Эмомалӣ Раҳмон, ҳангоми имзои санад, акс аз бойгонӣ

Ҷойивазкунии вакилу раис: мудири нави Маркази исломшиносии назди Президент кист?

1165
(Таҷдидшуда 12:11 26.01.2020)
Файзулло Баротзода, ки ахиран номзадияш ба парлумон пешбарӣ шуд, аз мақоми мудири Маркази исломшиносии назди Президенти Тоҷикистон барканор шуда, ба ҷои ӯ бо фармони раисиҷумҳур Давлатзода Муродулло Исмат таъин гардид

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Муродулло Давлатзода, ки ҳафтаи равон бо фармони Эмомалӣ Раҳмон мудири Маркази исломшиносии назди раисиҷумҳур таъин шуд, вакили парлумон буда, дар гузашта ба ҳайси раиси Кумитаи дин низ кор кардааст.

Тибқи ҳолномаи Муродулло Давлатзода,  ӯ 14-уми сентябри соли 1957 дар деҳаи Ҷӯйбодоми ноҳияи Рӯдакӣ таваллуд шуда, номзади илмҳои фалсафа, дотсент мебошад. Аз соли 1974 то соли 1981 дар шуъбаи забони арабии факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил карда, онро бо ихтисоси филолог – шарқшинос ба итмом расонидааст.

Зимни таҳсил, аз соли 1978 то соли 1980 дар Ҷумҳурии Ироқ ва пас аз он солҳои 1981-1982 дар Донишгоҳи давлатии Адани Ҷумҳурии Яман ба сифати тарҷумони забони арабӣ кор кардааст. Дар Донишгоҳи давлатии Адан китоби дарсиро зери унвони “Масъалаҳои муҳими фалсафа” ба забони арабӣ навишта ба табъ расонидааст.

Солҳои 1983 — 1985 аспиранти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва аз соли 1985 то 1993 муаллим ва дотсенти кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абуалӣ ибни Сино будааст.

Генерал-майор Искандарзода Муҳаммадшоҳ Амиршоҳ бо либоси низомӣ
акс аз саҳифаи фейсбукии Иқбол Илёсзода

Соли 1987 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи “Таҷдиди назарияҳои сиёсӣ ва ахлоқии исломи муосир” дифоъ намудааст. Аз соли 1993 то 2000 мудири шуъбаи кишварҳои арабии Институти иқтисоди ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналмилалии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон солҳои 1995 - 1996 мудири шуъбаи кишварҳои Осиё ва Африқои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Аз соли 2000 то 2004 ба сифати мутахассиси пешбар дар Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаолият намудааст. Аз июл то сентябри соли 2004 ба сифати муовин ва аз сентябри ҳамин сол то декабри соли 2007 ба ҳайси раиси Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз январи соли 2008 то июли соли 2008 ба ҳайси муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Аз июли 2008 то интихобаш ба ҳайси вакили парлумон дар соли 2015 мудири Маркази исломшиносӣ будааст ва инак боз ба ин мақом баргашт. Забонҳои русӣ ва арабиро хуб медонад. Оиладор, соҳиби чор фарзанд мебошад.

1165
Барчаспҳо:
тағйироти кадрӣ, фармон, Маркази исломшиносии назди президенти Тоҷикистон, Тоҷикистон
Евгений Примаков, раиси Россотрудничество, акс аз бойгонӣ

Ислоҳоти раиси нави “Россотрудничество”: аз ребрендинг то афзоиши бурсияҳо

268
(Таҷдидшуда 22:03 12.08.2020)
Тағйири ном, зиёд кардани бурсияҳо барои донишҷӯён аз ИДМ ва кор бо ҳунармандони шинохта - ҷузъиёте аз стратегияи ҷадиди “Россотрудничество” мебошанд, ки раиси нав муаррифӣ кард

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik, Данара Курманова. Ҳанӯз охири моҳи июн маълум шуд, ки Евгений Примаков, тележурналист ва вакили Думаи давлатӣ, роҳбари ожонси “Россотрудничество” таъйин гардидаст.

