Экспонаты в музее Пенджикента

Хариди лаганди қадимӣ бо тасвири ҳашт дарранда дар Хуҷанд - акс

167
(Таҷдидшуда 19:45 20.01.2020)
Осорхонаи вилоятии Муассисаи давлатии "Маҷмааи фарҳангию таърихии "Қалъаи Хуҷанд" лаганди мисӣ харидорӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Осорхонаи вилоятии "Маҷмааи фарҳангию таърихии "Қалъаи Хуҷанд" лаганди мисиеро бо тасвири ҳашт ҳайвони дарранда, харилдорӣ кардааст.

Бино ба гузориши Вазорати фарҳанг, Осорхонаи вилоятии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” дар қатори ҷамъоварии дигар ёдгориҳои таърихӣ лаганди мисиро харидорӣ намуд.

Лаганд байзашакл буда, маркази он бо нақшҳои зооморфӣ оро дода шудааст ва дар дохилаш 8-адад ҳайвони дарранда тасвир ёфтааст.

Историческая медная тарелка купленная в Худжанде
Историческая медная тарелка купленная в Худжанде
"Дар гирди он бошад, нақшаҳои хатти рост, даврача, ислимӣ, дандона ва нуқта акс ёфтаанд. Лаби лаганд аз қисми марказаш каме баландтар сохта шуда, ду паҳлӯи лаганд даста дорад", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки ҳолати ин лаганд хуб буда, дар шинохти анъана ва фарҳанги ибтидои асри ХХ судманд аст.

Осорхонаи Суғд тӯмореро харидорӣ намудаст, ки ба ибтидои асри ХХ мансубият дорад - акс

Минбаъд осорхонаи вилоятӣ дар ҷамъоварии чунин ёдгориҳои таърихӣ, ки инъикоскунандаи маданияту фарҳанги миллии ҳар давра ба ҳисоб меравад, фаъолияти пурсамари худро ба роҳ хоҳад монд.

167
Барчаспҳо:
харидорӣ, осорхона, Суғд
Зрители в кинотеатре

Филми "Парвонаҳо" дар Қазон ҷоиза гирифт - видео

30
(Таҷдидшуда 18:37 02.03.2021)
Филми "Парвонаҳо"-и коргардони тоҷик дар Русия сазовори ҷоизаи Кинофестивали байналмилалии "Зилант" шуд

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Филми "Парвонаҳо" ("Мотыльки") - и коргардони ҷавон Дилшод Авазов дар шаҳри Қазони Русия сазовори ҷоизаи Кинофестивали байналмилалии "Зилант" шуд, иттилоъ додааст сомонаи расмии Кинофестивали байналмилалӣ.

Филм дар бораи духтаре қисса мекунад, ки дигарон барояш роҳу равиши зиндагиро таъйин мекунанд ва ин ба сарнавишти ӯ бетаъсир намемонад. 

Наворбардори ин филм Пайрав Шарифов будаааст.

Филми мазкур дар шаҳри Санкт-Петербург бо забони русӣ ба навор гирифта шудааст. Аммо воқеаи филм дар Тоҷикистон мегузарад.

Дар нақши асосӣ Усмон Тӯраев аз Тоҷикистон ва Анна Гуляева аз Русия бозӣ кардаанд. Кинофестивал дар шаҳри Қазон "Зиланд" ҳар сол баргузор мегардад ва аз шаҳру ноҳияҳои зиёди худи Русия иштирок мекунанд.

Ва зиёда аз 20 давлатҳои дигари дунё иштирок доштанд. Ба гуфтаи Дилшод Авазов, филмро худаш маблағгузорӣ кардааст. Филмро дар хонаи як дӯсташ ба навор гирифтааст.

30
Барчаспҳо:
КИНО, Қазон, ҷоиза, коргардон, Тоҷикистон
Книга, архивное фото

"Қонуни тиб"- и Абуалӣ ибни Сино дар Душанбе бознашр шуд

68
(Таҷдидшуда 17:12 02.03.2021)
Кормандони маркази синошиносии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии Тоҷикистон “Қонуни тиб” (китоби 5) - ро тарҷума ва бознашр намуданд, ки ҷилди 16 - уми Осори Абуалӣ ибни Синоро ташкил медиҳад

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Суннатулло Ҷонбобоев, роҳбари марказ, иттилоъ додааст, ки ҷилд бахшеро дар бар мегирад, ки дар илми тиб бо номи "Карободин" (фармакопия) машҳур аст.

"Китоб аз 3 қисм иборат мебошад. Дар қисми аввал оид ба доруҳои мураккаб сухан меравад. Дар қисми дуюм доруҳои мураккаб аз рӯи навъашон тақсим шуда, таркиб, тарзи ба вуҷуд овардан ва истифодаи дурусти онҳо нишон дода шудааст. Қисми сеюм, доруҳои мураккаби санҷидашударо фаро мегирад", -  таъкид доштааст Суннатулло Ҷонбобоев. 

