Мақомдори Агентии зидди коррупсия ба фарҳангиён роҳи мубориза бо фасодро гуфт

© © Национальное информационное агенство ТаджикистанЗаместитель руководителя агентства по анализу антикоррупционных рисков и борьбе с коррупцией в Республики Таджикистан Шодом Турсунзода
Заместитель руководителя агентства по анализу антикоррупционных рисков и борьбе с коррупцией в Республики Таджикистан Шодом Турсунзода - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шодком Турсунзода, муовини сардори Сарраёсати муқовимат бо коррупсияи Тоҷикистон ба фарҳангиёни кишвар гуфтааст, барои огоҳии мардум аз оқибатҳои коррупсия барномаҳои театрӣ ва видеороликҳо бештар таҳия кунанд

ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Номбурда ин нуктаро зимни як ҷаласа бо раҳбарияти Вазорати фарҳанг ва муассисаҳои зерсохтори он изҳор доштааст.

Генерал-майор Сулаймон Султонзода, сардори Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон  - Sputnik Тоҷикистон
Агентии коррупсия фасодзадатарин ниҳодҳоро дар Тоҷикистон эълон кард

Бино ба иттилои дафтари матуботии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, Шодком Турсунзода иброз доштааст, ки аҳли фарҳанг барои баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум нисбат ба фасоду порагирӣ ва ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шудани инсон дар натиҷаи даст задан ба ин амал ҳиссаи арзанда гузошта метавонанд.

“Барои ин таҳияи намоишҳои театрӣ, нашри китобҳо ва дарҷи мавод дар рӯзномаву маҷаллаҳо воситаи хубе мебошанд. Номбурда таъкид кард, ки Вазорати фарҳанг минбаъд бояд ба таҳияи лавҳаҳои кӯтоҳи видеоӣ низ таваҷҷӯҳ намояд”,-афзудааст муовини сардори Сарраёсати муқовимат бо коррупсия.

Номбурда гуфтааст, барои ба вуҷуд овардани андешаву рафтор ва кирдори зиддикоррупсионӣ дар баробари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аҳли фарҳангу адаб, чун адибону шоирон, ноширон, рассомон, сенариянависон, коргардонҳои театру кино, оҳангсозон ва аҳли кормандони Вазорати фарҳанг нақши муҳим гузошта метавонанд.

Дафтари матбуотии вазорат мегӯяд, дар ҷаласаи мазкур Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон, Обид Назариён, муовини аввали вазир ва роҳбарону кормандони тамоми муассисаҳои зерсохтори Вазорати фарҳанг иштирок доштанд.

Лентаи хабарҳо
0