Дар рӯзи аввали кораш дар мақоми нав, Примаков ба расонаҳо ваъда дод, ки акнун ожонсро тағйироти бузург интизор аст. Аммо тафсилотро танҳо 11 август, зимни лексияи онлайнияш тавзеҳ дод.  Sputnik аз ҷузъиёти муҳими барномаи нави “Россотрудничество” гузориш таҳия кард.

Бидуни нерӯи нарм: чӣ хориҷиҳоро дӯсти Русия мекунад?

Пеш аз ҳама роҳбари “Россотрудничество” ба шарикон пешниҳод кард, ки аз корбурди истилоҳи “нерӯи нарм” худдорӣ кунанд, чун ба гуфтаи ӯ "ин мафҳуми норӯшанест, ки мо онро набаровардаем”.

“Ҳадафи “Россотрудничество”  аз аввал татбиқи нерӯ набуд, балки таъмини фазои мусоиди байналмилалӣ ва осудагӣ мебошад. Ожонс тавассути барномаҳои фарҳангию  маърифатӣ барои рушди ҳам Русия ва ҳам кишварҳои шарик шароит фароҳам месозад", - изҳор дошт роҳбари нав Ожонс.

Ба гуфтаи Примаков,  “Россотрудничество” аз идеяи ҳузури гуманитарӣ канор меравад, чун он консепти куҳна мебошад. Ӯ зарурати гузаштан аз ҳузури гуманитарӣ ба таъсири гуманитариро таъкид кард, ки барои ҳифзи субот мусоидат мекунад.

Ба сифати мисоли таъсири гуманитарӣ Примаков фоҷиа дар Бейрутро зикр кард, ки ожонс бори аввал дар интиқоли табибон барои кумак ба осебдидагон иштирок кард. Примаков ин иқдомро рамзӣ хонда, таъкид намуд, ки маҳз чунин чораҳо барои муносибати дӯстона ба Русия дар хориҷа мусоидат мекунанд. Ин амалҳо нишон медиҳанд, ки дар фаъолияти ожонс ҳеч нерӯе кор бурда нашуда, танҳо талош барои ҳамраъйӣ ҷой дорад.

Маҳфилҳо барои чойхӯрию иди тушберра бас: шеваи нави кор

Дар пайи омӯзиши якмоҳаи кори ожонс Евгений Примаков ба хулосае омадааст, ки ислоҳот дар ожонсро бояд аз шабакаи марказҳои русӣ оғоз кард.

"Кори онҳо набояд дар маҳдудаи аз ин чорабинӣ то чорабинии дигар, балки доимӣ бошад. Ин бояд низоми бошгоҳие бошад, ки иштирокдорон ҳар вақти дилхоҳ тавонанд он ҷо ҳузур дошта бошанд, суҳбат кунанд, китоб хонанд. Зеро ин марказҳо дар хориҷ маҳз барои афроде мебошанд, ки ниёз ба иртибот бо Русия доранд”, - шарҳ дод ӯ.

Ба ақидаи Примаков ҳар марказ набояд танҳо ба ҷавонон нигаронида шавад, балки аҳолии синнашон боло низ мавриди таваҷҷуҳ қарор гиранд, чун дар хориҷа зодаҳои шӯравӣ зиёданд, ки синнашон ба бознишастагӣ наздик омадааст. Барои ҳар гуруҳ вобаста ба сол бояд фаъолиятҳо фароҳам шаванд.

“Ба мо чорабиниҳое, ки танҳо барои қайд гузаронда мешаванду меҳмонҳоро чой мехӯронанд, зарур нест”, - изҳор дошт Примаков ва аз кормандони Ожонс даъват кард, ки аз идеяҳои монанд ба “Рӯзи мусиқии русӣ” ё “Иди тушберраи русӣ” канор раванд.  

Ӯ аз мушкил дар тағйири низоми кори бархе марказҳо гуфт, чун дар дохили бинои сафорат қарор доранду на ҳар кас метавонад вориди онҳо шавад: “Барои ин мо корро аз марказҳое оғоз мекунем, ки роҳандозии низоми ҷадид дар онҳо имконпазир аст”.

