Экспонаты в музее Пенджикента

Осорхонаи Суғд тӯмореро харидорӣ намудаст, ки ба ибтидои асри ХХ мансубият дорад - акс

128
(Таҷдидшуда 15:25 15.01.2020)
Осорхонаи таърихии вилояти Суғд тӯмореро харидорӣ намудаст, ки ба нимаи дуюми асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ мансубият дорад

ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Осорхонаи таърихии вилояти Суғд барои ғанӣ гардонидани фонди осорхона дар қатори дигар ашёҳои таърихӣ тӯмор (бозубанд)-еро харидорӣ намуд, ки сохти он тахминан ба нимаи дуюми асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ мансубият дорад.

Ба иттилои котиботи Вазорати фарҳанги Тоҷикимтон, ин тӯмор аз маводи нуқра ба шакли найча сохта шуда, аз ду тараф сӯроха ва ду сарпӯши қуббамонанд дорад.

Аз сокинони Суғд дастпонаи нодири таърихии ашхоси доро барои осорхона харидорӣ шуд

Манбаъ меафзояд, танаи он бо занҷири оддӣ пайваст карда шудааст. Вале занҷир аслӣ набуда, он баъдан васл карда шудааст.

"Аз ҷиҳати сохт ба тӯмор мувофиқат намекунад. Дар рӯи танаи бозубанд дар сатҳи ҳамвории суфта нақши наботи шонаву баргҳо бо усули савоткорӣ оро дода шудааст", - омадааст дар хабар.

Ёдовар мешавем, ки чанде қабл Осорхонаи таърихии вилояти Суғд аз шаҳрвандони шаҳру навоҳии вилояти Суғд ба миқдори 44-адад ашёҳои арзиши таърихӣ-фарҳангӣ дошта харидорӣ намуд, ки ба давраи қадим, асрҳои миёна ва замони муосир мансуб мебошанд.

Гуфта мешавад, ки дар байни ашёҳои харидорӣ гардида ашёи нодир ба монанди даспона (макак)-и бачагона харидорӣ гардид, ки то ин дам дар маъхази осорхона чунин нигора мавҷуд набуд.

Мувофиқи маълумотҳо аз сомонаи интернетӣ яке аз чунин даспонаи бачагонаи тиллогини бо сангҳои фирӯза оро ёфта дар Осорхонаи Эрмитажи Санкт-Петербург ба намоиш гузошта шуда, ба асри XIX мансуб мебошад.

Ҳамчунин дар қатори дигар ашёҳои харидорӣ гардида обдони мунаққаш (фляга) харидорӣ гардид, ки бо санъати баланди ҳаккокӣ қисмати рӯяш оро ёфтааст.

128
Барчаспҳо:
осорхона, Суғд