасоду дуруғгӯии оилаи Байден. 

Ва муҳимтар аз ҳама, дар ҷаҳони воқеӣ, амрикоиҳо кайҳо боз, аз элитаи сиёсии худ -  "ботлоқи Вашингтон" -и дилсард шудаанд ва аз ин рӯ ягона алтернативаи ҷиддӣ ба Трамп метавонист Сандерс бошад. Аммо маҳз ба сабаби дар система набуданаш коллективи "Байден" ӯро ба интихобот роҳ надод.

Амрикоиҳои оддӣ на дар ҷаҳони таблиғотӣ, балки дар ҷаҳони воқеӣ зиндагӣ мекунанд ва аз ин рӯ натиҷаи интихоботи 3 ноябр барояшон пешакӣ муайян аст. Ҳатто сарфи назар аз кӯшиши гардиш додани овозҳо дар "иёлатҳои ноустувор" тавассути сафарбар кардани як интихобкунандаи ғайрифаъоли демократӣ ба овоздиҳӣ тавассути почта - зеро дар он ҷо низ афзоиши овозҳо ба тарафдории ҷумҳурихоҳон дида мешавад.

Ҷаҳони ихтироъшуда 3 ноябр мағлуб хоҳад шуд, ҳатто агар баъд хаос барпо кунаду воқеъиятро напазирад, он ҳеҷ куҷо намешавад.

Гидраи се сар ба интиқом умед мебандад ва барои он кор мекунад. Ҳам дар миқёси Амрико ва ҳам ҷаҳон - ва дар ин ҷо вай ҳақ дорад, ки дар нокомиҳояш русҳоро гунаҳгор кунад.

0
Барчаспҳо:
русҳо, гуноҳ, Русия, ИМА