Ҷалби ситораҳо ва таҳлили майли ҷавонон

Раиси “Россотрудничество” зикр кард, ки аудиторияи асосии ожонс ҷавонон мебошанд, ки бештар майл ба фарҳанги поп доранд. Донишҷӯёни оянда метавонанд, тариқи китоб, синамо ва силсилафилмҳо майл ба фарҳанги русӣ пайдо кунанд. Ба ақидаи ӯ, шинос кардани ҷавонон бо классика муҳим мебошад, аммо шавқу майлҳои хоси ҷавононро низ набояд сарфи назар кард.

“Каманд афроде, ки англисиро омӯхтаанд, то осори Шекспирро бо забони асл бихонанд. Барои ҷавонони муосир забон ин пеш аз ҳама имконоти иҷтимоию иқтисодӣ мебошад”, - изҳор дошт роҳбари “Россотрудничество”.

Дар ин робита “Россотрудничество” бояд ҳунармандони шинохтаро бештар ба чорабиниҳо дар хориҷа ҷалб кунад, зарур хонд Примаков. Инҳо бояд афроде бошанд, ки дар ҳама ҷо шинохтаанд, на танҳо ҳайатҳои хурди эҷодӣ, ки дар бораи онҳо дар доираҳои маҳдуд сухан меравад.  

Ҳама нав мешавад: “Россотрудничество” ребрендинг мекунад

Худи номи “Россотрудничество” муосиру фаҳмо садо намедиҳад, хоса  барои афроде, ки русиро балад нестанд, мегӯяд Примаков. Ӯ зарурати ребрендинги ожонсро таъкид карда, афзуд, ки марказҳои илму фарҳанги Русия – ба русӣ РЦНК низ бояд тағйири ном кунанд.

“РЦНК – бисёр абревиатураи даҳшатовар аст,  чун худи номи “Россотрудничество”.  Хориҷӣ тавони талаффузи онро надорад”, - бовар дорад Примаков.

Дар баробари ин номи расмии ожонс – “Ожонси федералӣ дар умури ИДМ, ҳамватанҳои дар хориҷ иқоматдошта ва ҳамкории байналмилалии гуманитарӣ” ҳифз хоҳад шуд, танҳо бренди зоҳирӣ барои аудиторияе, ки забонашон русӣ нест, тағйир дода мешавад.

Калимаи “Россотрудничество” барои гӯяндаҳои забони русӣ чандон ваҳмовар нест, аммо номи нав барои Ожонс хароҷоти нав дар пай дорад, чун ҳадди ақал овезаҳо ва санадҳои расмӣ бояд тағйир дода шаванд. Ин маблағҳоро метавон барои корҳои муфиди дигар харҷ кард.

Зоҳиран сарфакорию хирадмеҳварӣ аз омилҳои калидии стратегияи Примаков мебошанд. Ӯ нияти кирои таҳиягарони брендро низ надорад, мехоҳад озмуни кушодеро эълон кунад, то номро барои Ожонс донишҷӯёне пешниҳод кунанд, ки тариқи “Россотрудничество” ба донишгоҳҳои Русия шомил шудаанд. Ӯ дар шарҳи мантиқи ин тасмим гуфт, ки ҳеч кас беҳтар аз иштирокдорони бевоситаи ин лоиҳа консепсияи онро эҳсос нахоҳад кард.  

Такя ба ИДМ: бурсияҳо ду баробар зиёд мешаванд

Бо пеш гирифтани лоиҳаҳои ҷадид, “Россотрудничество” пешбарии таҳсилоти Русияро низ канор нахоҳад гузошт, гуфт Примаков.

"Бо фармони президенти Федератсияи Русия бурсияҳои таҳсили ройгон барои шаҳрвандони хориҷӣ дар солҳои наздик ду баробар зиёд карда мешаванд. Феълан теъдодашон 15 ҳазор ададро ташкил медиҳад”, - хабар дод Примаков.

Зиёда аз он Ожонс лоиҳаҳои маърифатиеро, ки бо Русия ва забони русӣ алоқманданд дастгирӣ хоҳад кард, чӣ донишгоҳи бузург бошаду чӣ кӯдакистоне дар навоҳии дурдаст.

