Ҷавонон бо парчам, акс аз бойгонӣ

Истиқболи Чоршанбе дар Душанбе: Ӯ гуфт, ин пирӯзии ҳамаи мост-видео

805
(Таҷдидшуда 15:02 23.12.2019)
Садҳо нафар ҳаводор имрӯз дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Чоршанбе Аловатов, ғолиби озмуни Central Asia Got Talent истиқбол карданд

ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Дар маросими истиқбол, баробари наздикону ҳаводорон, инчунин шумори зиёди рӯзноманигорон ва мақомдорони тоҷик иштирок карданд.

Аловатов дар хитоб ба мардуми Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ карда, гуфт, “ин танҳо пирӯзии ман нест, пирӯзии ҳамаи мардум аст, ки ба ман овоз доданд”.  Чоршанбе инчунин ба падараш овозхони шинохтаи Тоҷикистон – Ақназар Аловатов изҳори миннатдорӣ кард, ки солиёни зиёд ба фарзанд нозукиҳои ҳунарро омӯзондаст.

Маросими истиқболи овозхони ҷавонро ҳаводорони зиёд, аз ҷумла рӯзноманигори тоҷик, Маҳин Даврон дар саҳифааш нашр кардааст.

Аловиддин Абдуллоев, ҳунарманди шинохтаи тоҷик, довари озмуни Central Asia Got Talent аз Аловатов тавсиф кард, ки ба ҷонибдорияш на танҳо тоҷикистониён овоз доданд, балки дар Қазоқистон, Узбакистон ва Қирғизистон низ овози зиёд гирифтааст.

Овозхони ҷавони тоҷик 22 декабр дар пайи овоздиҳии сокинони Осиёи Марказӣ дар шаҳри Нурсултон ғолиби озмуни Central Asia Got Talent ва соҳиби ҷоизаи асосӣ - 10 миллион тангаи қазоқӣ, муодили беш аз 1,6 миллион рубли русӣ эълон гардид.

Аловатов дар даври ниҳоии озмуни минтақавии истеъдодҳо суруди попурӣ - аввал ба забони итолиёвӣ баъд ба забони тоҷикӣ хонд.

805