Чайхана Рохат, архивное фото

“Даврони сӯхтусоз”: Бори дигар дар бораи “Қасри президент” ва чойхонаи “Роҳат”

1030
(Таҷдидшуда 15:39 26.02.2020)
“Қасри президентӣ” – и собиқ ва “Роҳат” дар рӯйхати осори таърихиву фарҳангии Душанбе, пойтахти Тоҷикистон сабт нашудаанд. Мақомот мегӯянд, эҳтимол дорад он чӣ дар ин рӯйхат нест, аз миён бурда хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Шералӣ Хоҷаев, мудири шуъбаи ҳифзу истифодаи мероси таърихию фарҳангии вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба “Sputnik Тоҷикистон” гуфт, бинои қаблии “Қасри президент” ё дар замони Шӯравӣ маъруф ба “СеКа” ва чойхонаи “Роҳат” ба рӯйхати ёдгориҳои таърихиву фарҳангии шаҳри Душанбе шомил намешаванд.

“Барои ба рӯйхати ёдгориҳои бостонӣ, монументалӣ, меъмории ҷумҳурӣ шомил гардидани ин ё он мавзеъи шаҳру навоҳии кишвар мақомоти маҳаллӣ бояд ба Комиссияи экспертизаи бадеии вазорати фарҳанги Тоҷикистон санад пешниҳод кунанд. Ин комиссия, ки  аз коршиносону муҳаққиқони беҳтарин ташкил шудааст, ташхис мегузаронад ва хулосаи зарурӣ медиҳанд. То ба ҳол ҳамчунин санаде дар бораи “Қасри президентӣ” – и собиқ ва чойхонаи “Роҳат” аз мақомоти шаҳри Душанбе ба мо нарасидааст”, - гуфт Шералӣ Хоҷаев.

“Қасри президентӣ” – и собиқ ё “СеКа” – и маъруф дар замони шӯравӣ соли 1957 ва чойхонаи "Роҳат" соли 1956 сохта шудаанд. Ин ду бино, ки паҳлу ба паҳлу дар маркази Душанбе қомат афрохтаанд, на фақат ба меъморӣ, балки ба хотираҳои таърихии мардуми Тоҷикистон рабт мегиранд, чун яке агар ним аср маркази тасмимгириҳои сиёсӣ ва рамзи давлатдории шӯравии тоҷик буд, дигаре умдатарин меъморие ба шумор меомад, ки бо услуби милливу исломии хоси Самарқанду Бухоро сохта шудааст.

Чойхонаи “Роҳат” маркази нишасту дидорҳои зиёиёну адибони тоҷик дар замони Шӯравиву пас аз он буда, шуҳрати маъруфтарин тарабхонаи миллӣ дар замони Шӯравӣ дар пойтахти Тоҷикистонро низ камоӣ кардааст. Дар “Қасри президентӣ” – и собиқ ё “СеКа” раҳбарони Тоҷикистони Шӯравӣ кор кардаанд. Эмомалӣ Раҳмон, президенти кунунии Тоҷикистон низ қарорҳои аввалини худро дар утоқи кориаш аз ин бино содир кардааст.

Шояд ба ин хотир аст, ки вақте шаҳрдории Душанбе тахриби “Қасри президентӣ” – и собиқро таъйид кард, мавҷи эътирозҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба дунбол дошт. Аксарият бар инанд, ки ин бино боқӣ бимонад ва тахриб нашавад.

Аз сӯи дигар, Маҳмадсаид Зувайдзода, муовини аввали раиси шаҳри Душанбе, зимни нишасти матбуотии ахири шаҳрдорӣ бо таъкид бар вожаи “то ҳанӯз” гуфт, чойхонаи “Роҳат” то ҳанӯз дар тарҳ ворид нашудааст ва то ҳанӯз мавзӯъи аз миён бурданаш матраҳ нест.

“Инро ман дақиқ медонам. Ман шахсан дар тарҳи Кумитаи меъморӣ дидам, ки аз он ҷо то ҷое, ки мо нишастаем (бинои Маркази таҳқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон) меъмории шаҳр тағйир хоҳад кард”, - гуфт Зувайдзода.

Вақте вазорати фарҳанги Тоҷикистон далели аслии тахриби биноҳоро ба мавҷуд набудани онҳо дар феҳристи осори таърихию фарҳангӣ рабт медиҳад, аммо чӣ далеле мутахассисони соҳа, бавижа шаҳрдории Душанбе ва Кумитаи меъмориву сохтмон доранд?

Маҳмадсаид Зувайдзода мегӯяд, танҳо ҳадаф аз миёни бурдани ин ё он бино нест, балки татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе дар миён аст, ки то соли 2040 амалӣ мешавад.