Дар китоб бемориҳо, сабаб ва зиёне, ки ба бадани инсон мерасонанд, шарҳи комил ёфтаанд, - гуфт Ҷонбобоев.

Дар асар мавриди бисёр бемориҳо андешаҳои илман асоснок ҷой шудаанд, ки то имрӯз аҳамияти худро гум накардаанд. 

Кормандони марказ, ҳамчунин, бори аввал рисолаҳои "Китоб - уш – шифо",  "Ҷадал", "Хитоба", "Суфастоӣ" ва "Фанни шеър" - и  Абуалӣ ибни Синоро аз арабӣ ба забони русӣ тарҷумаву нашр намуданд.

Тарҷумаи тоҷикии онҳо рӯзҳои наздик дастраси хонандагон мегардад.

68
Барчаспҳо:
китоб, қонун, Ибни Сино, Сино, Тоҷикистон
День 3 марта

Зодрӯзи Акашариф Ҷӯраев ва нахустин пирӯзии Майк Тайсон: имрӯзи таърих

0
(Таҷдидшуда 14:30 02.03.2021)
Рӯзи 3 март Рӯзи байналмилалии табиати ёбоӣ, Рӯзи байналмилалии нависанда буда дар Қирғизистон – Рӯзи парчами давлатӣ ва дар Судон – Рӯзи ваҳдати миллӣ мебошад

Рӯзи 3 март дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1842 дар ИМА аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон қонун дар бораи танзими меҳнати кӯдакон қабул карда шуд.

День 2 марта
© Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария Вишнякова

Соли 1973 Конвенсия оид ба савдои байналмилалии намудҳои ҳайвоноти ваҳшӣ ва набототи ёбоии зери хатари нобудшавӣ қарордошта қабул гардид.

Соли 1987 боксёри машҳури америкоӣ Майк Тайсон аввалин маротиба унвони чемпиони ҷаҳонро ба даст овард.

Соли 1991 дар Латвия ва Эстония раъйпурсии умумихалқӣ баргузор гардид, ки дар он аксарияти аҳолӣ барои баромадан аз ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ овоз доданд.

Рӯзи 3 март дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1992 миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса муносиботи дипломатӣ барқарор карда шуданд.

Соли 2009  Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фармон ба имзо расониданд, ки тибқи он Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи исломии Тоҷикистон» ба Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам» тағйири ном кард.

Соли 2010 ФИФА рӯйхати нави раддабандии худро нашр намуд. Дар раддабандии мазкур дастаи мунтахаби Тоҷикистон  20 зина боло рафта, беҳтарин ҳисобида шуд ва мақоми 128-умро ишғол кард.

Соли 2010 дар ноҳияи Ёвон  бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон корхонаи саноатии истеҳсоли борхалтаҳо ба кор дароварда шуд, ки дар як сол метавонад то 10 миллион борхалта барои гирифтани орд, ғалла, намак ва дигар ашёи рўзгор истеҳсол намояд.

Соли 2014 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи муштараки  навбатии ҳайатҳои ҳукуматии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид.

Соли 2017 Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 25-умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса ба Президенти ин кишвар Франсуа Жерар Жорж Олланд барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст: "Мо аз он қаноатмандем, ки тӯли ин солҳо муносибатҳои байнидавлатӣ ва ҳамкории гуногунарсаи судманди кишварҳоямон ба таври муассир густариш ёфта, тобишҳои ҷадиду созанда пайдо кардаанд. Тоҷикистон густариши ҳамкориро бо Франсия яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии худ медонад".

Ҷашнҳои рӯзи 3 март

  • Рӯзи байналмилалии табиати ёбоӣ.
  • Рӯзи байналмилалии нависанда.
  • Дар Қирғизистон – Рӯзи парчами давлатӣ.
  • Дар Судон – Рӯзи ваҳдати миллӣ.

Рӯзи 3 март дар Тоҷикистон кӣ таваллуд шуд

Соли 1894 — Акашариф Ҷӯраев, ҳофизи мардумии Тоҷикистон. 

Соли 1919 — Александр Усенко, шоири русзабони Тоҷикистон. 

Соли 1940 — Баҳром Сироҷев, собиқадори соҳаи энерджии Русия.

0
Барчаспҳо:
таърих, барои имрӯз, ҷашн, Тоҷикистон
Мавзуъ
Истеҳсоли "Фолксваген" ва шомил шуданиТоҷикистон ба САҲА: имрӯзи таърих
110 сол пеш Тоҷикистонро заминҷунбии шадид ларзонду кӯли Сарез пайдо шуд: имрӯзи таърих
Мавлуди Гул Шералӣ ва ихтирои нахустин лифти электрикӣ: имрӯзи таърих
Дар Украина ҳукм қатл бекор ва дар Тоҷикистон афсарон соҳиби хона шуданд: имрӯзи таърих
Тоҷикистон ба узвияти СММ пайваст: имрӯзи таърих