Празднование Навруза в Душанбе

Аз Рузи модар то Наврӯз: 14 рӯзи истироҳати Тоҷикистониён дар моҳи март

818
(Таҷдидшуда 14:17 19.02.2020)
Бо дарназардошти рӯзҳои ид ва истироҳатӣ шаҳрвандони Тоҷикистонро имсол дар моҳи март таътили қариб ниммоҳа мунтариз аст

ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Дар Тоҷикистон бо дарназардошти рӯзҳои шанбе ва якшанбе рӯзҳои истироҳатии моҳи март имсол 14 рӯз гуфта мешавад.

Имсол ҷашни Рӯзи модар ба рӯзи якшанбе рост меояд, ки бар пояи қонун “Дар бораи рӯзҳои ид”, санаи 9-уми март низ истироҳат эълон хоҳад шуд.

Иди Наврӯз ҳамасола дар кишвар аз 21 то 24 таҷлил мешавад, ки ду рӯзи он ба рӯзҳои истироҳати рост меояд,  бинобар  сокинони кишвар ду рӯзи баъди 25-26-уми март низ истироҳат хоҳанд кард.

Агар рӯзҳои ид ва истироҳатҳои расмиро дар якҷоягӣ ҳисоб кунем, моҳи март шаҳрвандони кишвар 14  рӯз: 1, 7,  8, 9, 14, 15,  ва аз 21 то 29-ум истироҳат мекунанд.

Соли гузашта тоҷикистониён дар моҳи март  15 рӯз истироҳат карда буданд. 

818
Барчаспҳо:
Наврӯз, Рӯзи модар, Тоҷикистон
Маркази шаҳри Душанбе

С ба ҷои З: парлумон номи як ноҳияи Тоҷикистонро тағйир дод

5193
(Таҷдидшуда 16:20 25.01.2021)
Маҷлиси миллии Тоҷикистон бо пешниҳоди Ҳукумати кишвар дар номи яке аз ноҳияҳои вилояти Хатлон як ҳарфро иваз намуд

ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Маҷлиси миллӣ бо пешниҳоди Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи қарор дар бораи иваз намудани номи ноҳияи Шаҳритузи вилояти Хатлон ба ноҳияи Шаҳритусро якдилона қабул кардааст. 

Ба иттилои котиботи палатаи болоии парлумон, қарори мазкур имрӯз дар иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллӣ, таҳти раёсати Рустами Эмомалӣ қабул шуд. 

Бар асоси Донишномаи озод, ноҳияи Шаҳритус, яке аз ноҳияҳои идории вилояти Хатлон аст, ки ҳанӯз 29 августи соли 1930 дар Тоҷикистони шӯравӣ таъсис ёфтаст.

Ноҳияи Шаҳритус бо ҳудуди наздики 2,4 ҳазор километри мураббаъ дар дараи рӯди Кофарниҳон ҷой дорад. Дар шимол бо Вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон, дар шарқ бо ноҳияи Қубодиён, дар ғарб бо ноҳияи Носири Хусрав аз ноҳияҳои вилояти Хатлон ва дар ҷануб бо вулусволии Хулм аз бахшҳои Вилояти Балх дар Афғонистон ҳаммарз аст.

Дар ҳудуди ноҳияи мазкур водии Бешкент ҷойгир аст, ки дарозиаш 70 километр бараш то 5 километр буда, яке аз водиҳои гармтарини ҷумҳурист.

5193
Барчаспҳо:
тағйир, парлумон, Тоҷикистон
Намоз дар Душанбе, акс аз бойгонӣ

Намоз бо ниқоб: қоидаҳои масҷидравӣ дар Тоҷикистон

1090
(Таҷдидшуда 15:45 24.01.2021)
Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо коронавирус дар Тоҷикистон, ки аз 1 феврали соли 2021 намозгузорӣ дар масоҷидро иҷозат дод, таъкид кардааст, ки роияи қоидаҳои беҳдоштӣ ҳатмӣ мебошанд

ДУШАНБЕ, 24 янв— Sputnik. Ситод мақомоти дахлдорро муваззаф кардааст, ки масҷидҳо риояи қатъии қоидаҳои гигенаи шахсию ҷамъиятиро ҳангоми баргузории ибодати дастаҷамъона таъмин намоянд.

Таъкид шудааст, ки шаҳрвандон  дар масҷидҳо, махсусан дар намозҳои ҷумъа ҳатман аз ниқобҳои тиббӣ истифода намоянд.

Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ, изҳор доштааст, ки албатта, ақоиди динӣ ва рукнҳои намозгузорӣ тартиби муайяни худро доранд.

“Вақте ки даъват ба намоз мешавад, бояд намозгузор, пеш аз ҳама, дар такопӯ нашуда, навбати ворид шудан ба масҷидро риоя намояд. Барои мисол, агар намози пешин соати 13:00  бошад, хуб мешуд намозгузорон ним соат пеш тибқи навбат дохили масҷид   шаванд”, - изҳор доштааст Ҷаъфаров дар суҳбат бо “Ховар”.

Манбаъ афзудааст, новобаста ба он ки дар масҷидҳо ҷойнамози умумӣ мавҷуд аст, хуб мешуд ҳар нафар ҷойнамози алоҳидаи худро дошта бошад, зеро ин амал ба таъмини қоидаҳои гигиениву беҳдоштии ҳар нафар равона шудааст. 

“Вақти намоз гузоштан шояд ҳолатҳое шаванд, ки ниқоб аз рӯй канда шавад ва ҳамон зарраҳои хурде, ки тавассути болооби даҳон ё ин ки бо нафаси мо ба  ҷойнамоз меафтанд, эҳтимол  сабаби сироят ёфтани нафари дигар шаванд”, - тавзеҳ додааст Ҷаъфаров.

Ӯ таъкид намуд, ки вақте шаҳрвандон вориди масҷид мешаванд ва ё аз дохил берун мебароянд, хуб мешуд бо даст салом накунанд, балки дастро болои сина гузошта, бо ишораи сар салом намоянд.

“Дар ин баробар ҳангоми намоз гузоштан аз ниқобҳои тиббӣ истифода баранд. Бояд ҳар масҷид системаи ҳавотозакунӣ дошта бошад, ки гардиши ҳаво таъмин карда шавад. Зеро дар маконе, ки ҳаво иваз мешавад, эҳтимоли хуруҷи бемориҳои вирусӣ кам мегардад”, - таъкид намуд мақомдори Вазорати тандурустӣ.

1090
Барчаспҳо:
намоз, масҷид, Тоҷикистон
Две группы из Согда победили на международной олимпиаде роботехники

"Роботсозон" аз Суғд дар олимпиадаи байналмилалӣ "Шоҳҷоиза" гирифтанд

0
(Таҷдидшуда 18:03 26.01.2021)
Олимпиадаи байналмиллалии робототехникӣ WRO дар Тоҷикистон таи ду сол аст, ки бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Лигаи роботҳои шаҳри Душанбе ташкил ва баргузор мегардад

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Чанд "роботсоз"-и наврас аз вилояти Суғд дар олимпиадаи робототехникӣ ширкат варзидаву "Шоҳҷоиза" гирифтанд. Дар ин бора дафтари матбуоти вилояти Суғд хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, чанде пеш дар шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии олимпиадаи байналмилалии робототехникӣ WRO (World Robot Olimpiad) баргузор гардид.

"Дар қатори беш аз 10 даста аз шаҳри Душанбе дар даври ҷумҳуриявии озмун ду даста аз вилояти Суғд - дастаи маҳфили "Робототехникӣ" - и Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд ва Лигаи роботи шаҳри Хуҷанд низ иштирок намуданд", - менависад манбаъ.

Дар озмун дастаи Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд дар номинатсияи "Муҳандиси беҳтарини робототехникӣ"  ва дастаи Лигаи роботи шаҳри Хуҷанд дар номинатсияи "Амали беҳтарини дастаҷамъона" маҳорати баланд нишон дода, соҳиби Шоҳҷоиза гардиданд.

Ба ғолибон Диплом, туҳфаҳои хотиравӣ ва Сертификати иштирокчии даври ҷумҳуриявии озмун тақдим карда шуд.

Ихтироъи роботе, ки 5 ҳазор намуди ғизо мепазаду коса мешӯяд - видео

Олимпиадаи байналмиллалии робототехникӣ WRO дар Тоҷикистон таи ду сол аст, ки бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Лигаи роботҳои шаҳри Душанбе ташкил ва баргузор мегардад. Ҳадафи ташкили озмун рушди малакаи техникии насли наврас, дарёфти кӯдакони болаёқат ва ҷалби бештари кӯдакон ва наврасон ба ихтироъкориву навоварӣ мебошад.

Ғолибони даври ҷумҳуриявии озмун метавонанд дар озмуни байналмилалӣ ширкат варзанд.

0
Барчаспҳо:
озмун, робот, Суғд