Намоиши филми тоҷикӣ дар 44 кинотеатри Чин

CC0 / Pxhere / Зрители в кинотеатре
Зрители в кинотеатре - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Намоиши филми тоҷикии “Оинаи беҷило” аз даҳуми январи соли равон дар 44 кинотеатри кишвари Чин оғоз ёфт

ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputniк.  Ба нақл аз хабаргузории  АМИТ Ховар, Парвиз Давлатзода Сафири Тоҷикистон дар Пекин дар маросими оғози намоиши ин филми тоҷикӣ гуфтааст, ки “Оинаи беҷило” роҳи вуруди филмҳои тоҷикӣ ба бозори филми Чинро боз хоҳад кард.

Бабина со старой кинопленкой. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Филми кӯтоҳи "Дӯғоб" дар Кинофестивали ҷаҳонии Қирғизистон сазовори ҷоиза шуд

Филми “Оинаи беҷило” сохти коргардони тоҷик Носир Саидов мавзӯи гузашти падари як ҷавони қурбонӣ аз ҷинояти қотилро баррасӣ мекунад.

Дар ин филм ба арзишҳои фаромӯшшудаи инсонӣ ишора мешавад, ки дар рӯзгори мо камтар дида мешавад.

Ин филм, ки дар ҷашнвораи филми кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар соли 2018 дар Чиндаои Чин муваффақ ба касби ҷоиза шуда буд, нахустин филми тоҷикиест, ки дар Чин намоиш дода мешавад.

Бояд қайд кард, ки дар соли 2019 миёни Тоҷикфилм ва Раёсати давлатии кинематографияи  Чин созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расида буд.

Лентаи хабарҳо
0