Зрители на концерте, архивное фото

Шабнам гирён шуд: тарки саҳна, муносибати падарандар бо писар ва дигар ногуфтаҳои Шабнам

3425
(Таҷдидшуда 15:37 10.01.2020)
Шабнами Тоҷиддин - сарояндаи эстрадаи тоҷик, духтари ҳунарманди зиндаёд Тоҷиддин Муҳиддинов далели дур будан аз саҳнаро гуфт

ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputniк. Шабнами Тоҷиддин дар барномаи "Ногуфтаҳо" - и журналист Орзу Исоев дар бораи муносибати хонаводагӣ, оилаи нав ва бозгашт ба саҳна гуфт.

Шабнами Тоҷиддин, ки чанд сол пеш бори дуввум оила барпо кард, мегӯяд, дар тӯли панҷ-шаш соли дурӣ аз саҳна, ба тарбияи духтарчааш машғул буд.

"Бале, ин издивоҷи дуюмам ҳаст ва мо соҳиби духтарча ҳастем. Духтарам ҳамакнун панҷсола аст", - мегӯяд Шабнам.

Ӯ далели дур будан аз саҳнаро розӣ набудани шавҳар ба ҳунарнамоияш, рабт дод.

"Албатта ҳам худам намехостам ва медонаму аз аввал медонистам, ки шавҳарам зидд аст. Барои ҳамин ба тарбияи духтарчаам машғул будам", - мегӯяд Шабнам дар барномаи "Ногуфтаҳо".

Аз издивоҷи аввал Шабнам соҳиби писар мебошад, ки феълан донишҷӯи соли сеюм аст. Дар бораи муносибати падарандару писар Шабнам мегӯяд, "аввал шавҳаршавандаам бо писарам дӯст шуд ва пасон мо қарор кардем, ки оила барпо кунем".

Вале, дар охир ашки чашмони Шабнам равон шуданд ва ӯ иқрор шуд, ки дурӣ аз саҳна барояш вазнин аст ва ӯ ба зудӣ бо намоҳанги ҷадид ё суруде ба назди мухлисонаш бармегардад.

Шабнами Тоҷиддин нахустин бор соли 2004 ба саҳна баромада буд. Аввалин албоми Шабнам зери унвони "Қатраи Шабнам" пешкаши мухлисон шуд.

Аз аввал Шабнами Тоҷиддин гуфта буд, ки мехоҳад каме ҳам бошад бо ҳунарнамоии худ номи падарашро зинда нигоҳ бидорад.

3425
Барчаспҳо:
тарк, саҳна, сароянда, Шабнам
Писатель-юморист, народный артист РФ Евгений Петросян

Петросян мубталои коронавирус шуд ва ба бемористон интиқол ёфт

54
(Таҷдидшуда 17:58 27.10.2020)
Евгений Петросян, ки аллакай давоми як шабонарӯз дар бемористон қарор дорад, тавассути доруи сохти русӣ -"Коронавир" ба табобат фаро гирифта шудааст

ДУШАНБЕ, 27 октября — Sputnik. Ҳунарманди халқӣ, нависанда - ҳаҷвнигор, муҷрии барномаҳои телевизионӣ Евгений Петросян мубталои маризии коронавирус гардида, фавран тавассути мошини "Ёрии таъҷилӣ" ба бемористон интиқол ёфт, хабар медиҳад шабакаи телевизионии "360".

Ба иттилои манбаъ, Петросян муддати як шабонарӯз бо доруи сохти Русия алайҳи маризи коронавирус, ки "Коронавир" ном дорад, табобат мешавад.

Пизишкон аллакай ташхиси ҳаҷвнигори русро вируси COVID - 19 арзёбӣ намуданд.

4 фавт ва 600 маризи нав: омори Қирғизистон аз коронавирус барои имрӯз

Манбаъ меафзояд, вазъи Евгений Петросян қаноатбахш буда, табобати ӯ давом дорад.

Ҳунарманди рус соли 1945 дар шаҳри Боку таваллуд шудааст. Ӯ нахустин бор дар синни 12 - солагӣ рӯи саҳна баромада буд. Пас аз хатми мактаби миёна, Петросян дар соли 1961 ба Маскав кӯчид. 

Сар аз соли 1962 Евгений Петросян ба фаъолияти худ дар саҳнаҳои калон шурӯъ намуд. Авохири соли гузашта ӯ барои маротибаи панҷум хонадор шуд. Ҳамсафари зиндагии ӯ духтари 31 - сола шуд.

