Трудовые мигранты, архивное фото

Ман ёди диёр кардаам.... Нашри суруди нави Фараҳманд дар бораи ғарибӣ

369
(Таҷдидшуда 16:39 24.12.2019)
Фараҳманд Каримов овозхони хушсадои тоҷик суруди нави худро дар мавзӯъи ғарибӣ ба нашр расонидааст, ки он мушкилӣ ва ранҷҳои зиёди кору шароити муҳоҷирону ғарибонро инъикос мекунад

ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Ин суруди нави Фараҳмандро дар шабакаи Ютуб, гурӯҳи Ozarakhsh & Farzona  ба нашр расонидааст. Матни суруд аз ҷониби шоир Толиб Озарахш, ки гуфта мешавад амаки овозхон аст, иншо шудааст.

Барои сапти ин суруди тозааш, овозхон аз тасвирҳое истифода кардааст, ки шароити муҳоҷиронро ифода мекунанд.

Мушкили дарёфти ҷои кор дар муҳоҷират, иҷрои корҳои сангини зери ҳавои сард дар сохтмонҳо, шароити нобаробари кору макони зист аз ҷумлаи сахтиҳои шароити ғарибӣ будаанд, ки ин ҳама дар иҷрои ин суруд инъикос ёфтаанд.

Дар мулки ғарибӣ рӯзон чӣ сиёҳанд,

Рӯзони ғарибон ҳама дарду ҳама оҳанд........

Дар мулки ғарибӣ шабҳо чӣ дарозанд,

Шабҳои ғарибон пури ранҷу пури розанд...

Ёрон, ёрон, мусофирӣ осон нест,

Бо бешу камаш баробарӣ осон нест.

Як бурдаи нон ба қимати ҷон ояд,

Ҷонро наниҳода нонбарӣ осон нест.....

Ман ёди диёр кардаам, модарҷон,

Ёди рухи ёр кардаам, модарҷон.

Монанди парандае, ки гарде ҷӯяд,

Оҳанги баҳор кардаам, модарҷон..

Дар мулки ғарибӣ рӯзон чӣ сиёҳанд,

Рӯзони ғарибон ҳама дарду ҳама оҳанд........

Дар мулки ғарибӣ шабҳо чӣ дарозанд,

Шабҳои ғарибон пури ранҷу пури розанд...

Баробари пош хурдани давлати шӯравӣ, сохти сиёсиву иқтисодӣ барои ҳамаи кишварҳои ҳамёни ин иттиҳоддавлат дигар шуд ва адами шароит зарурати муҳоҷиршавии шаҳрвандон барои аксар давлатҳои Осиёи Миёна ба вуҷуд омад ва ҳоло ҳам ин раванд ҳамчунон идома дорад. Ҳоло акнун наздик ба се даҳсола аст, ки як бахши аъзами аҳолии давлатҳои ин сарзамин таъмини хонаводагии худро, умдатан  аз роҳи кору заҳмати муҳоҷират дарёфт мекунанд.

Бино ба маълумотҳои оморӣ, аксар шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Миёна муҳоҷират дар Русияро интихоб кардаанд. Аз ҷумла шаҳрвандони кишвари Тоҷикистон, ки шумори онҳо садҳо ҳазор  арзёбӣ мешавад.

Ин аст, ки аксар овозхонҳо то ин дам низ борҳо намоҳангу сурудаҳои худро ба ин мавзӯъ бахшида ва муҳоҷиронро ноноварону бахтоварони хонаводаҳо тавсиф кардаанд.

369
Барчаспҳо:
муҳоҷирон, мушкил, нашр, суруд, тоҷик, овозхон
Ҳунармандм мардумии Тоҷикистон Сурайё Қосимова

"Интихоби дуруст:" Талабшо Муқимов дар бораи издивоҷи Сурайё Қосимова

616
(Таҷдидшуда 21:02 26.09.2020)
Рӯзноманигори машҳури тоҷики муқими Амрико Талабшо Муқимов издивоҷи примаддонаи саҳнаи тоҷик Сурайё Қосимоваро шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 26 сен - Sputnik. Талабшо Муқимов рӯзноманигори шинохтаи тоҷики муқими Амрико мегӯяд, мардуми сайёра ба космос сафар мекунанд, вале вазифаи бархеҳо ғайбату киноя аст.

Ӯ издивоҷи примаддонаи саҳнаи тоҷик Сурайё Қосимоваро бо Пӯлод Шаропов шарҳ дода, навиштааст, ки Сурайё Қосимова ҳамеша интихоби дуруст дорад.

"Касе метавонад, худро хушбахтару ободтар кунад Ошаш шавад! Агар 200 сола бошиву бо сини 20 никоҳи ҳалол бастӣ боз ҳам ош шавад! Ишқ сарҳад надорад! Вазифаи дӯстдоштаи баъзе нафарон ғайбат, бахилӣ ва хандаҳои бемазмун аст... Мардуми дунё ба Космос сафар доранд ва дар дигар сайёраҳо зиндагӣ ва корҳои илмӣ пеш мебаранд. Мо устои пеши пеши "Комментария". Пеш аз муҳокимаи нафаре ҳар кас аз худ аввал пурсад, ки ақалан қутии гӯгирд "спичка" сохта метавонад ё не?. Сурайё Қосимова - Ҳунарманди нотакрор, зани бисёр зебо ва инсони беҳад нексиришт аст! Ҳамеша ақли комил ва интихоби дуруст дорад!", - навиштааст Талабшо зери акси якҷоя бо хонум Сурайё Қосимова.

Ёдрас мешавем, ки никоҳи ин бонуи ҳунар бо Пӯлод Шаропов, ки аз ҷиҳати синну сол аз ҳам фарқияти зиёд доранд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсу мунозираҳои зиёдеро барангехт. 

