Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Шӯрои уламо ба гунаҳкорон роҳи дурусти тавба ва 3 шартро гуфт

518
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ба гунаҳкорон се шарти асосии роҳи дурусти тавбаро ироа кардааст

ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Муҳаммадҷон, корбари сомонаи Шӯрои уламо аз ин ниҳод суол кардааст, ки тавбаро чӣ гуна мекунанд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook

Шӯро посух додааст, тавба се шарт дорад, ки якум шахс аз гуноҳ пушаймон шавад, дуюм аз гуноҳ худдорӣ кунад ва сеюм қасди бозгашт ба он гуноҳ накунад.

“Тавбаи инсон вақте дуруст мешавад, ки ҳамаи шартҳои он ба ҷо оварда шавад. Яъне аз гуноҳи худ комилан пушаймон гардад, аз гуноҳ даст кашад ва тасмими қатъӣ гирад, ки ҳаргиз дигар он гуноҳро такрор накунад”, - тавзеҳ додаст Шӯрои уламо.

Ин ниҳод таъкид намудааст, вақте инсон аз гуноҳаш сидқан тавба кунад, умед аст, ки тавбааш пазируфта шавад, зеро Худованд ба Расулаш (с) хитоб карда, мефармояд:

“Бигӯ: “Эй бандагони Ман, ки бар худ аз ҳад таҷовуз кардед, аз раҳмати Худо ноумед машавед. Ҳар оина, Худо ҳамаи гуноҳонро якҷо меомурзад; ба ростӣ ки Ӯ ҳамоно Омурзгори Меҳрубон аст”, - иқтибос оварда шудаст аз сураи “Зумар”.

Шӯрои уламо илова намудааст, ки дар ҳадиси шариф Расули акрам (с) фармудаанд, “тавбакунанда аз гуноҳ ба мисли ин аст, ки ҳаргиз гуноҳе накардааст”. Худованд ба ҳамаи бандагони гунаҳгор тавфиқи тавба ато намояд ва ба роҳи рост ҳидоят фармояд, хулоса кардааст Шӯрои уламо.

518
Барчаспҳо:
бегуноҳ, бахшиш, Хонаи Худо, Шӯрои уламо, Тоҷикистон
Занавес в театре, архивное фото

Аз либоси номувофиқ то набуди устодони касбӣ: камбудиҳои санъати тоҷик ифшо шуд

176
(Таҷдидшуда 12:18 27.11.2020)
Камбудиҳои соҳаи санъати тоҷик ва ба вижа ширкаткунандагони озмуни "Тоҷикистон — Ватани азизи ман" ошкор шуд

ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Дар қасри фарҳанги ба номи Ҳоҷӣ Абдулазизи ноҳияи Рашт ҳунармандон аз ноҳияҳои Лахш, Тоҷикобод, Нуробод, Сангвор, Рашт ва шаҳри Роғун, ки дар даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикистон — Ватани азизи ман" ғолиб омада буданд, барномаҳои ҷолибу диданиро пешниҳоди ҳакамон гардониданд, хабар медиҳад нашриёти "Садои мардум".

Ҳамин тариқ, ҳайати ҳакамон ғолибони даври дуюмро аз рӯи талаботи низомномаи озмун ба тариқи зайл муайян намуданд: шаҳри Роғун — 8 нафар, ноҳияи Рашт-5, ноҳияи Тоҷикобод-3, ноҳияи Сангвор-3, ноҳияи Лахш -2 ва ноҳияи Нуробод 1 нафар.

Набуди устодони касбӣ

Яке аз мушкилоти ҳунармандон набуди истодони кабӣ гуфта мешавад.

Ҳунарнамоӣ ва шавқу рағбати наврасону ҷавонон гувоҳи он аст, ки онҳо барои сайқал додани ҳунар талош менамоянд, аммо бинобар набудани устодони касбӣ ва фаъолияти хуби мактабҳои мусиқӣ ба натиҷаи дилхоҳ расида наметавонанд.

Навозандагон дар навохтани асбобҳои мусиқӣ чандон моҳир набуданд ва дар чанд маврид оҳанг­ҳои интихобшуда хуб иҷро нашуданд. Хуб мебуд, ки масъулини соҳа ин нуктаро ба назар гиранд ва барои ансамбли навозандагон беҳтарин мутрибонро ҷалб кунанд.

Санъаткорони ҷавон бештар маврид дар интихоби матни суруд низ ба иштибоҳ роҳ доданд. Шеърҳое аз тарафи онҳо интихоб шуданд, ки ба талаботи низомномаи озмун ҷавобгӯ набуданд. Дар ин маврид ба омӯзгорони фанҳои забон ва адабиёти тоҷик зарур аст, ки ба онҳо дасти ёрӣ дароз намоянд.

Либоси номувофиқ

Манбаъ менависад, ки интихоби либос низ бояд ба назар гирифта шавад. Санъаткор аз кадом жанр ҳунарнамоӣ мекунад, ояд либос ба он мувофиқ бошад. Мақсади озмун дар баробари пайдо намудани чеҳраҳои нав, эҳё намудани суруд­ҳои фаромӯшшуда мебошад. Масъулини соҳа мебоист сари ин масъала низ андеша мекарданд.

