Дар Душанбе ҷашнвораи "Оши палав" доир мегардад

© SputnikФестиваль-конкурс “Оши палав”
Фестиваль-конкурс “Оши палав” - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бо дастури Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, дар пойтахт Фестивали “Оши палав” доир мегардад, ки дар он ошпазони моҳир метавонанд ҳунари хешро нишон диҳанд

ДУШАНБЕ, 4 март — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии шаҳрдори пойтахт, қарори Рустами Эмомалӣ дар ин бора аз 2 март ба имзо расидааст.

В Музее Москвы прошел благотворительный фестиваль-конкурс восточных искусств Культ плова - Sputnik Тоҷикистон
Дар Маскав шаш дег ош пухтанд: лаҳзаҳо аз озмуни "Оши палав"

Ба иттилои манбаъ, ҷашнвораи мазкур бо мақсади тарғибу ташвиқи ҳунари ошпазӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва арҷгузорӣ ба мероси фарҳангии халқи тоҷик доир мегардад.

Ба иттилои манбаъ, баргузории ҷашнвора  дар доираи таҷлили “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” сурат хоҳад, гирифт.

Манбаъ мегӯяд, Рустами Эмомалӣ, ба муовино ва раисони навоҳии пойтахт дастур додааст то иҷрои саривақтии нақшаи чорабинии мазкурро таъмин намоянд.

Қарори баргузории ҷашнвораи "Оши палав" дар пойтахт дар ҳолест, ки соли гузашта дар пайи баргузории чунин маърака дар боғи Фирдавсии Душанбе бетартибиҳои зиёде сар зад, ки баҳсу баррасиҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овард. Он замон ошпазҳо барои нишон додани маҳорати хеш, деги яктоннагаро гузошта буданд.

Ёдовар мешавем, ҷашнвораи мазкур ҳамасола 14 март гузаронида шуда, он шуруъ аз соли 2018 таҷлил мешавад.

Лентаи хабарҳо
0