Академик Бободжан Гафуров, архивное фото

“Тоҷикон” и Бобоҷон Ғафуров дар Бадахшони Афғонистон рӯнамоӣ шуд

179
Имрӯз, чоршанбе, 18 декабр пас аз зуҳр нахустин рӯнамоии китоби “Тоҷикон” – и аллома Бобоҷон Ғафуров дар шаҳри Файзобод, маркази маъмурии вилояти Бадахшони Афғонистон баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik.  Маҳфили рӯнамоӣ аз сӯи Муҷтамаъи ҷомеаи мадании Бадахшон бо ҳамкории консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Файзободи Бадахшони Афғонистон созмондеҳӣ шудааст.

Ҳабиб Ҳамидзода, виростори чопи ҷадиди китоб ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар ин маҳфил намояндагони ҳукумати маҳалливу фарҳехтагони Бадахшон, устодони донишгоҳ ва донишҷӯёни шаҳри Файзобод ширкат карданд.

Олимҷон Султонов, консули Тоҷикистон дар шаҳри Файзободи Бадахшон дар сухани муқаддимавии худ аз нақши Бобоҷон Ғафуров дар давлатдории тоҷикон ва эҳёи таърихнигории тоҷик дар замони Шӯравӣ сӯҳбат карда, нашри дубораи он дар Афғонистонро иқдоми хубе барои шинохти муштаракоти таърихии ду кишвар арзёбӣ кард.

Мужда Фоиз Нур, раиси Донишгоҳи улуми иҷтимоии Донишгоҳи Бадахшон, суханрони дигари ин маҳфил, гуфт, аллома Бобоҷон Ғафуров дар китоби “Тоҷикон” торикиҳое аз таърихи Мовароуннаҳру Хуросонро равшан карда, нишон медиҳад, ки миллатҳои минтақаи кунунии Осиёи Марказӣ дар баробари муштаракоти фарҳангӣ умумиятҳои таъърихӣ низ доранд ва ин далел онҳоро барои ҳамгироӣ ва ҳамкориҳои бештар савқ медиҳад.

  • Книга Таджики Бободжона Гафурова
    Книга "Таджики" Бободжона Гафурова
    предоставлено Ҳабиб Ҳамидзода
  • Презентация книги Таджики Бободжона Гафурова в Афганистане
    Презентация книги "Таджики" Бободжона Гафурова в Афганистане
    © Sputnik
1 / 2
предоставлено Ҳабиб Ҳамидзода
Книга "Таджики" Бободжона Гафурова

Дар интиҳои маҳфил консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Файзободи Бадахшони Афғонистон ба шуморе аз ниҳодҳои ҳукуматии маҳаллӣ, афроди барҷастаи сиёсиву фарҳангӣ ва намояндагони ҷомиаи маданӣ нусхаҳои “Тоҷикон” – ро тақдим кард.

 “Тоҷикон” - шоҳасари таърихии Қаҳрамони миллии Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров чанде қабл бо ибтикори Ҳабиб Ҳамидзода ва интишороти Амирӣ ба теъдоди 1000 нусха дар шаҳри Теҳрони Эрон бозчоп шуд. Сармоягузории молиявии онро Аҳмад Валӣ Масъуд, раиси Бунёди Аҳмадшоҳи Масъуд анҷом додааст. Ин китоб бори аввал соли 1984 дар замони ҳукмронии режими коммунистии Афғонистон ба чоп расида, баргардони онро ба ҳуруфи форсӣ Ҷалолуддин Сиддиқӣ ва Равшани Раҳмонӣ анҷом додаанд. Рӯнамоии “Тоҷикон” дар Кобул, пойтахти Афғонистон ҳафтаи оянда баргузор хоҳад шуд.

179