Бояд омодагӣ барои ширкат дар озмун аз оғози сол шурӯъ шавад ва масъулини соҳа дар ҳамкорӣ бо шуъбаҳои маорифи ноҳияҳо нақшаи чорабинӣ дошта бошанд.

Бо вуҷуди баъзе аз камбудиҳо гуфтан мумкин аст, ки озмуни зикршуда дар Раштонзамин натиҷаи хуб дод. 21 санъаткор дар давраи ниҳоӣ иштирок мекунанд.

176
Барчаспҳо:
ҳунармандон, дарёфти камбудиҳо, камбудиҳо, Рашт
Театр имени Маяковского в Москве

Намоишномаи театри Тоҷикистонро беш аз 200 ҳазор нафар тамошо карданд

147
(Таҷдидшуда 21:06 26.11.2020)
Намоишномаҳои Ҷашнвораи дуюми театрҳои русии хориҷиро, ки дар Маскав аз 16 то 22 ноябр баргузор шуд, беш аз 1 миллион нафар тамошо карданд

ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Намоишномаҳои Ҷашнвора тайи тақрибан як ҳафта дар саҳнаи театрҳои “Et Cetera" ва "Современник" намоиш дода шуда, маҷмӯан онҳоро беш аз 1 миллиону 100 ҳазор нафар тамошо карданд, хабар дод котиботи лоиҳа.

Манбаъ таъкид кард, ки дар ин ҷашнвора ҳайати театрҳои русӣ аз Абхазистон, Белорус, Қазоқистон, Молдова, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон иштирок кардаанд. Онҳо асарҳои классикии адабиёти ҷаҳонӣ аз Шекспир то Стейнбекро ба саҳна гузоштанд, ки тариқи онлайн дар интернет низ намоиш дода мешуданд.

Александр Калягин, раиси Иттифоқи ходимони театри Русия, зимни истиқболи иштирокдорони ҷашнвора гуфт, ин ҳамоиш дуюм бор баргузор шуда истодааст, аммо аллакай равобити дӯстию фарҳангиро миёни иштирокдорон ба вуҷуд овардааст.

Тоҷикистонро дар ҷашнвора, Театри драмаи русии ба номи Маяковский намояндагӣ кард, ки дар шаҳри Душанбе аз соли 1937 фаъолият дорад. Ҳайати театри Тоҷикистон дар ҷашнвора намоишномаи “Ҳамлет”-и коргардон Бодурбек Миралибековро иҷро намуданд, ки ба гузориши баргузоркунандагон, онро беш аз 200 ҳазор нафар тамошо карданд.

147
Барчаспҳо:
намоишнома, Русия, Тоҷикистон
Мужчина совершает молитву на кладбище

Даргузашти Гев Лоҳутӣ - писари Абулқосим Лоҳутӣ дар Маскав

285
(Таҷдидшуда 21:37 27.11.2020)
Гев Лоҳутӣ, фарзанди дуввуми шоири маъруфи тоҷик, хабарнигор, адабиётшинос ва узви Иттиҳодияи адибони Маскав аст

ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Гев Лоҳутӣ - писари Абулқосим Лоҳутӣ даргузашт, хабар медиҳад рӯзномаи "Тоҷикистон" дар истинод ба Феликс Лоҳутӣ, писари Гев.

Гев Лоҳутӣ, фарзанди дуввуми шоири маъруфи тоҷик, хабарнигор, адабиётшинос ва узви Иттиҳодияи адибони Маскав буд.

Аз Абулқосим Лоҳутӣ ва Ситсилия –Бону чор фарзанд – Далер, Гев, Ҳотия ва Лайло тавлид шудаанд, ки як умр дар Маскав зистанд.

Гев Лоҳутӣ солҳои охир бемор буд ва дар садади навиштани китоби ёддоштҳо дар бораи падараш ба бемористон интиқол ёфт.

Гев, ки соли равон 83- сола шуд, нигаҳдорандаи бойгонии падар буд. Лайло Лоҳутӣ дар як суҳбат гуфта буд, ки сурудҳои дар асоси эҷодиёти падараш эҷодшуда дар хонаи Гев нигаҳдорӣ мешавад ва онҳо ҳар вақт онро мешунаванд.

Дар меҳмонии Лоҳутӣ ва Н. Махсум: сирҳои нуҳуфтаи тоҷикон аз “Хонаи назди соҳил”-и Маскав

Фелекс қаблан хабар дода буд, ки "Чанде пеш падарам баъзе матлабҳои солҳои пеш дар бораи бобоям дар рӯзномаҳо чоп кардаашро ҷамъ овард ва аз ман хост, ки аз онҳо нусха бигирам. Ӯ мехост, ки онҳоро дар китобе гирдиҳам оварад ва дар саҳифааш дар Фейсбук ҷой диҳад".

285