Эмомалӣ Раҳмон барои таҷлили Наврӯз ба Хуҷанд меравад

© Пресс-служба президента ТаджикистанаНаврузовский карнавал в Нуреке, выступление Эмомали Рахмона
Наврузовский карнавал в Нуреке, выступление Эмомали Рахмона - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Наврӯзи имсола  22-юми март дар варзишгоҳи “20-солаги Истиқлолияти Тоҷикистн” дар шаҳри Хуҷанд доир мегардад

ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҷашни Наврӯзи сатҳи ҷумҳуриявӣ, ки имсол дар Хуҷанд доир мегардад, ширкат меварзад.

Наврӯз: пешвози Соли нав - Sputnik Тоҷикистон
Наврӯз 2020: таърих ва анъанаҳои ҷашни қадимӣ

Дар ин бора аз ҳукумати вилояти Суғд ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон хабар додаанд.

Гуфта мешавад, наврӯзи имсола  22-юми март дар варзишгоҳи “20-солаги Истиқлолияти Тоҷикистн” дар шаҳри Хуҷанд доир мегардад.

Ҳамчунни барои ширкат дар ин ҷашн дар Хуҷанд роҳбарони ҳамаи намояндагиҳои дипломатии муқими Душанбе  ва аҳли зиёву аҳолӣ даъват карда шудаанд.
Қайд шудааст, дар ҷашнвораҳо, ки дар варзишгоҳи Хуҷанд доир мегардад аз ҳафт то 12 ҳазор нафар - асосан донишҷӯён ва хонандагони синфҳои болоӣ ширкат меварзанд.

Дар Душанбе низ ба ифтихори Наврӯз мусобиқаҳои аспдавонӣ ва мусобиқаҳои варзишии миллӣ, аз қабаили гуштингирӣ доир мегардад.

Таҷлили ҷашни асосии Тоҷикистон бояд аз 20 то 26 март дар Хуҷанд баргузор мешуд, аммо баргузории он аз сабаби паҳншавии коронавирус дар кишварҳо зери суол рафта буд.

Дар кишварҳои ҳамсоя баргузории ҷашнҳои наврӯзӣ аз ҷумла дар Ӯзбекистон бинобар сабаби паҳншавии коронавирус лағв карда шуд.

Лентаи хабарҳо
0