Нафаре аз доираҳои наздики Шабнами Сурайё, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҷавон чанд сол ошиқи ҳунарманд буд.

"Дар шабакаҳои иҷтимоӣ менависанд, ки гӯё ҷавон барои пулу моли хонум Сурайё ӯро ба занӣ гирифтааст. Дурӯғи маҳз аст! Ҳаминро метавонам гӯям, ки ӯ солҳо боз ошиқи Сурайё Қосимова буд ва худаш ҳам марди доро аст", - изҳор дошт манбаъ.

Издивоҷи Сурайё Қосимова бо ҷавони 32-сола - навори никоҳ корбаронро "шӯронид"

Аммо нафароне низ пайдо шудаанд, ки дахолати дигаронро ба ҳаёти шахсии ҳунарманд танқид карда, ба навхонадорон хушбахтӣ тамано кардаанд.

616
Барчаспҳо:
интихоб, Сурайё Қосим, издивоҷ
Выступление ансамбля, архивное фото

Фарҳангиёни Ӯзбекистон ба Тоҷикистон меоянд

239
(Таҷдидшуда 15:33 26.09.2020)
Меҳмонон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз ду шаҳри Ҷумҳурии Тоҷикистон - Хуҷанд ва Душанбе боздид хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Сафари намояндагони аҳли илму адаб ва фарҳангии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон аз 26 то 28 сентябр дар назар аст.

Меҳмонони Ӯзбекистон 26 сентябр аз ёдгориҳои бостонии "Қалъаи Хуҷанд"-и шаҳри Хуҷанд ва Хона—музейи Камоли Хуҷандӣ боздид менамоянд.

Хабаргузории "Ховар" бо такя ба ба Вазорати фарҳанг навиштааст, ки аҳли илму адаб ва фарҳанги Ӯзбекистон 27 сентябр  дар Душанбе  аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон боздид менамоянд. Сипас дар ин макон мизи мудаввар бо иштироки ҳайатҳои намондагони доираи илму адаб ва фарҳанги ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон зери унвони “Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо” доир мегардад.

Инчунин дар ин рӯз меҳмонон аз "Кохи Наврӯз", Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳо ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн дидан менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки  аз 10 то 14 октябри соли 2017 дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардиданд, ки мақсади он мустаҳкам намудани равобити фарҳангии ду давлати бо ҳам дӯсту бародар- Тоҷикистон ва Ӯзбекистон буд.

Инчунин аз 11 то 15 ноябри соли 2019  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардиданд.

Ҳамчунин моҳи марти соли 2018 дар шаҳри Душанбе барномаи фарҳангии муштараки «Шоми дӯстӣ» бо иштироки устодони санъати ҳарду мамлакат баргузор гардида буд.

239
Барчаспҳо:
фарҳанг, фарҳангиён, ҳукумати Ӯзбекистон, Тоҷикистон
Флаг Ирана

Эрон аз мубодилаи маҳкумони эронӣ ва тоҷикистонӣ хабар дод

0
(Таҷдидшуда 19:14 26.09.2020)
Мақомоти Эрон аз мубодилаи ду маҳкуми эронӣ ва тоҷикистонӣ ва интиқоли яке аз маҳкумони эронӣ аз Қазоқистон ба кишвар хабар дод

ДУШАНБЕ, 26 сен - Sputnik. Маҳмуди Аббосӣ, муовини ҳуқуқи башар ва умури байналмилали вазири додгустарӣ ва раиси Кумитаи интиқоли маҳкумони Эрон,  иттиҳоми ин афродро қочоқи маводи мухаддир унвон кард ва ба афроде, ки ба кишварҳои Осиёи Миёна ва минтақаи Қафқоз сафар мекунанд ҳушдор дод, муҷозотҳои сангине дар қиболи иртикоби ҷурм бавижа қочоқи маводи мухаддир ва маводи равонгардон дар интизори онҳо аст, иттилоъ додааст ИРНА.

Оқои Аббосӣафзудааст, ки интиқоли маҳкумон илова бар инки тобеи иродаи сиёсии кишварҳо аст ва ҳазинаи сангине бар байтулмол таҳмил мекунад, инъиқоди мувофиқатномаи маҳкумон илзоман ба маънеи интиқол нест ва ин мавзу ба иродаи сиёсии кишварҳо бар мегардад, бинобар ин таъкиди мо бар худдорӣ аз иртикоби ҷурм аз ноҳияи афрод ва пешгирӣ аз вуқуъи ҷурм тавассути дастгоҳҳои масъул аст.

Раиси кумитаи интиқоли маҳкумон изҳор дошт, ҳамкории хубе байни вазорати додгустарӣ ва муовинати умури иҷтимоӣ ва пешгирӣ аз вуқуъи ҷурми қувваи қазоияи Эрон шакл гирифта ва бояд аз руйкарди ҳамаҷонибаи муовини умури иҷтимоӣ ва пешгирӣ аз вуқуъи ҷурми қувваи қазоияи Эрон ташаккур ва қадрдонӣ кунем, ки зимни мувофиқат бо ташкили кори гуруҳи пешгирӣ аз вуқуъи ҷурм дар Кумитаи ҳуқуқӣ ва қазоии ҳимоят аз эрониёни хориҷ аз кишвар, заминаи муносибе барои пардохтан ба ин мабоҳис дар қиболи эрониёни хориҷ аз кишвар фароҳам карданд.

0
Барчаспҳо:
табибони эронӣ, тоҷикистонӣ, мубодила, маҳбус, интиқол, маҳкум, Эрон, Тоҷикистон