Нигина Амонқулова,

Нигинаи яхбаста дар оғӯши куҳҳои барфпӯш: нашри суруду намоҳанги нав-видео

431
(Таҷдидшуда 20:28 06.03.2020)
Нигина Амонқулова, овозхони шинохтаи тоҷик суруд ва намоҳанги ҷадидро нашр кардааст, ки аллакай даҳҳо шарҳи мусбат гирифтааст

ДУШАНБЕ, 6 мар – Sputnik. Студияи Qiam Entertainment намоҳанг ва суруди ҷадиди Нигина Амонқлова, зери унвони “Нафасбахши ҳавоям”-ро нашр намудааст. Оҳанги суруди ҷадид моли Даврони Раҳматзод ва матнаш маҳсули эҷоди Орзу Исо, рӯзноманигор ва шоири тоҷик мебошад.

Намоҳанг дар пасманзари куҳу ҷангали барфпӯш сабт шуда, Нигина дар бархе саҳнаҳояш яхбаста даруни ҷангалу дар қисмеи дигар бо либоси тунук дар оғуши куҳҳои барфӣ зуҳур мекунад.

Нашри намоҳанги ҷадид дар ҳолест, ки қаблан Нигина Амонқулова дар саҳифааш дар Instagram хабар дод, ки моҳи марти соли 2020 ба Исроил меравад. Нигина Амонқулова барои нахустин бор дар ду шаҳри Исроил моҳи равон ҳунарнамоӣ мекунад.

Гуфта мешавад, ки барномаи ҳунарии Нигина бо овози зинда сурат гирифта, ин консертҳояш бо ширкати ҳафт навозанда гузаронида мешавад. Ин ҳунарнамоии нахустини овозхони машҳури тоҷик дар Исроил мебошад.

431
Барчаспҳо:
фарҳанг, намоҳанг, барф, Тоҷикистон
Казы Бишкека, муфтий Садриддин Маджитов

Даргузашти қозии зодаи Тоҷикистон дар Бишкек дар синни 48-солагӣ

1181
(Таҷдидшуда 10:32 11.07.2020)
Садриддин Маҷидов, қозии шаҳри Бишкек ва яке аз руҳониёни шинохтаи Қирғизистон, ки зодаи ноҳияи Ёвони Тоҷикистон буд, даргузашт

ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Раёсати мусалмонони Қирғизистон аз даргузашти Садриддин Маҷидов, қозии шаҳри Бишкек хабар дода, муфтии кишвар Мақсад Токтомушев ба наздиконаш таслият гуфтааст.

Ба иттилои раёсати мусалмонҳои Қирғизистон, Маҷидов 22 июни соли 1972 дар деҳаи Қирғизободи ноҳияи Ёвони Тоҷикистон таваллуд шудааст.

“Ӯ хеле инсони бомасъулият, донишманд ва меҳрубон буд. Дар паҳнсозии арзишҳои аслии Ислом саҳми бузург гузошта, шогирдони зиёд тарбия кард”, - омадааст дар таслиятнома.

Манбаъ зикр кард, ки марҳум бемории қанд дошт, аммо дақиқ сабаби марг гуфта нашудааст.

Дар назар аст, ки Маҷидовро 11 июл дар ноҳияи Қадамҷой, деҳаи Орукзар ба хок супоранд.

1181
Барчаспҳо:
даргузашт, беморӣ, Қирғизистон
Давлат Худоназаров советский, таджикский кинодокументалист, политик и общественный деятель. Народный артист Таджикской ССР (1989)

Худоназаров филми офаридаи Далер Имомалиро арзёбӣ кард

386
(Таҷдидшуда 23:38 08.07.2020)
Сиёсатмадор, фаъоли ҷамъиятӣ ва коргардони барҷастаи тоҷик Давлат Худоназаров ширкати филми коргардон Далер Имомалиро дар Ҷашнвораи синамои мусалмонон дар Қазон арзёбӣ кард

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Филми нави ҳуҷҷатии коргардони ҷавони тоҷик Далер Имомалӣ "Кӯчаи умед - 612" ба 16-умин Ҷашнвораи байналмилалии синамои мусалмонӣ дар Қазон, даъват шуд.

