Парвина Шукруллаева

Пас аз хомӯшиҳо: нашри суруди нави Парвина Шукруллоева

3002
(Таҷдидшуда 15:19 16.12.2019)
Парвина Шукруллоева - овозхони машҳуру "гумгашта" - и саҳнаи тоҷик, пас аз хомӯшиҳо суруди нави худро дар шабакаи Youtube нашр кард

ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Парвина Шукруллоева суруди ҷадиди худро таҳти унвони "Султони дилу ҷонам" сабт ва пешкаши мухлисон кард. 

Ин сурудро Tamoshow дар Instagram ва Youtube нашр кардааст.

Суруди нави Парвина Шукруллоева - "Султони дилу ҷонам", рӯзи 14 декабр нашр шуда, то имрӯз онро беш аз 25 ҳазор кас гӯш карда, 800 корбар писандидаасту садҳо каси дигар зери он шарҳ навиштаанд.

Бештари мухлисон аз бозгашти Парвина, ки солҳост аз чашми мухлисонаш дур аст, изҳори хушнудӣ карда, ҳунари волои ӯро қайд кардаанд.

"Парвинаҷон дер, дер суруд эҷод мекунӣ, вале пурмазмуну оромкунандаи қалбҳо. Аз саҳна дур нарав, зеро саҳна санъаткороне ба мисли шуморо меписандат", - навиштааст корбаре бо номи Мусулманка.

Парвина Шукруллоева сарояндаи саршиноси тоҷик, ки солҳост аз саҳнаи санъат дур аст, пеш бо сароидани сурудҳо ба забони тоҷикӣ ва русӣ миёни мардуми Тоҷикистон шуҳрат дошт.

Рақси Парвина Шукруллоева бо писараш дар тӯй - видео

Пеш аз ин Парвина соли 2017 сурудеро таҳти унвони "Муҳаббат" сабт карда буд, ки аз ҷониби ҳаводорони ҳунараш бисёр хуш пазируфта шуд.

 

3002
Барчаспҳо:
нав, суруд
Мавзуъ
Рақси Парвина Шукруллоева бо писараш дар тӯй - видео
Ҳунраманд Ҷонибек Муродов

"Нурияҷон": нашри таронаи нави Ҷонибек Муродов-садо

217
Овозхони шинохтаи мусиқии попи тоҷик Ҷонибек Муродов таронаи нави худро пас аз чанд моҳи таваққуф пешкаши мухлисонаш кард

ДУШАНБЕ, 21 сен - Sputnik. Таронаи нави Ҷонибек Муродов  таҳти унвони “Нурияҷон” се рӯз қабл нашр шуда, мақбули ҳаводоронаш гаштааст.

Таронаи ҷадиди овозхон дар канали JM Company мунташир шуда, давоми ин муддат ҳазорҳо маротиба бозбинӣ шудаву беш аз ду ҳазор лайк гирифтааст.

Оҳанги тарона аз Муқтадо Ғарбавӣ буда, нависандаи тарона Ризо гуфта мешавад.

Қаблан Ҷонибек ҳамроҳи овозхони шинохтаи ӯзбек Юлдуз Турдиева бо забони тоҷикиӣ  “дуэт”-и “Азизи дилам”-ро сароида буд, ки аз ҷониби корбарони интернетии тоҷикону ӯзбекон хуб истиқбол шуд.

Ҳамзамон пештар аз он Ҷонибек бо падараш Ҷӯрабек Муродов, ҳунармандони номӣ таронаи “Мусофир”-ро ба муҳоҷирон бахшида буданд.

217
Барчаспҳо:
тарона, Ҷонибек Муродов, овозхон, Тоҷикистон
Персидская вязь

"Нома ва номанигорӣ дар Шоҳнома": дар Эрон китоби Ҷӯрабек Назриро бознашр карданд

86
Ин китоб бо ҳимояти Муассисаи фарҳангии ЭКО ба эҳтимом ва вироиши Ҳасани Қарибӣ ва ба ҳиммати интишороти “Орван” мунташир шуд

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Дар Эрон асари "Нома ва номанигорӣ дар Шоҳнома"-и шодравон Ҷӯрабек Назриро бознашр кардаанд. Дар ин бора "Парс тудэй" гузориш медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, тарҷумаи форсии китоби "Нома ва номанигорӣ дар Шоҳнома", асари равоншод Ҷурабек Назрӣ ва Алимуҳаммади Хуросонӣ бознашр шуд.

"Ин китоб бо ҳимояти Муассисаи фарҳангии ЭКО ба эҳтимом ва вироиши Ҳасани Қарибӣ ва ба ҳиммати интишороти “Орван” мунташир шуд", - менависад манбаъ.

Ин китоб пас аз даргузашти нобаҳангоми равоншод Ҷурабек Назрӣ бар асари куруно ба поси хадамоти он устоди фақид бознашр шудааст.

Доктор Фатҳуллоҳ Муҷтабоӣ гуфтааст, ин асар бахше аз таърихи адабиёти форсӣ дар Эрони фарҳангӣ аст.

Асли ин китоб ба хатти кириллӣ аст, ки барои аввалин бор дар даҳаи ҳаштоди хуршедӣ нусхаи баргардоншудаи он ба хатти форсӣ ва ба теъдоди маҳдуд бо муқаддимаи доктор Алиасғари Шеърдӯст, сафири вақти Эрон дар Тоҷикистон дар Душанбе ба нашр расид.

"Бо таваҷҷуҳ ба интишори ин китоб дар авоили даврони истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эрондӯстии мантиқии тоҷикон дар саросари ин асар ошкоро нуҳуфтааст", - менависад "Парс тудэй".

86
На улице в городе Душанбе, архивное фото

Обу ҳаво: имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад

0
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда ва камабри бебориш мешавад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда ва камабри бебориш мешавад.    Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 4+9 ва рӯзона 22+27  дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона аз 1-6 ва дар баъзе ноҳияҳо то 10-12 дараҷа хунук,  рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд камабр  ва тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) дар назар аст.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8  ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 8+13 ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 2+7  ва рӯзона 17+22  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабри  бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ  бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 8+13 ва рӯзона 25+30  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 7+12 ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.

Борон намеборад: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 6+11 ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 5+10 ва рӯзона 18 +23 дараҷа  гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешбинӣ шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7  метр дар як сония  мевазад. Ҳаво шабона 7+9  ва  рӯзона 27+29 дараҷа гарм мешавад.

0