Духтари тоҷик дар озмуни "Голос"-и шабакаи 1-и Русия доваронро тасхир кард-видео

© Sputnik / Стас ЭтвешКонцерт Иранского певца Andy в Москве
Концерт Иранского певца Andy в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Манижа Аминова, духтари тоҷиктабор аз вилояти Смоленск, ҳамроҳи Валерия Бизикина аз шаҳри Балашиха дар барномаи “Голос. Дети” доваронро тасхир карданд

ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Акбар Амин, ки хатмкардаи Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд асту феълан муқими Русия мебошад, дар саҳифаи фейсбукияш аз роҳёбии духтараш Манижа Аминова ва овозхони ҷавони дигар, Валерия Бизикина ба озмуни "Голос.Дети" хабар дод.

Манижа, ки доварони "Голос. Дети"-ро тасхир кард, кист? суҳбати падараш-видео 

Манижа ва Валерия гуфтанд, дар як консерт шинос шуданд ва тасмим гирифтанд, дуэт бихонанд ва бо тавсияи волидон дар барномаи “Голос.Дети” иштирок доранд.

Барномаи “Голос. Дети-7” дар шабакаи аввали телевизиони Русия 14 феврал оғоз гардида, рӯзи 21 феврал нашри дуюми барнома пешниҳоди тамошобинон шуд.

Манижа ва Валерия бо иҷрои суруди “Трава у дома”-и гуруҳи “Земляне” доваронро тасхир намуданд. Овозхонҳои ҷавон аз ду ҳунарманди шинохтаи Русия, Валерий Миладзе ва Баста, ки хостори гирифтани онҳо ба тими худ шуданд, Бастаро интихоб намуданд.

Манижа, ки феълан 14 сол дорад, ба иттилои расонаҳои Русия аз 8-моҳагӣ ба гапзанӣ оғоз карда, дар яксолагӣ аллакай шеърхонӣ мекардааст. Бештар рок ва ҷазро дӯст медорад ва то ҳол дар бисёри озмунҳо иштирок доштааст.

Лентаи хабарҳо
0