“Инро ҳам ба назар гирем, ки мо кишвари кӯҳистонием ва ҳамагӣ 7% ҳамворӣ дорем. Мо бояд ҳар порча заминро ба ҳадди аҳсан истифода кунем. Аз ин хотир, дар маркази шаҳр даҳҳо биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, маъмурӣ, таълимӣ ва марказҳои муосири савдою хизматрасонӣ бунёд мекунем. Аксари биноҳое, ки ҳозир ҳастанд, садамавианд. Мо ҳатто бинои ҳукумати шаҳрро тахриб кардем, зеро инро Нақшаи генералӣ тақозо мекунад”, - гуфт муовини раиси шаҳри Душанбе.

Раҳбарияти Кумитаи меъмориву сохтмон ин ҳама сохту соз дар пойтахти Тоҷикистон ва дигар шаҳрҳои кишварро низ ба нақшаҳои кулле рабт медиҳанд, ки дар 62 шаҳру навоҳӣ дар ҳоли иҷроянд.

Ҷамшед Аҳмадзода, раиси ин Кумита дар нишасти матбуотии ниҳодаш гуфт, маълумот дар бораи ҷузъиёти Нақшаи генералӣ махфӣ аст. “Онро танҳо афроде дида метавонанд, ки иҷоза доранд”, - гуфт ӯ.

Аммо барои коршиносоне, ки мегӯянд, сохтмонҳо ва тағйири симои шаҳру навоҳии Тоҷикистон нишонаи рушду дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар аст, ин худдориҳои мақомот ҷои суол дорад. Яке аз онҳо, ки аз гуфтани номаш худдорӣ кард, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, марҳилаи сохтусозҳо хоси замони гузариш аст ва онро бояд як воқеияти бебаҳс бояд пазируфт.

“Ин замонест, ки сӯхтану сохтан дар канори ҳам баробар гом мебардоранд. Айёме дар ҷои “Қасри президентӣ” низ як биное буда, ки бо тақозои замон тахриб шуду ба ҷояш бинои нав қомат алам кард. Ҳоло ҳам ин бино бояд аз миён бурда шавад, зеро ин тақозои Нақшаи кулл аст. Агар аз осмон бингаред ё худи нақшаро бинед, дармеёбед, ки ин бино ба ин намо ҷӯр намеояд. Ин ҷо ангезаи сиёсӣ нест. Аҷобат надорад, агар ним аср пас набераҳои мо онро низ барафкананд ва дар ҷояш бинои дигареро ба табъи худ бисозанд”, - гуфт коршинос.

Аммо кадом осори таърихиву фарҳангӣ дар шаҳри Душанбе ҳоло осебпазир нестанд, ба ин маънӣ ки хавфи аз миён бурданашон нест? Вазорати фарҳанг ёдгориҳои пойтахти Тоҷикистонро ба таври зайл раддабандӣ мекунад:

БОСТОНӢ:

Қалъаи Мир (макон - Боғи Ирам);

Димнаи Шишихона (маҳаллаи 82);

Шаҳраки Чормағзтеппа (маҳаллаи Испечак-2);

Шаҳраки Искандартеппа (буриши кӯчаи М. Маҳмадалӣ бо Карин Манн);

МОНУМЕНТАЛӢ:

Маҷмааи Ваҳдати миллӣ бо муҷассамаи Исмоили Сомонӣ (хиёбони Рӯдакӣ);

Муҷассамаи Абуалӣ ибни Сино (хиёбони Сино);

муҷассамаҳои Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар Боғи ба номи Устод Рӯдакӣ, дар хиёбони Рӯдакӣ ва саҳни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон;

Маҷмааи меъморӣ - монументалии С. Айнӣ (дар майдони ба номи С. Айнӣ, назди Маркази савдои "Садбарг");

Муҷассамаи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ (Боғи ба номи Алишери Навоӣ);

Муҷассамаи Садриддин Айнӣ (Боғи фарҳангу фароғатии ба номи С. Айнӣ);

МЕЪМОРӢ:

"Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ";

"Кохи Наврӯз";

"Кохи Истиқлол";

"Кохи Сомон";

Китобхонаи миллии Тоҷикистон;

Осорхонаи миллии Тоҷикистон;

Нишони миллии Тоҷикистон;

Парчами миллии Тоҷикистон;

Қасри Миллат;

Бинои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Бинои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;

Бинои Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон...ва чанд бинои дигар.

Аз ин феҳрист бармеояд, ки бақия бинову мавзеъҳои Душанбе низ ба вақти худ аз миён бурда хоҳанд шуд. Шояд бархе дар чанд “бинои дигар”-е, ки феҳрист зикр мекунад, бинои собиқи “Қасри президентӣ” ва чойхонаи “Роҳат” – ро мехоҳанд бинанд ва на фақат дар шабакаҳои иҷтимоӣ?

1030
Барчаспҳо:
чойхонаи Роҳат, Душанбе, Тоҷикистон