Академик Бободжан Гафуров, архивное фото

"Барои ба даст оварданаш даҳ бор мерам": Истиқболи гарм аз чопи “Тоҷикон” дар Кобул

288
(Таҷдидшуда 20:07 04.12.2019)
"Тоҷикон"- шоҳасари аллома ва Қаҳрамони миллии Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров дар шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистон ба нашр расид

ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Дар шаҳри Кобул, шоҳасари аллома ва Қаҳрамони миллии Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров ба нашр расид.

Ҳабиб Ҳамидзода, яке аз мубтакирони чопи ин китоб, мегӯяд, баргардони онро ба ҳуруфи форсӣ Ҷалолуддин Сиддиқӣ ва Равшани Раҳмонӣ анҷом додаанд.

Книга Таджики Бободжона Гафурова
предоставлено Ҳабиб Ҳамидзода
Книга "Таджики" Бободжона Гафурова
"Алломаи бузургвор дар Афғонистон дар миёни аҳли зиё ва таърихнигорон маҳбубияти хос доранд. Ин китоб на фақат он кас, балки таърихи тоҷиконро барои тоҷикони ин сӯи Ому муаррифӣ хоҳад кард.  Умедворем, ҳаводорон ва пажӯҳишгарони таърих аз он баҳраманд мешаванд. Мутолиаи ин асари бузургро барои ҳама, бахусус насли ҷадиди кишвар пешниҳод мекунам”, - гуфт Ҳамидзода.

Вокунишҳо ба нашри “Тоҷикон” дар шабакаҳои иҷтимоӣ нишон медиҳад, ки нашри ин китоб дар Афғонистон ба истиқболи гарм рӯбарӯ шудааст.

Шераҳмади Оршом, як донишҷӯ навиштааст, барои гирифтани ин китоб ба дӯкон рафтааст, аммо фурӯшанда гуфтааст, ки инҳо барои намоиш ҳастанд ва фурӯхта намешаванд, то рӯнамоӣ нашавад.

Вақте масъули чоп ба ӯ маслиҳат дод, ки дигарбора равад, вай навишт: "Барои ба даст оварданаш даҳ бор мерам. Бегоҳӣ ҳам мерам".

Бобоҷон Ғафуров ва нақши ӯ дар рушди Институти шарқшиносӣ дар шаҳри Маскав

"Тоҷикон" – ро интишороти Амирӣ дар Кобул омода ва ба теъдоди 1000 нусха дар Теҳрон, пойтахти Эрон чоп кардааст.

288
Барчаспҳо:
Кобул, истиқбол, нашр
На территории больницы Истиклол

Муҳаммадҷон Шодӣ аз бемористон мураххас шуд

400
(Таҷдидшуда 12:44 15.09.2020)
Муҳаммадҷон Шодӣ, ҳунарманди шинохтаи синамо ва театри тоҷик, ки ахиран бо гумони гирифторӣ бо вируси корона бистарӣ шуд, шифо ёфтааст

ДУШАНБЕ, 15 сен - Sputnik. Наздикони Муҳаммадҷон Шодӣ хабар доданд, ки ҳунарманд шифо ёфта, аз бемористон мураххас шудааст.

Ӯ ба ҳамаи мухлисон ва онҳое, ки дар рӯзҳои беморӣ дуогӯяш буданду шифои комил хостаанд, изҳори миннатдорӣ намудааст. Шодиеви 66-сола аз нимаи солҳои 80-уми асри гузашта то ҳол дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Лоҳутӣ кор мекунад.

Дар ҳамин ҳол Вазорати тандурустии Тоҷикистон, 14 сентябр хабар дод, ки тайи як шабонарӯз дар ҷумҳурӣ 39 ҳолати нави сироят ба COVID-19 ба қайд гирифта шуд.

Ин ниҳод таъкид карда буд, ки дар як шабонарӯзи охир 112 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 37 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ дар Тоҷикистон расман 9088  нафар арзёбӣ мешавад, ки 7853 нафар ё худ 86,4%-ашон шифо ёфтаанд.

400
Барчаспҳо:
театр, фарҳанг, Тоҷикистон
Книга, архивное фото

Китоби шоири тоҷик дар Эрон нашр шуд

221
(Таҷдидшуда 17:36 14.09.2020)
Интишороти Хирадгон дар Теҳрон китоби Абдуҷаббори Суруш, шоири муосири тоҷикро мунташир кард

ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Ба нақл аз сомонаи Тоҷикистон Таймз, Сафар Абдуллоҳ, донишманди тоҷики муқими Қазоқистон ва узви Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ гуфтааст, ки ин дувумин китоби ашъори Абдуҷаббори Шоҳаҳмад- мутахаллис ба Суруш мебошад, ки дар Эрон мунташир мешавад.

Қаблан маҷуъаи ашъори ин шоири тоҷик бо унвони Дарахт, Сапеда ва Ойина дар Эрон мунташир шуда буд.

Дар Тоҷикистон низ китобҳои Фарёди силсилаи хомӯшӣ, Ҷазираи танҳоӣ, Шабнами нафас, Фарёди ёдҳо, Салиби сафед ва Бишунав аз най аз ин шоири тоҷик мунташир шудааст.

Абдуҷаббори Суруш ҳамчунин китоби тафсири фарҳанги ашъори Камоли Хуҷандиро, ки шомили 17 ҳазор вожа мешавад мунташир кардааст.

Вай мегӯяд, ки барои таҳқиқи ашъори Камоли Хуҷандӣ ва интишори ин китоб 20 сол заҳмат кашидааст.

221
Барчаспҳо:
Эрон, нашр, китоб, шоир, Тоҷикистон
Парламентские выборы в Таджикистане

Мастчоҳ ба интихоботи президентӣ омодааст: ифтитоҳи 35 участкаи интихоботӣ дар ноҳия

0
(Таҷдидшуда 19:39 18.09.2020)
Мақомоти ноҳияи Мастчоҳ ҷидди ба интихоботи президентӣ омодагӣ гирифтааст. Дар ноҳия 35 участкаи интихоботӣ таъсис дода шудааст

ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд, дар ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ ба баргузории интихоботи Президенти Тоҷикистон, ки санаи 11-уми октябри соли 2020 баргузор мегардад, омодагӣ гирифтааст.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Бино ба иттилои​ Ҳотамбек Аҳмадзода, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ​ омодагиҳо ба интихоботи президентӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, маводи иттилоотӣ дастраси аҳолӣ ва шиору овезаҳо дар гӯшаву роҳравҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ насб гардидаанд.

Гуфта шудааст, ки дар ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ як ҳавза ва 35​ участкаи интихоботӣ таъсис дода шудааст.

Шумораи умумии интихобкунандагон дар ҳавзаи №39-и ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ 14987 нафар буда, аз инҳо 429 нафарашон бори аввал дар интихобот ширкат мекунанд.

Мутобиқи қарори муштараки Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2020 интихобот дар Тоҷикистон 11 октябри соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд.

0
Барчаспҳо:
мақомот, таъсис, участкаҳо, Интихоботи президентӣ, интихобот, Тоҷикистон