Узбекские школьники празднуют Навруз, архивное фото

Ӯзбекистон таҷлили Наврӯзро лағв накард

119
(Таҷдидшуда 19:09 13.03.2020)
Дар Ӯзбекистон ҷашни Наврӯзро дар боғҳо ва майдонҳои кушод бо барномаҳои ҳунарии диданӣ таҷлил мекунанд

ДУШАНБЕ, 13 март – Sputnik. Ҳукумати Ӯзбекистон ба далели таҳдиди коронавирус таҷлили оммавии ҷашни Наврӯзро лағв намекунад, хабар медиҳад хадамоти матбуотии ҳукумати кишвар.

"Ҳукумат қарор кард баргузории шанбегӣ ва ҷашни Наврӯзро лағв намекунад", - омадааст дар хабарнома.

Ҳамин тавр, Ӯзбекистон ҷашни Наврӯзро дар боғҳо ва майдонҳои кушод бо барномаҳои ҳунарӣ таҷлил мекунанд.

Дар ҳоли ҳозир омодагӣ барои мағозаҳои сайёр ва намоишҳо идома дорад.

Рӯзҳои 14-15 март, ба муносибати ҷашни Наврӯз дар Ӯзбекистон ҳашар баргузор мешавад.

Дар баробари ин, дар робита ба паҳн шудани коронавирус дар кишварҳои ҳамсоя, дар майдонҳои ҷашн санҷиши тиббӣ пурзӯр карда мешавад.

Ёдрас мешавем, ки пештар ҳукуматҳои Қазоқистон ва Қирғизистон дар робита ба таҳдиди коронавирус таҷлили оммавии ҷашни Наврӯзро лағв карданд.

Дар Тоҷикистон низ қисман баргузории барномаҳои оммавӣ лағв шуданд.

Авохири моҳи декабр мақомоти Чин аз бурузи маризии илтиҳоби шуш бо нишонаҳои номаълум дар шаҳри Вуҳан хабар доданд.

Сипас муайян шуд, ки барангезандаи ин маризӣ коронавирус - 2019-nCoV мебошад. Нахустин мубталоёни ин вируси навро дар шаҳри Вуҳани Чин пайдо карданд. 

Вирус зуд берун аз шаҳр ва кишвар паҳн гардид.

Феълан гирифторони короноврус дар беш аз 106 давлати дунё ба қайд гирифта шудаанд.

119
Барчаспҳо:
таҷлил, Наврӯз, Ӯзбекистон