Министр культуры Таджикистан Орумбекзода Шамсиддин, архивное фото

Интиқоди Раҳмон аз кори театрҳои Тоҷикистон ва ҷаласаи Орумбекзода

920
(Таҷдидшуда 18:24 23.01.2020)
Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода пас аз интиқоди раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сифати пасти намоишҳои театрӣ, бо роҳбарони муассисаҳои театрию консертӣ ва коргардонҳо вохӯрӣ анҷом дод

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ва муовини аввали вазири фарҳанг Обидҷон Назариён бо роҳбарони муассисаҳои театрию консертӣ, роҳбарони ансамблҳои ҳунарӣ ва коргардонҳо вохӯрӣ анҷом доданд, хабар медиҳад котиботи Вазорати фарҳанг.

Мулоқоти вазир бо роҳбарони муассисаҳои театрӣ дар ҳоле сурат гирифт, ки чанде қабл раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи маҷлиси васеи Ҳукумат аз сифати намоишҳои театрӣ ва барномаҳои консертӣ интиқод кард.

Вазири дастрас: Шамсиддин Орумбекзода вазири сол эълом шуд - видео

Зимнан, вазири фарҳанг бо баргузор кардани вохӯрӣ бо роҳбарони муассисаҳои театрӣ ва консертӣ масоили омолагӣ ба ҷашнҳои Наврӯз, Ваҳдати миллӣ ва инчунин баланд бардоштани сатҳи касбият дар омода кардани барномаҳои ҳунарӣ ва интихоби суруду оҳанг мавриди баррасӣ қарор дод.

Орумбекзода пешниҳод намуд, ки ҳафтаи оянда дар толори Вазорати фарҳанг машварати васеъ баргузор карда шавад.

Озода Раҳмон ва Шамсиддин Орумбекзода: 10-гонаи беҳтарини соли 2019 муайян шуд

Дар машварати оянда вазири фарҳанг ба иштироки роҳбарони муассисаҳои театрӣ, коргардонҳо, ҳунарпешаҳо ва драмнависон таъкид намуд. Вазири фарҳанг бар ин бовар аст, ки дар сурати ҳамкориҳои зичи драмнависону коргардонҳо, намоишномаҳои арзанда эҷод хоҳанд шуд.

920
Барчаспҳо:
театр, интиқод, Эмомалӣ Раҳмон, Шамсиддин Орумбеков
Исматуллозода Ширин Исматулло муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раҳмон ба Исматуллозода вазифаи нав дод

3655
(Таҷдидшуда 16:11 14.08.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои қарори ҳукумат ҳайати нави аъзои Кумитаи ҷоизаи давлатӣ ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакиро тасдиқ кард

ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Тибқи қарори Ҳукумат, ки раисиҷумҳур ахиран имзо кард, Ширин Исматуллозода, ноиби сарвазири Тоҷикистон ба мақоми раиси Кумитаи ҷоизаи давлатии ба номи Абубдуллоҳи Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистика таъйин шуд.

Ба ҳайси муовини раиси Кумитаи ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, шоир Низом Қосим, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон таъйин гардидааст.

Инчунин Ҳукумат ҳайати аъзои Кумитаи ҷоизаи ба номи Рӯдакиро тасдиқ намуд, ки коршиносони бахшҳои гуногун шомили он гардидаанд.

Ҷоизаи ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ олитарин ҷоизаи Тоҷикистон арзёбӣ мешавад, ки ба эҷодкорони кишвар тақдим мегардад.

Ин ҷоиза ҳанӯз солҳои 60-уми асри гузашта дар замони шӯравӣ таъсис ёфта, бисёре аз адибони шинохтаи тоҷик барандаи он шудаанд.

3655
Барчаспҳо:
ҷоиза, тағйирот, Тоҷикистон
Евгений Примаков, раиси Россотрудничество, акс аз бойгонӣ

Ислоҳоти раиси нави “Россотрудничество”: аз ребрендинг то афзоиши бурсияҳо

289
(Таҷдидшуда 22:03 12.08.2020)
Тағйири ном, зиёд кардани бурсияҳо барои донишҷӯён аз ИДМ ва кор бо ҳунармандони шинохта - ҷузъиёте аз стратегияи ҷадиди “Россотрудничество” мебошанд, ки раиси нав муаррифӣ кард

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik, Данара Курманова. Ҳанӯз охири моҳи июн маълум шуд, ки Евгений Примаков, тележурналист ва вакили Думаи давлатӣ, роҳбари ожонси “Россотрудничество” таъйин гардидаст.

Дар рӯзи аввали кораш дар мақоми нав, Примаков ба расонаҳо ваъда дод, ки акнун ожонсро тағйироти бузург интизор аст. Аммо тафсилотро танҳо 11 август, зимни лексияи онлайнияш тавзеҳ дод.  Sputnik аз ҷузъиёти муҳими барномаи нави “Россотрудничество” гузориш таҳия кард.

Бидуни нерӯи нарм: чӣ хориҷиҳоро дӯсти Русия мекунад?