Чунин таваҷҷӯҳ ба филми Далер Имомалӣ хабари хушоянд аст, гуфт сиёсатмадор, фаъоли ҷамъиятӣ ва коргардони барҷастаи тоҷик Давлат Худоназаров.

Ӯ ёдоварӣ кард, ки соли гузашта коргардони тоҷик аллакай як филми худро дар ин ҷашнвора ба намоиш гузошта буд.

Ба фикри Давлат Худоназаров филми Далери Имомалӣ бисёр унвони зебо ва ғайриоддӣ дорад - "Кӯчаи умед - 612". 

"Қаҳрамони филм Саъдулло Раҳимов - шахсияти илмӣ, намояндаи бузурги фарҳанги тоҷик. Ӯ фаъолияти касбияшро дар шӯъбаи философияи Академияи илмҳои Тоҷикистон оғоз карда буд. Баъдтар киношинос ва мунаққид шуд. Ҳамаи даҳсолаҳо ӯ дар мавқеъи худ устувор буд. Ба муносибати шахсӣ бо он ё ин коргардон нигоҳ намекарда, ӯ доим рост ва он чиро, ки эҳсос мекард, мегуфт ", - афзуд Худоназаров дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Ӯ қайд кард, ки корҳои Раҳимов ба беҳтар шудани сифати синамои "Тоҷикфилм" таъсири мусбат кард.

Худоназаров ҳамчунин баргузории 16-умин ҷашнвораи Қазонро воқеъаи хушоянд арзёбӣ карда, гуфт аз як тараф ин ҷашнвора ҳамаи синамогарони мусалмонро якҷо ҷамъ меорад ва аз сӯи дигар барои ҳамагон кушода аст.

Дар баробари ин Худоназаров ба ин аст, ки ҷашнвора метавонад миқёси худр бо филмҳои минтақавии Русия васеътар кунад.

Ба гуфти ӯ, филмҳо аз ҳар минтақа бозгукунандаи симои ҳар минтақа шуда барои ошноӣ бо онҳо заминаи хубе хоҳанд буд.

386
Барчаспҳо:
ҷашнвораи кино, Қазон
Молодая пара выясняет отношения, архивное фото

Давоми шаш моҳ дар Тоҷикистон 5486 оила вайрон шудааст

0
(Таҷдидшуда 10:26 13.07.2020)
Вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯяд, омори вайроншавии оилаҳо дар шашмоҳаи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта коҳиш ёфтааст.

ДУШАНБЕ, 13 июл – Sputnik. Саодатбибӣ Сироҷзода, сардори Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ Вазорати адлия гфт тайи шаш моҳи соли равон дар кишвар 5486 оила аз ҳам пошидааст.

Номбурда ин нуктаро имрӯз зимн нишасти хабарии вазорат иттилоъ дода гуфт, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 570 адад кам мебошад.

Ба иттилои манбаъ аз ин теъдод 3 974 оила бо қарори додгоҳҳои шаҳру навоҳӣ  ва бо аризаи якяҷоя 1490 оила аз ҳам чудо шудаанд.

Манбаъ мегӯяд,  дар пайи ин азҳампошии оилаҳо 5356 кӯдакон ба тарбияи яке аз волидон гузаштанд

Гуфта мешавад, камшавии оилавайроншавӣ танҳо тайи се моҳи охир ба назар мерасад.

Ёдовар мешавем,  бар асоси оморҳои расмӣ давоми як соли гузашта  12 ҳазору 482 оила аз ҳам пошидааст. Ин рақам дар қиёс ба ду соли гузашта 1 ҳазору 469 ҳолат зиёд будааст.

 

0