Наргиз продюсери нав ёфт ва аз Фадеев узр пурсид

© Sputnik / Евгения Новоженина / Гузариш ба медиабонкПевица Наргиз Закирова
Певица Наргиз Закирова - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Виктор Дробиш продюсери муваффақи рус акнун тими Наргизро роҳбаладӣ мекунад. Бо дархости ӯ Наргиз аз собиқ продюсери худ Максим Фадеев пӯзиш хостааст

ДУШАНБЕ, 12 мар - Sputnik. Пас аз моҷарои печидаи Максим Фадеев продюсери номии Русия ва Наргиз Закирова сарояндаи ӯзбектабор, ин мушкилӣ роҳи ҳалли худро пайдо кард. Наргиз ахиран аз собиқ продюсери худ Максим Фадеев узр пурсид ватими ӯро феълан як продюсери дигари ҳирфаӣ, Виктор Дробиш роҳбарӣ мекунад.

Наргиз дар ин бора дар сафҳаи худ дар Instagram  хабар дода, навореро ҷой додаст, ки бо продюсери феълии худ созишнома ба тасвиб расондаст.

"Имрӯз як воқеаи нави фаромӯшнашаванда дар ҳаёти ман рух дод. Ман ва продюсер Виктор Яковлевич Дробиш даст ба даст дода, тасмим гирифтем, ки ҳамроҳ эҷодиёти фавқуллодаро меофарем", - навиштааст Наргиз.

Зимнан, Дробиш низ зимни мусоҳиба бо шабакаи "Пятий канал" изҳор доштааст, ки "фикр мекунад, Наргиз аз лиҳози эҷодкор будан, одами ӯ аст".

Концерт певицы  Наргиз в Ереване - Sputnik Тоҷикистон
Максим Фадеев намегузорад Наргиз сурудҳояшро иҷро кунад
Гуфта мешавад, Виктор Дробиш қабл аз имзои созишномаи ҳамкорӣ бо Наргиз ба моҷарои ӯ ва собиқ продюсераш нуқта гузоштаст.

Ӯ худаш бо Максим Фадеев дар бораи тасмими гирифтаи худ ҳарф зада, муайян кардаст, ки ба Фадеев танҳо узрпурсии Наргиз лозим будасту бас.

Ёдовар мешавем, ки қаблан Фадеев ин сарояндаи ӯзбектаборро аз сароидани сурудҳои худ ва маркази продюсерии  MALFA маҳрум намуда буд.

Шароб, ҳақорат ва бесарусомонӣ: Наргиз бо ин шеваи консертдиҳӣ мухлисонашро дилсард кард

Наргиз дар хонаводаи мусиқачиёни машҳур дар Ӯзбекистон ба дунё омадааст. Нахустин бор ӯ дар синни чорсалагӣ рӯи саҳна баромадааст.

Соли 2013 ба даври ниҳоии тарҳи телевизионии "Голос" роҳ ёфта, аз моҳи апрели соли 2014 бо продюсери номӣ Максим Фадеев ҳамкорӣ кардааст.

Лентаи хабарҳо
0