Пеш аз ҳама роҳбари “Россотрудничество” ба шарикон пешниҳод кард, ки аз корбурди истилоҳи “нерӯи нарм” худдорӣ кунанд, чун ба гуфтаи ӯ "ин мафҳуми норӯшанест, ки мо онро набаровардаем”.

“Ҳадафи “Россотрудничество”  аз аввал татбиқи нерӯ набуд, балки таъмини фазои мусоиди байналмилалӣ ва осудагӣ мебошад. Ожонс тавассути барномаҳои фарҳангию  маърифатӣ барои рушди ҳам Русия ва ҳам кишварҳои шарик шароит фароҳам месозад", - изҳор дошт роҳбари нав Ожонс.

Ба гуфтаи Примаков,  “Россотрудничество” аз идеяи ҳузури гуманитарӣ канор меравад, чун он консепти куҳна мебошад. Ӯ зарурати гузаштан аз ҳузури гуманитарӣ ба таъсири гуманитариро таъкид кард, ки барои ҳифзи субот мусоидат мекунад.

Ба сифати мисоли таъсири гуманитарӣ Примаков фоҷиа дар Бейрутро зикр кард, ки ожонс бори аввал дар интиқоли табибон барои кумак ба осебдидагон иштирок кард. Примаков ин иқдомро рамзӣ хонда, таъкид намуд, ки маҳз чунин чораҳо барои муносибати дӯстона ба Русия дар хориҷа мусоидат мекунанд. Ин амалҳо нишон медиҳанд, ки дар фаъолияти ожонс ҳеч нерӯе кор бурда нашуда, танҳо талош барои ҳамраъйӣ ҷой дорад.

Маҳфилҳо барои чойхӯрию иди тушберра бас: шеваи нави кор

Дар пайи омӯзиши якмоҳаи кори ожонс Евгений Примаков ба хулосае омадааст, ки ислоҳот дар ожонсро бояд аз шабакаи марказҳои русӣ оғоз кард.

"Кори онҳо набояд дар маҳдудаи аз ин чорабинӣ то чорабинии дигар, балки доимӣ бошад. Ин бояд низоми бошгоҳие бошад, ки иштирокдорон ҳар вақти дилхоҳ тавонанд он ҷо ҳузур дошта бошанд, суҳбат кунанд, китоб хонанд. Зеро ин марказҳо дар хориҷ маҳз барои афроде мебошанд, ки ниёз ба иртибот бо Русия доранд”, - шарҳ дод ӯ.

Ба ақидаи Примаков ҳар марказ набояд танҳо ба ҷавонон нигаронида шавад, балки аҳолии синнашон боло низ мавриди таваҷҷуҳ қарор гиранд, чун дар хориҷа зодаҳои шӯравӣ зиёданд, ки синнашон ба бознишастагӣ наздик омадааст. Барои ҳар гуруҳ вобаста ба сол бояд фаъолиятҳо фароҳам шаванд.

“Ба мо чорабиниҳое, ки танҳо барои қайд гузаронда мешаванду меҳмонҳоро чой мехӯронанд, зарур нест”, - изҳор дошт Примаков ва аз кормандони Ожонс даъват кард, ки аз идеяҳои монанд ба “Рӯзи мусиқии русӣ” ё “Иди тушберраи русӣ” канор раванд.  

Ӯ аз мушкил дар тағйири низоми кори бархе марказҳо гуфт, чун дар дохили бинои сафорат қарор доранду на ҳар кас метавонад вориди онҳо шавад: “Барои ин мо корро аз марказҳое оғоз мекунем, ки роҳандозии низоми ҷадид дар онҳо имконпазир аст”.

Ҷалби ситораҳо ва таҳлили майли ҷавонон

Раиси “Россотрудничество” зикр кард, ки аудиторияи асосии ожонс ҷавонон мебошанд, ки бештар майл ба фарҳанги поп доранд. Донишҷӯёни оянда метавонанд, тариқи китоб, синамо ва силсилафилмҳо майл ба фарҳанги русӣ пайдо кунанд. Ба ақидаи ӯ, шинос кардани ҷавонон бо классика муҳим мебошад, аммо шавқу майлҳои хоси ҷавононро низ набояд сарфи назар кард.

“Каманд афроде, ки англисиро омӯхтаанд, то осори Шекспирро бо забони асл бихонанд. Барои ҷавонони муосир забон ин пеш аз ҳама имконоти иҷтимоию иқтисодӣ мебошад”, - изҳор дошт роҳбари “Россотрудничество”.

Дар ин робита “Россотрудничество” бояд ҳунармандони шинохтаро бештар ба чорабиниҳо дар хориҷа ҷалб кунад, зарур хонд Примаков. Инҳо бояд афроде бошанд, ки дар ҳама ҷо шинохтаанд, на танҳо ҳайатҳои хурди эҷодӣ, ки дар бораи онҳо дар доираҳои маҳдуд сухан меравад.  

Ҳама нав мешавад: “Россотрудничество” ребрендинг мекунад

Худи номи “Россотрудничество” муосиру фаҳмо садо намедиҳад, хоса  барои афроде, ки русиро балад нестанд, мегӯяд Примаков. Ӯ зарурати ребрендинги ожонсро таъкид карда, афзуд, ки марказҳои илму фарҳанги Русия – ба русӣ РЦНК низ бояд тағйири ном кунанд.