Инчунин “Россотрудничество” бештар ба таҳлил таваҷҷуҳ хоҳад кард, то беҳтар бифаҳмад, ки ҷавонони муосир ба чӣ майл доранд. Бо ин ҳадаф ожонс ният дорад, ки сомонаашро ба таври куллӣ тағйир диҳад. Примаков мегӯяд, сомонаи навро хонданбобтар хоҳанд  кард.

Ҳамаи ин албатта вақт мехоҳад, чун ожонс дар чаҳорчӯбаи сахт кор мекунад ва ҳар лоиҳа бояд ҳадди ақал як сол то оғози он тасдиқ шавад. Бо вуҷуди ин раиси “Россотрудничество” ваъда дод, ки ба шарофати навовариҳо ниҳоди тобеяш кушодтар хоҳад буд.

“Ин барои мубориза бо стереотипҳои куҳна, ки метавонистанд бо назардошти собиқаю хотираи куҳна нисбати ожонсамон пайдо шуда бошанд, кумак мекунад”, - хулоса кард Примаков.

268
Барчаспҳо:
ислоҳот, таҳсил, ИДМ, Русия
Маросими дафни Баҳром Гафурӣ

Сипоси падари Баҳром Ғафурӣ ба ғамшарикони хонадонаш

734
Хонаводаи Бахром Ғафурӣ, овозхони марҳуми тоҷик, ба тамоми дӯстону азизоне, ки тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо ғамшарикӣ кардаанд, изҳори сипос кардааст

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Баҳром аввал ба шумо – миллати бошараф ва мухлисони азизаш, сипас ба хонаводаи мо тааллуқ дошт, омадааст дар изҳороти хонаводаи мотамзада.

“Аз замин то осмон аз якояки шумо миннатдорем. Худованд ҳамаи шуморо аз балову офатҳои заминиву осмонӣ нигаҳбон бошад!”, - дуо кардаанд аҳли байти сароянда.

Сипосномаро яке аз дӯстони хонавода, рӯзноманигор Фахриддини Холбек дар саҳифаи фейсбукияш аз номи падари хонадон - амаки Шамсиддин, бародарони Баҳром - Анвар, Музаффар, Вайсиддин, писаронаш – Анӯшервон ва Эҳсон ва бақияи аъзои хонаводаи Баҳром Ғафурӣ нашр кардааст.

Баҳром Ғафурӣ бар асари садамаи маргбор санаи 7-уми августи соли равон, тахминан соати 04:00 ҷон дода буд.

Бино бар иттилои ВКД, ронандаи автомашинаи тамғаи “Ланд-крузер-200”, рақами қайди давлатиаш 01-57JJ01, Анварзода Ислом Қурбон, соли таваллудаш 1991, муовини прокурори ноҳияи Фирдавсӣ, дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе суръати автомашинаро баланд карда, ба автомашинаи тамғаи “Камаз” бархӯрдаааст. .

Ба иттилои мабаъ, дар натиҷа мусофири дохили автомашинаи мазкур Баҳром Ғафурӣ, соли таваллудаш 1976, сароянда, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки худи ронанда Анварзода ва мусофири дигари автомашина Зарипов Баҳодур, соли таваллудаш 1986, сокини деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалик ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

734
Барчаспҳо:
ҳалокат, садама, овозхон, Тоҷикистон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон

Таассуфи Раҳмон аз даргузашти Гулназар Келдӣ ва изҳори ҳамдардии ӯ ба хонаводаи марҳум

0
Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинобар даргузашти шоири маъруфи кишвар Гулназар Келдӣ ба хонаводаи марҳум изҳори ҳамдардӣ намуд

ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон аз даргузашти шоири шаҳири тоҷик Гулназар Келдӣ изҳори таассуф намудааст.

Котиботи президенти Тоҷикистон хабар медиҳад. ки Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли хонавода ва наздикони марҳум ҳамдардии амиқ баён мекунад.

"Сад дод аз ту, коронавирус": охирон шеъри, ки Гулназар Келдӣ эҷод кард

Ёдовар мешавем, шоири маҳбуби тоҷик, муаллифи Суруди миллии Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон ва дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Гулназар Келдӣ дар синни 75-солагӣ аз олам даргузашт.

0