54
Барчаспҳо:
маризӣ, ҳунарманд, Русия
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Сафари имоми 49-уми исмоилиён Оқохони 4 ба Тоҷикистон

Пешрафти Оқохони IV дар феҳрасти таъсиргузортарин мусалмонҳои ҷаҳон

648
Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ, Оқохони IV, имоми 49-уми исмоилиёни ҷаҳон дар феҳрасти 500 мусалмони таъсиргузортарини ҷаҳон тайи солҳои охир пеш рафта, дар радабандии ҷадид барои соли 2021 дар зинаи 30-юм ҷой гирифтааст

ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Оқохони IV, ки теъдоди муридонаш дар Тоҷикистон ҳудуди 200 ҳазор нафар арзёбӣ мешавад, ба 30-гонаи мусалмонҳои таъсиргузортарин шомил гардид.

Дар ин радабандӣ, ки ҳамасола нашр мешавад, Оқохони IV соли пешӣ дар мақоми 31 ва пештар аз он дар мақомҳои 36 ва 40 қарор гирифта буд.

Муаллифони пажуҳиш теъдоди пайравони Шоҳ Карим ал-Ҳусайниро дар ҷаҳон ҳудуди 15 миллион нафар арёзбӣ карда, зикр намудаанд, ки ӯ 49-умин имоми исмоилиён буда, ин шаҷара ба Алӣ, амӯзодаи Муҳаммад (с) мепайвандад.  

Инчунин аз амалҳои хайри Оқохони IV дар бахшҳои гуногун тавсиф шудааст, ки аз фарҳанг то маорифу тандурустӣ ва бахшҳои дигарро фаро мегирад.

Ҳабиб Нурмуҳаммадов ба феҳрасти 500 мусалмони таъсиргузори дунё шомил шуд

Шоҳзода Карим Оқохон 13 декабри соли 1936 дар шаҳри Женеваи Швейсария дар хонаводаи шоҳзода Алӣ Салмонхон ва бону Тоҷуддавла Алихон ба дунё омадааст. Вай дастпарвари донишкадаи исломшиносии Донишгоҳи Ҳарвард буда, бунёдгузор ва сарвари Шабакаи тавсеъаи Оқохон (AKDN) аст. Ӯ пас аз падарбузургаш Султон Муҳаммадшоҳ дар рӯзи 11 июли соли 1957, дар 20-солагӣ пешвои руҳонии исмоилиёни ҷаҳон шудааст.

648
Барчаспҳо:
Оқохони IV, Мусалмонон, ҷаҳон

Путин кушташудаҳо дар Қарабоғро бо ҷонбохтагон дар Афғонистон қиёс кард: хеле зиёд-навор

0
(Таҷдидшуда 19:44 27.10.2020)
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, теъдоди кушташудаҳо аз ҳар ду ҷониб дар Қарабоғи Куҳӣ тайи як муддати кӯтоҳ ба 5 ҳазор нафар наздик омадааст

Раисиҷумҳури Русия изҳор дошт, ки тайи 10 соли ҷанг дар Афғонистон, нерӯҳои Иттиҳоди шӯравӣ 13 ҳазор нафарро аз даст доданд, аммо дар Қарабоғ тайи чунин як муддати кӯтоҳ теъдоди ҷонбохтагон аз ҳарду ҷониб ба 5 ҳазор нафар наздик шудааст.

“Чӣ қадар маҷруҳанд, чӣ қадар мардум азоб мекашанд, чӣ қадар кӯдакон? Аз ин лиҳоз ҳодисаи мазкур барои мо махсус мебошад”, -изҳор дошт раисиҷумҳури Русия.

“Мухолифат ба шеваи бадтаринаш”, - тасвир кард Владимир Путин ҳаводис дар Қарабоғи Куҳиро.

Раисиҷумҳури Русия таъкид намуд, ки фоҷиаи асосӣ ин марги одамон мебошад. Талафот аз ҳар ду ҷониб беш аз 2 ҳазор нафариро ташкил медиҳад.

Алиев мегӯяд, Боку ба ҳеҷ ваҷҳ истиқлолияти Қарабоғро намепазирад: Пашинян чӣ мегӯяд

Дмитрий Песков, сухангӯи раисиҷумҳури Русия, изҳор дошт, ки Маскав тамоми талошашро мекунад, то хунрезӣ дар Қарабоғи куҳӣ қатъ шавад.

0
Барчаспҳо:
шарҳ, Владимир Путин, ҷанг дар Қарабоғ, Қарабоғи Кӯҳӣ