“РЦНК – бисёр абревиатураи даҳшатовар аст,  чун худи номи “Россотрудничество”.  Хориҷӣ тавони талаффузи онро надорад”, - бовар дорад Примаков.

Дар баробари ин номи расмии ожонс – “Ожонси федералӣ дар умури ИДМ, ҳамватанҳои дар хориҷ иқоматдошта ва ҳамкории байналмилалии гуманитарӣ” ҳифз хоҳад шуд, танҳо бренди зоҳирӣ барои аудиторияе, ки забонашон русӣ нест, тағйир дода мешавад.

Калимаи “Россотрудничество” барои гӯяндаҳои забони русӣ чандон ваҳмовар нест, аммо номи нав барои Ожонс хароҷоти нав дар пай дорад, чун ҳадди ақал овезаҳо ва санадҳои расмӣ бояд тағйир дода шаванд. Ин маблағҳоро метавон барои корҳои муфиди дигар харҷ кард.

Зоҳиран сарфакорию хирадмеҳварӣ аз омилҳои калидии стратегияи Примаков мебошанд. Ӯ нияти кирои таҳиягарони брендро низ надорад, мехоҳад озмуни кушодеро эълон кунад, то номро барои Ожонс донишҷӯёне пешниҳод кунанд, ки тариқи “Россотрудничество” ба донишгоҳҳои Русия шомил шудаанд. Ӯ дар шарҳи мантиқи ин тасмим гуфт, ки ҳеч кас беҳтар аз иштирокдорони бевоситаи ин лоиҳа консепсияи онро эҳсос нахоҳад кард.  

Такя ба ИДМ: бурсияҳо ду баробар зиёд мешаванд

Бо пеш гирифтани лоиҳаҳои ҷадид, “Россотрудничество” пешбарии таҳсилоти Русияро низ канор нахоҳад гузошт, гуфт Примаков.

"Бо фармони президенти Федератсияи Русия бурсияҳои таҳсили ройгон барои шаҳрвандони хориҷӣ дар солҳои наздик ду баробар зиёд карда мешаванд. Феълан теъдодашон 15 ҳазор ададро ташкил медиҳад”, - хабар дод Примаков.

Зиёда аз он Ожонс лоиҳаҳои маърифатиеро, ки бо Русия ва забони русӣ алоқманданд дастгирӣ хоҳад кард, чӣ донишгоҳи бузург бошаду чӣ кӯдакистоне дар навоҳии дурдаст.

Инчунин “Россотрудничество” бештар ба таҳлил таваҷҷуҳ хоҳад кард, то беҳтар бифаҳмад, ки ҷавонони муосир ба чӣ майл доранд. Бо ин ҳадаф ожонс ният дорад, ки сомонаашро ба таври куллӣ тағйир диҳад. Примаков мегӯяд, сомонаи навро хонданбобтар хоҳанд  кард.

Ҳамаи ин албатта вақт мехоҳад, чун ожонс дар чаҳорчӯбаи сахт кор мекунад ва ҳар лоиҳа бояд ҳадди ақал як сол то оғози он тасдиқ шавад. Бо вуҷуди ин раиси “Россотрудничество” ваъда дод, ки ба шарофати навовариҳо ниҳоди тобеяш кушодтар хоҳад буд.

“Ин барои мубориза бо стереотипҳои куҳна, ки метавонистанд бо назардошти собиқаю хотираи куҳна нисбати ожонсамон пайдо шуда бошанд, кумак мекунад”, - хулоса кард Примаков.

289
Барчаспҳо:
ислоҳот, таҳсил, ИДМ, Русия
Рустам Латифзода, раиси ҳизби аграрии Тоҷикистон

Аввалин номзад ба президентии Тоҷикистон маълум шуд

175
Ҳизби аграрии Тоҷикистон номзади худро ба интихоботи президентӣ пешниҳод кард

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Рустам Латифзода, раиси ҳизби аграрии кишвар аввалин номзад ба президентии Тоҷикистон эълон шуд.

Зайниддин Сафаров, муовини раиси ҳизби аграрии Тоҷикистон ва намояндаи Маҷлиси намояндагон дар анҷумани ғайринавбатии ҳизб номзадии Рустам Латифзода, раиси ин ҳизбро пешниҳод кард

Гуфта мешавад, ӯ бидуни алтернатива ва рақиб танҳо худашро пешниҳод ва бо як овоз дастгирӣ пайдо кард.

Ҳамин тавр Ҳизби аграрии Тоҷикистон номзади худро ба интихоботи президентӣ пешниход кард.

Рустам Латифзода - аввалин номзад ба президентии Точикистон дониста мешавад.

Дар ҳоли ҳозир, дигар ҳизбҳо сиёсии Тоҷикистон номзади худро барои курсии президенти Тоҷикистон пешниҳод накардаанд.

175
Барчаспҳо:
ҳизб, президент, номзад, интихобот, Тоҷикистон