Баходур Миралибеков, архивное фото

Миралибеков "Гамлет" - и Шекспирро рӯйи саҳна овард

83
Фардо, 7 - уми декабр нахустнамоиши спектакли "Гамлет" дар театри Лоҳутӣ пешкаши тамошобинон хоҳад шуд. Спектакли мазкурро Баҳодур Миралибеков рӯи саҳна овардаст

Санаи 7 декабр, соати 14:00 нахустнамоиши спектакли "Гамлет"-и Театри русӣ-драмавии ба номи Владимир Маяковскийи шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Чун театри мазкур бино надорад, намоиш дар ошёнаи 3-юми театри Лоҳутӣ пешкаши тамошобин хоҳад шуд.

"Гамлет" фоҷеаи бемисли драматурги инглис Виллиам Шекспир буда, онро саррежиссёри театр Баҳодур Миралибеков рӯйи саҳна овардааст. Нақши "Гамлет"-ро ҳунарпешаи театр Хуршед Мустафоев иҷро мекунад. Ҳамчунин ӯ ба сифати ёвари режиссёр, ороишгари либос ва мусиқӣ дар ин намоиш саҳм гирифтааст.

"Хоби ҳамдуна"-и коргардони тоҷик дар ҷашнвораи байналмилалӣ ҷоиза гирифт

Аъзои шӯрои бадеии назди Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, театршинос Муҳаммадулло Табарӣ, ки дар рӯзи қабули намоиш ширкат дошт “Гамлет”-ро яке аз корҳои барҷастаи режиссёр Баҳодур Миралибеков арзёбӣ мекунад:

"Дар 1 соату 40 дақиқа режиссёр тавониста, ки бо шеваи ҷадид, ба суоли асосии Шекспир – “Быть или не быть” посух ҷӯяд. Ҳоло нахустнамоиш нашудааст, вале бовар дорам, ки тамошобинро як спектакли диданӣ ва андешиданӣ интизор аст", - изҳор намудаст Муҳаммадулло Табарӣ.
83
Барчаспҳо:
театр, саҳна, Баҳодур Миралибеков
Историк Гафур Шерматов

Рӯнамоии китоби таърихнигори тоҷик дар бораи Ҷанги Бузурги Ватанӣ: видео

49
(Таҷдидшуда 11:38 08.08.2020)
Таърихнигори тоҷик Ғафур Шерматов китоби худро дар бораи аҳамияти иштироки Тоҷикистон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ муаррифӣ кард

ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Рӯнамоии китоби тозанашри таърихшинос оид ба ҶБВ дар Маркази илму фарҳанги Русия сурат гирифтааст, дар ин бора телевизиони “Мир 24”гузориш додааст.

Китоби тозанашр "Ҷанг ва Ғалаба. Тоҷикистон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ"  унвон дошта, муаллиф барои таҳияи он панҷ сол заҳмат кашидааст.

Собиқадори ҶБВ аз Тоҷикистон, чӣ гуна пулемёти ҷангиашро дар осорхонаи Маскав шинохт?

Ба гуфтаи Шерматов, тамоми саҳмҳо ва ҷангҳоеро, ки зодагони ҶШС Тоҷикистон кардаанд, дар як китоб ҷой додан номумкин аст, аммо ӯ дар матн муҳимтарин марҳилаҳои Ҷанги Бузурги Ватаниро, ки ба  Тоҷикистон рабт дорад, қайд кардааст.

Аз Сталинград то Берлин: саргузашти собиқадори 112-солаи ҶБВ аз Тоҷикистон

Аксари сафҳаҳои китоб ба ҳаёти аҳолии ҷумҳурӣ дар рӯзҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ бахшида шудаанд.

Дар муаррифии китоб инчунин намояндагони пойгоҳи низомии 201-и Русия ва сафири фавқулодда ва мухтори Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов ширкат варзиданд.

49
Барчаспҳо:
таърих, рӯнамоӣ, Ҷанги Бузурги Ватанӣ, муҳаққиқ, Ғафур Шерматов
Народний артист Таджикистана Афзалшо Шодиев

Мақоми нави Афзалшоҳ Шодиев баъди барканорӣ аз раҳбарии Филармония ва муддате истироҳат

2908
(Таҷдидшуда 16:43 06.08.2020)
Ҳунарманди шинохтаи тоҷик, пас аз барканорияш аз раҳбарии Филармонияи давлатӣ тӯли шаш моҳ дар истироҳат буд. Қаблан гуфта буд , ки вақти холигияшро мехоҳад сарфи эҷод кунад.

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Афзалшоҳ Шодиев, ҳунарманди шинохтаи тоҷик, ки моҳи феврали соли ҷорӣ аз вазифаи раҳбарии Филармонияи давлатӣ барканор шуда буд, мақоми нав гирифт, дар ин бора бародари ӯ Набиҷон Шодиев дар сафҳаи фейсбукияш хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, ҳунарманди шинохта роҳбарии Муассисаи давлатии "Ансамбли тарона ва рақси "Сомон" таъйин шудааст.

Таъйини раиси нав дар Филармонияи давлатӣ: Афзалшоҳ Шодиев барканор шуд

Гуфта мешавад таъйини Афзалшоҳ Шодиев ба ин мақом бо фармони вазири фарханг Зулфия Давлатзода  ва пешниҳоди президент Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтааст. 

Ӯ қаблан тӯли панҷ сол Филармонияи давлатиро роҳбарӣ кард ва замони барканорияш зимни суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, рафтанаш аз ин вазифа бо розигии худаш сурат гирифтаст ва аз фаъолияташ дар ин макон хурсанд аст ва мехоҳад каме ба эҷод машғул шавад.

Гиряи кормандон барои раис: Афзалшоҳ Шодиев дар бораи барканорӣ ва нақшаҳои баъдӣ

Ӯ ҳунарманди мардумии Тоҷикистон аст ва дар моҳи феврали соли 2013 дар Русия ҷоизаи "Хиради Миллат"-ро дарёфт кардааст.

 

2908

Фавти 20 сарнишини ҳавопаймо дар Ҳиндустон: аснои фурӯд омадан ду қисм шуд - навор

0
(Таҷдидшуда 15:27 08.08.2020)
Ҳавопаймои Boeing 737 аз Дубай самти Ҳиндустон парвоз мекард ва гуфта мешавад дар дохили он аз 170 то 194 сарнишин қарор дошт

ДУШАНБЕ, 8 авг – Sputnik. Дар шаҳри Коҷикоде иёлати Керале дар Ҳиндустон ҳавопаймои ширкати Air India Express аснои дар фурудгоҳ нишастан ба ду қисм тақсим шуд.

Дар ин бора собиқ вазири фарҳанг ва сайёҳати ин кишвар Алфонс Каннантанам дар сафҳаи худ дар Твиттер хабар дод.

Ба изҳори собиқ вазир қисмати аввали ҳавопаймо ҷудо шуд ва ҳамаи сарнишинонро фавран аз дохили ҳавопаймо кӯч доданд. Аммо халабону чанд сарнишини дигар бар асари ин ҳодиса ҷон бохтанд, - изҳор дошт собиқ вазир.

Каннантанам аз он изҳори хушнудӣ намуд, ки ҳавопаймо оташ нагирифт ва аз ин рӯ теъдоди қурбониёни ин ҳодисаи нохуш ҳам ба маротиб кам шудааст.

Зимнан, бар хабари расонаҳои ин кишвар, бар асари суқути ҳавопаймо дасти кам 20 нафар ҷон бохтанд ва 140 сарнишини дигар сахт ҷароҳатдор шуданд.

0